Бахшҳо

Хомӯшӣ: Эрон нишон дод, ки Кабириро ҷинояткор эътироф намекунад

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

ХУД ҒАЛАТ БУД, ОН Чӣ МЕПИНДОШТЕМ… Ин мисраи дуввуми як байти пурмаънои Ҳофизи бузургвор аст, ки ба ҳайси сарлавҳаи ин навишта пазируфтем. Мисраи аввал чунин аст: «Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем…» Агар ҳарду мисраъро паҳлӯи ҳам бигзорем, маъние даст медиҳад, ки хеле омӯзанда аст: дар дӯстиву бародарӣ дилҳову ниятҳо ва иродаҳоро пок доштан беҳтарин фазилат аст, ки аҷри зиёде дорад. Пешрафти дӯстро пешрафти хеш пиндоштан ва дар рафъи мушкили дӯст саҳм гирифтан ойини деринаи тамаддуни форсии тоҷикист. Аммо мушкил ин аст, ки дар ин дунёи ҳар замон тағйирёбанда ва хеле ҳассос баъзан дӯстон фаъолиятҳое зоҳир мекунанд, ки ҳатто душманони умумиро ба ҳайрат мегузоранд. Дӯстӣ якрӯӣ ва поктинатиро мепазирад ва дар муқобилаш мунофиқӣ ва дурӯӣ қарор дорад, ҳамон гунае, ки бад дар муқобили нек ва зулмот дар муқобили рӯшноист.

Ин муқаддима беҳадаф нест ва матлаберо дар пай дорад, ки он ҷомеаи Тоҷикистонро хеле дар ҳоли ногувор қарор додааст. Таҳаммули ин андеша хеле гарон аст, чунки ақидаҳо ва мавқеъҳои солҳо озмудашударо ба якборагӣ шикаст. Сухан сари ин аст, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон конфронси 29-уми ваҳдати исломӣ таҳти мавзӯи «Буҳронҳои феълӣ дар ҷаҳони ислом» баргузор шуд ва меҳмонони зиёде аз кишварҳои гуногуни исломиро гирди ҳам овард. Аз Тоҷикистон низ якчанд нафар аз раҳбарияти Маркази исломии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милли назди Ҳукумати ҶТ даъват шуда буданд. Ба ин ҳамоиш, ки ҳадафҳои неки рафъи буҳронҳоро дар дунёи ислом мавриди баррасӣ қарор дошт, шахсиятҳое низ даъватӣ буданд, ки суханҳояшон аз кирдорашон фарсахҳо дурӣ дошт.

Яке аз ин шахсиятҳо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби экстремистиву террористӣ ва дар Тоҷикистон мамнуъ эълоншудаи наҳзати исломӣ низ буд. Ҳамон шахсияте, ки назди миллату давлати Тоҷикистон ҷурму ҷиноёти зиёде дорад ва тибқи дархости ҷониби Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ва ин ҷурму ҷиноёти ҷаноби Кабирӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар робита бо ошӯби Абдуҳалим Назарзода, ки мехост сулҳу суботро аз миён бурда, табаддулот бикунад, комилан исбот шудааст. Муҳиддин Кабирӣ бо он иттиҳомоте, ки нисбати ӯ эълон шудааст, ҳамчун ҷинояткори воқеӣ шинохта шудааст ва табиист, ки ҷинояткор бояд назди қонунҳои кишвари Тоҷикистон бояд ҷавоб бигӯяд. Ростӣ, дар миёни меҳмонон ва даъватшудагони ин форуми хеле пураҳамият иштирок доштани Кабирӣ ва сухан кардани ӯ аз минбари анҷуман ба ақли солим намеғунҷад.

Масъулини ин анҷуман ва зиёда аз ин, Ҳукумати Эрон коре карданд, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек дуруст намеояд. Шарти адаб ва дӯстӣ миёни ду кас ҳамин аст, ки дӯсти ӯро дӯст ва душманашро душман шуморанд. Ҳамин шарт дар муносиботи давлатҳо низ ҷорист. Байни Тоҷикистону Эрон аз оғози истиқлолияти Тоҷикистон муносибатҳо хеле боэҳтиромона ва барои ҳарду кишвар судманд ҷараён доштанд ва ин муносибатҳо назокате низ доштанд: мо ҳамеша мегӯему мепиндорем, ки як сарзамини таърихӣ, фарҳанги муштарак ва як дини умумӣ бо номи ислом дорем. Ҳофизу Саъдӣ ва Фирдавсии бузургворро аҷдоди умумии хеш мепиндорем…

То ба дирӯз тамоми дастгоҳҳои таблиғотии кишвари мо мардумро талқин менамуданд, ки дар таъсиси ҳизби Наҳзат Эрон нақше надорад, инкор мекардем, ки Эрон дастгири ин ҳизб аст, ҳеҷ амале зидди сулҳу суботи Тоҷикистон намекунад. Мухолифони ваҳдат ва осудагии кишвари моро намепазирад. Аммо ҳузури хоини миллату давлати Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар ин ҷамъомади бонуфуз тамоми андеша ва интизориҳои моро аз кишвари Эрон ба боди фано дод.

Аҷаб аст, ки Кабирӣ дар Тоҷикистон хоин ва ҷинояткор эътироф шаваду дар Эрон меҳмони олиқадр ва садри маҷлис бошад... Ин сиёсат комилан зидди манофеи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр аст. Дастгирии Кабирӣ аз ҷониби Эрон маънои дастгирии душманони кишвари моро дорад. Бо ин гуна кори сиёсат як маънӣ ба ҷомеаи байналмилалӣ ошкор гардид: бо дастгирӣ ва пуштибонии Кабирӣ ҷониби Эрон ҳушдор дод, ки ӯро ҳамчун ҷинояткор эътироф намекунад, яъне Кабирӣ барои онҳо ҷинояткор нест. Ин амал маънои инкор намудани ҳукми мақомоти суди Тоҷикистонро дорад. Чунин амалкарди Эрон боз ҳам суханони Ҳофизро ба ёд меоранд, ки фармуда: Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем, Худ ғалат буд, он чӣ мепиндоштем…
Мӯҳр
Хар касе, ки аз сиёсати Точикистон бохабар бошад, Кабириро чинояткор хисоб намекунад!

мухочир
кабири хеч вакт чинояткор набуду нест

Тахлилгар
Хомушов ту бехтараш хомуш бош! Аз Худо битарс ки рузе забон баста хохад шуд ва дигар узвхоят ба забон даромада хамаи ин гуфтахоятро такзиб мекунанд!

Ситора
Худованд нигохбонат бошад устод Мухидин Кабири

Султон
Ассалом Домуло Хомуши, ман шумор хамчун як олим ва дилсуз дар ватан мепиндорам
як чиз ро ман шунидаам ки хамин Эрон дар конуни асосии худ як модда дорад манияш ин аст ки ин кишвар аз хамаи харакатхои исоми химоят мекунад ва бар зидди кишвархои мусъмира ва Диктотури мубориза мебарад

Ки холо чинояти Кабириро аник кард. Чунин шахсият мисли Кабири чинояткор шуда наметавонад. У шахси ботамкину боинсоф мебошад. Рузе мешавад, ки боз дигархел мегуед.

Пурдил
Хомуши хомуш буданат сад танга тило буд! Ба хайси як нафари даъвои мусалмони дошта кори худатро кун! Аз Худо битарс ту на судиву на тафтишот, ки хукм барори!!!!

ҳами депутатой тоҷикистон изо намекашидаги бошан ай ҳами корҳой дуруғини худашон

Бародари азиз,вакте мо сафедро бо чашм дидем,дигар бо сафедро сиёх гуфтан,моро бовар кунонида наметавонед. .....Fофиле нестам зи кори чахон...

gap nestay ozodagon obrui ozodiram burdagiyen

Халим
Хазрати Хомушӣ кош хомуш мебудиву ҳарфе намезадӣ. Пистаи бемағз чун лаб во кунад, расво шавад. Ҳарфҳое, ки аз забонат мебароянд оё гушҳоят мешунаванд?.

ГАПЗАН
Хомуши, бехтараш, ки ту ХОМУШ шини. Саводи казои надоштаи! Боре дар сухбати радиои "Имруз" аз ту пурсиданд, ки барои 3 талоки шавхар ба зан шохид зарур аст ё не? Гуфти, ки "ха, мувофики шариати ислом ва мазхаби Ханафия шохид зарур аст", лекин ба суоли он ки агар мард занашро дар чойгахи хоб, ки он чо ягон шохид буда наметавонад, 3 талок дихад-чи? Талокаш чоиз мешавад ё не?" хомуш нишасти ва "китобро дидан даркор" гуфти, ягон чавоб дода натавонисти, дар сурате ки ту "олими" ислом хасти ва бояд бе тарсу харос ва дудилаги чавоб медоди! Ин дар холест, ки кудак хам медонад, ки барои 3 талок гуфтан шохид даркор нест. Агар мард НИЯТИ 3 талок дар дил дошта бошад ва инро рушод ба занаш нагуяд хам 3 талок мешавад. Кучо расад ба он ки онро ба забон биёрад! Аз руи гуфтаи шумо агар мард занашро се талок дихаду шохид надошта бошад, талокаш чоиз нест? Пас, ВОЙ бар холи ислом бо ин гуна "ОЛИМОНАШ"-еееееееееееееее


чаноби Хомуши хомуш буданатон бехтар то сафсата гутана!

Шахрванд
Кабири хеч гох чинояткор набуд ва намешавад.

2016
"Шарти адаб ва дӯстӣ миёни ду кас ҳамин аст, ки дӯсти ӯро дӯст ва душманашро душман шуморанд. Ҳамин шарт дар муносиботи давлатҳо низ ҷорист."
Савол: Оё Ҳукумати Тоҷикистон душманҳои Ҷумҳурии Исломии Иронро душман мешуморад?!
Ин назар бисёр назари ақабафтода дар сиёсати байналмилал аст... Шарти аслӣ дар муносибатҳои кишварҳо - манофеъи миллии ду тараф аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)