Бахшҳо
06 янв 2016 10:24Тоҷикистон / Сиёсат

Эътирози уламои тоҷик алайҳи Эрон ва посухи Кабирӣ: Аврупо ҳам маро даъват кард...

Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар эътироз ба иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Теҳрон таъкид намудааст, ки чунин иқдом метавонанд боиси эҷод гардидани нобоварӣ миёни ду давлати бо ҳам дӯст гарданд.

Раёсат ва кормандони донишкадаи исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот таъкид намудааст, ки “имрӯз бояд Ҷумҳурии исломии Эрон мавқеи худро нисбат ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари мо мушахас намояд, то сӯи тафоҳум дар байни мардуми дӯсту ҳамзабон ба миён наояд ва ҳамкории мардум дар фазои дӯстию бародарӣ, амнияту осудаҳолӣ ва бо муҳабату якдигарфаҳмӣ дар ҳама ҷанбаҳои ҳаётӣ ва дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, диниву фарҳангӣ ва ғайра ҷараён дошта бошад”.

Омӯзгорони Ислом дар Тоҷикистон бори дигар таъкид караанд, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад: “Дар замони муосир муассисони аҳзобу ҷараёнҳои ба ном исломӣ комилан бо номи дину диндорӣ аз минбарҳо баромад намуда, худро ворисони ҳақиқии дини мубини Ислом мепиндоранд ва даъво мекунанд, ки аҳли дину диёнат буда, ҷуз онҳо касе вориси аслӣ намебошад. Онҳо мардумро бо таълимоти авомфиребона, шиорҳои зоҳирфиреб, ҳилаву макри ошкору пинҳон, ваъдаҳои шоҳонаи дарунхолӣ саргарм намуда, дини мубини Исломро ҷомаи сиёсӣ пӯшонидан мехоҳанд.”

Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо супоридани нота ба сафири Эрон дар Душанбе аз даъвати Кабирӣ ба Теҳрон эътироз намуд.

Худи Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо сомонаи Sunnionline, пойгоҳи хабарии аҳли суннати Эрон, вокуниши мақомоти тоҷикро бачагона ва тааҷҷубовар хондааст: «Хеле ҷойи таъаҷҷуб аст, ки Вазорати хориҷаиТоҷикистон расман сафири Эронро эҳзор карда ва нутқи эътирозиашро ба хотири ширкати мо дар ин конфронс, ба вай иблоғ кардааст. Бисёр кори баччагона аст. Ман дар донишгоҳҳои урупоӣ суханронӣ мекунам, моҳи оянда дар ду донишгоҳи урупоӣ суханронӣ дорам. Мақомоти кишвар ҷасорат надоранд нутқи эътирозӣ ба он кишварҳо бифиристанд, вале чун медонанд, ки Эрон кишваре исломӣ ва форсизабон аст, ҷуръат пайдо карданд, ки эътироз бикунанд».

Ин дар ҳолест, ки қаблан гуруҳи ҷавонони тоҷик бо баргузории ҳамоишҳо дар назди сафоратхонаҳои Олмону Амрико истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Абдумалик Абдуллоҷонв, собиқ сарвазир ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҷунбиши “Ватандор”-ро талаб намуданд.
Мӯҳр
Муҳидин Кабири худо нигаҳбонат

ali
назорат боят чидди шавад

Саидчон аз Ёкутистон
Офарин чаноби Кабири!!!

Ин Кабири коре мекунад, ки муносибатхои Точикистонро бо хамаи шарикхои сиёсии он бад мекунад. пайи кадами нек надорад ин Кабири.Кучое пои ин шахс расад дар он чо хатман балвое мехезад.Ба Эрон рафт муносибати Точикистону Эрон, Эрону Арабистон дархол муташшанич гашт

Одаме, ки дилу нияти пок надорад, баъде ки худаш овораю саргардон аст, мехохад ба чамъияту давлат боз хам зиёни бисёртар расонад. Кабириро низ "сохибон"-и гарбию шаркияш дар майдони сиёси мисли туби футбол ба ин тарафу он тараф шаттакори мекунанд. Бо дасти ин шахси сиёхкор мехоханд муносибати байни давлатхоро ба хам зананд

Мисли каждуми таги бурё амал мекунад Кабири. Точикистонро хост ноором созад кораш барор нагирифт. Якуниммиллион доллари "сохибон"-ашро ба бод дод. Акнун аз дигар тараф сар кард. Мехохад ба муносибатхои ду давлати кадима, ки дар тули асрхо баркарор ва пойдор шудаанд, зарба занад. Иншооллох дар ин чо низ ба максад намерасад.

Кабири Тоикистонро бори дуюм баъди соли 1992 мехост огуштаи хун кунад, нашуд. Худаш гурехт хаммаслаконашро ба вартаи халокат тела дод, худаш гурехт аз падари пир ва бародарону наздиконаш андешае накард. Вайхоро ба холи худашон гузошт. Шахсе, ки падару модар бародар ва ёру рафиконашро курбони манфиатхои худ мекунад хеч гох гамхори миллату ватан будан намехохад. Акнун як кори дигари "хайр" мекунад муносиботи Точикистону Эронро вайрон месозаду бо хамин халос. Шояд чони худаш хам ором гирад.

сино
Шамшер,
Ин суханҳоро ҳатто кудакҳо шунидан намехоҳанд.Бас кунед ҳамаро шарманда кардед.

Озодагон ту авалаш чоп накун чоп мекуни нисфи суханонро набур аблаҳ куҷост демократия

БА ШАМШЕР!ту хушомадгуи лагандбардори дарбор!ин афсонахоятро ба худатбаринхо гу.Ту ба як нохуни Кабири намеарзи....

субхон
Устод Кабири офарин мо бо шумоем худованд нигахбони шумо.

Зеро хар олиме ки золимонро тарафдори кунад Худованд хамон золимонро ба мукобили ӯ мешуронад. Кабири золимонро тарафдори кард ба ин руз гирифтор шуд

ШАХРВАНД
Ин савсатахои чаноби Шамшерро дар ягон колаб чой карда намешавад. Шамшер ту магар намебина ки Точикистон сар то по дуруг ва боз хам дуруг аст. Чи ин кадар мардума аз соли 92 метарсони. Ман як чиза кайд мекунам агар хамин беадолати, порахури, камбагали, тухматкуни ва игвогари давом кунад Точикистон аз соли 92 хам баттар мешавад. Интихоботхое такаллубие ки Хукумати кунуни дуруст мекунад чи фикр карди ки дигар давлатхо аз ин хабар надоранд!!! Бисер дар чашми мардум хок напош. Кабири умуман гунох НАДОРАД. ХНИТ дар ягон кишвари дунё гайр аз Точикистон маън нашудааст мефахми МАЪН НАШУДААСТ. Дар дунё зиёда аз 200 давлат вучуд дорад. ХНИТ дар
199 давлвти дунё маън нашудаст. Акнун хулосаатро барор.

Сафоратхонаи Эронро Махкамкнен.Пас Бо Душмани мо Дусти Меварзад Пас Душмани Мо Хаст.Назоратро Сахт Ниго Дорен.Эрон Дар Чахон Бамеди Кудрат Аз Ислом Дуршидай.Эрону Арабхои Хозира.Аз Пушти Кудрат хастан.Аз Ислом Дуршидагиян.Эхтиетбошен

Dev
Шамшер,
Safsata nahon!!!Metoni chizi nav guj agar ne in afsonahoro karib harruz mehonemu meshunavem!

Кабири ин хоини миллат ва ватанфуруш мебошад.

Аз аввал маълум буд, ки хочагони хоричии Кабири ин давлати Эрон буд. Кабири бо рафтораш худро дар назди хочагонаш сафед карданист, чунки у аз Эрон милион долархоро гирифта супоришро ичро карда натавонист. Лаънат ба ин ватанфуруш.

Дини ислом ба хизб ниёз надорад. Ин Мухидин Кабири бо воситаи дини мубини ислом хост, ки ба сари кудрат ояд, вале ба максадаш нарасид. Дини ислом ба хизб ниёз надорад ва мо мардуми точик М.Кабириро хамчун хоини миллат ва ватанфуруш мешиносем.

Давлати Эрон шиа мазхаб аст. Эрон аз М.Кабири пуштибони мекунад. Пас маълум мешавад, ки М.Кабири низ шиа мазхаб аст.

Кабири бехтараш лагандбардориро монда ба ватан баргашта хизмати падари пиратро кун. Чи эронию аврупоиро мебардори магар бехтарин савоб ин хизмати падару модар нест, ки дар китоби Куръони Мукаддас гуфта шудааст. Боз худро ин кадар мусулмони хакики мешумори.

Ман ба мардуми точик мегуям, ки бозичаи дасти эронихо нашавед, ки онхо максади шиа мазхаб кардани тамоми мусулмонони руйи оламро доранд. Эрон максад дошт, ки Мухидин Кабириро ба сари кудрат орад, вале натавонист. Ман худ шохид будам, ки аз Эрон ба М.Кабири чанд миллион доллар маблаг фиристода буданд.

Кабири мисли Умари Кувватов харом мемурад ва баъд мефахмад, ки хизб чист. Кабири ин хамаи корхояшро ба хотири ичрои хочагони эронихояш карда истодааст, чунки чавоби маблагхои гирифтаашро баргардонад.

Мухиддин Кабири бар зами хиёнатхои кардааш боз шарм надошта эътирозхои Точикистонро бачагона хондааст. Ту худ якбор гузаштагонатро пеши рут биёр ки онхо ки буданд. Бобоят Кабир ва падарат Тилло як хаёт дар совхози "Октябр"-и Файзобод ба хайси колхочи кор карданд ва нафака баромаданд. Ту боши худатро сиёсатмадору олим нишон дода дар назди хочагони хоричиат Точикистонро бадном карда гаштаи.

Хар вакте, ки адр интернет баромади Кабириро мехонам ба хотирам падари пираш, ки дар наворе гиря мекард ва хохиш мекард, ки писарам баргард ба ватанад. Эй лаънат ба ин хел фарзанд, ки дар пири ба чойи асои падар шудан аз ватан бадарга шави. Куфр ба ин фарзанд, лаъин...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)