Бахшҳо
07 янв 2016 15:38Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷигар - дили дуввуми одамӣ

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино

Ҷигар яке аз узвҳои муҳим ба шумор меравад ва ба хотири аҳамияте, ки дар организми одам дорад, онро дили дуввуми одамӣ меноманд. Аммо ин узви бисёр муҳим метавонад гирифтори бемориҳои зиёд гардад. Гепаталогия ба омӯзиши ҷигар ва роҳҳои талхагузари организми одам сару кор дорад. Ин соҳаи тибб маҳз ҳамин бемориҳоро ташхис ва табобат мекунад. Инчунин бемориҳои роҳҳои талхагузар, ки ба фаъолияти ҷигар алолоқаи зич доранд, мавриди омӯзиши он қарор мегиранд. Ҷигар ва роҳҳои талхадон метавонанд гирифтори бемориҳои зиёд гарданд ва бештар одамоне, ки дар вояи хӯрокии ҳаррӯзаи худ ба ифрот роҳ медиҳанд, хатари гирифтор шудан ба бемории ҷигарро доранд. Аломатҳои бемории ҷигар низ гуногунанд, аммо мутахассисон асосан дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, варамии шикам ва талхӣ дар даҳонро ба халалдор гардидани кори ҷигар нисбат медиҳанд. Инчунин ҳангоми бемории ҷигар суст гардидани фаъолияти ҷисмонӣ, зудмондашавӣ ва рӯҳафтодагӣ мушоҳида мегарданд.

Ташхиси бемориҳои ҷигар чанд марҳаларо дар бар мегирад. Пеш аз ҳама барои гузоштани ташхиси дуруст, мутахассис бояд беморро муоина кунад. Ҳангоми ин муоинаи аввалин мутахассис гепатолог ҳаҷми ҷигар ва испурч ва инчунин мавҷудияти моеъро дар маҳватаи шиками бемор муаян мекунад. Марҳилаи дуввум таҳқиқотҳои омӯзишгоҳӣ ба шумор мераванд. Пеш аз ҳама ташхиси умумии хуни бемор гузаронида мешавад. Ҳангоми ҷараёни илтиҳобӣ дар организм, шумораи лейкатситҳо дар хун афзоиш меёбанд ва дар баъзе бемориҳои ҷигар инчунин камхуни низ ба назар мерасад. Марҳилаи баъди таҳлили биохимии хун барои муаян кардани сафедаҳо ва холестирин ба шумор меравад. Барои ташхиси диқиқтар аз васоили таҷҳизоти кор мегиранд. Масалан ташхси ултрасадоӣ ба хубӣ таъғиротҳои таркибии ҷигарро муаян мекунад. Ташхиси рентгологии узвҳои системаи паси сифок низ барои муаян намудани бемориҳои ҷигар бисёр муфид қарор мегирад. Усули дигари ташхиси муваффақи бемориҳои ҷигар, томография компютерӣ ба шумор меравад. Ташхиси лапороскопӣ низ имрӯз дар тибби муосир мавриди истифодаи васеъи табибон қарор гирифтааст.

Табобати бемориҳои ҷигар, мисли дигар бемриҳо бо усули консервативӣ ва усули ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Одатан ҳамаи бемориҳои ҷигар дар табобати худ рӯйкарди системӣ ва маҷмӯиро тақозо мекунанд. Ҳангоми табобати консервативӣ пизишкон гепатологҳо аз васоили доругие истифода мекунанд, ки дар ҳуҷайраҳои ҷигар ҷараёни мубодилаи моддаҳоро беҳтар мегардонанд ва кори роҳҳои талхадонро барқарор месозанд. Дар амалиётҳои ҷарроҳи низ имрӯз усули инвазивии (камҷароҳат) лапароскопӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Ин ҷарроҳиҳо бо истифода аз лопароскоп ва ултрасадо амалӣ мешаванд.

Дар Бемористони Ибни Сино дар назди бахши гастроэнтерологӣ, шӯъбаи гепаталогӣ амал мекунад , ки ба ташхис ва табобати бемориҳои гуногуни ҷигар тахассус дода шудааст. Мутахассисони шӯъба, бо истифода аз таҷҳизоти замонавии бемористон аксари бемориҳои ҷигарро бо муваффақият ташхис ва табобат мекунанд. Барои танзими нархҳои хизматрасонӣ дар бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" амал мекунад. Истифода аз барномаҳои ин ташкилот хароҷоти шуморо ба маротиб кам мекунад.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640-01-02, (44) 640-01–03 муроҷиат кунед.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)