Бахшҳо

Сеяки адвокатҳо аз имтиҳон нагузаштаанд. Вазир санҷишро мунсифона хонд

Беш аз 20 адвокати тоҷик аз имтиҳони Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки аз аввали моҳи декабри соли 2015 оғоз гардида буд, нагузаштанд ва аз ҳаққи вакилӣ маҳрум шудаанд.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба ҳолати якуми январи соли равон тақрибан 57 адвокат аз имтиҳон гузаштанд ва атрофи 20-25 тани дигар нагузаштанд.

Ахиран Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳо, ки аз санҷиши Комиссияи тахассусии Вазорати адлия нагузашт, иброз дошта буд, ки гуруҳи манфиатдоре бо ин роҳ ӯро аз мақоми раиси Иттифоқи адвокатҳо канор гузоштаниянд. Дар пайи баргузории санҷиши адвокатҳо сару садое низ паҳн шуд, ки гуиё вақти имтиҳон ба адвокатҳо суолҳои берун аз фаъолияти онҳо ба мисли Рӯдакӣ кай ба дунё омадааст ва ё аввалин бор кай ба Тоҷикистон қатор омадааст, дода мешавад.

Аммо вазири адлия ин иддаоро рад намуда, гуфт, овозаҳо асос надоранд ва тартиби қабули имтиҳон дуруст роҳандозӣ шудааст: “Марҳамат ман даъват мекунам дар имтиҳонҳо ширкат намуда, худатон бинед, тартиби қабули имтиҳон дуруст аст”.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 4 ноябри соли 2015 тағйиру иловаҳоро ба қонун дар бораи адвокатҳо қабул кард, ки тибқи он вакилони дифоъ пеш аз оғози фаъолият аз санҷиши Комиссияи махсуси Вазорати адлия мегузаранд. Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфта буд, ки коммиссияи санҷиши адвокатҳо аз мутахассисони вазорати адлия, Донишгоҳи миллӣ ва Иттиҳоди адвокатҳо иборат хоҳад буд: “Адвокатҳо дар 5 сол 1 бор аз аттестатсия гузаронда мешаванд ва тартиби аттестатсияро худи адвокатҳо муайян мекунанд”. Вазири адлия ҳадафи ин навгониро беҳтар кардани хизматрасонии адвокатҳо гуфта, илова намуд, афроде, ки забони давлатиро намедонанд, доғи судӣ доранд ва аз шаҳрвандии Тоҷикистон баромадаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат кор кунанд: “Инчунин онҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура кор кардаанду савганди касбиро вайрон кардаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат фаъолият кунанд”.
Мӯҳр
Вазир рост гуптен!!!!! Адвокатхо бояд аз руи конун на, бо такозои замон бояд фаьолият кунен ~да !!!???

махмуди ашурмухаммад
Ман бовар дорам, ки аз он "имтихон"Файзинисо Вохидова нмегузарад

аммо ягон кашола сарбаландона мегузарад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)