Бахшҳо
18 янв 2016 10:19Тоҷикистон / Сиёсат

Вақте генерал масҷид месозад...

Пас аз салому алейк Хӯҷа гуфт, ки ман аз Қӯрғонтеппа барои куштани шумо омадам. Маро фалон мансабдорон фармуданд, ки депутат Абдулло Ҳабибовро бардоштан даркор...


Охири моҳи декабри соли 2015 дар Суди шаҳрии Душанбе мурофиаи шаҳрвандие мерафт. Дар курсии айбдорӣ генерал Абдулло Ҳабибов ва се нафар масабдорон буданд.

Айб ё ҷинояти Ҳабибов мувофиқи таъиноти маҷлиси судӣ аз 30 декабри с 2015 ин будааст: “Баҳри амалӣ кардани мақсади ҷиноияш тахминан моҳи сентябри соли 2013 дидаю дониста, ба сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолкардааш оғоз намуд ва он то моҳи майи 2015 давом ёфт. “
Вақте ин сатрҳоро мехонед, албатта, бовар мекунед, ки воқеан ҳам Абдулло Ҳабибов заминеро ғайриқонунӣ забт карда, дар он сохтмон кардааст. Дар ҳақиқат, ҳамин тавр шуда, генерале, ки тамоми умри худ бо мағзу ҷон дар хидмати Ватан буду риояи қонунро чун яке аз рукнҳои асосии фаъолият худ меҳисобиду меҳисобад, метавонист тирамоҳи соли 2013 қитъаи заминро ғайриқонунӣ забт кунад?
Барои ба ин суол посух гуфтан пеш аз ҳама ба ду ҳуҷҷат, ки байнашон қариб 24 сол фарқ асту ба фаъолияти генерал Ҳабибов бевосита иртибот доранд, таваҷҷуҳ мекунем.

Ҳуҷҷати якум
Иқтибос аз мактуби расмии Солеҳҷон Ҷӯраев, муовини сардори Управленияи тафтишотии Прокуратураи генералии ҶШС Тоҷикистон, ба Абдулло Ҳабибов аз 18 январи 1991.
“Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ баста ба бетартибиҳои оммавӣ нишон дод, ки дар аъмоли Шумо нишонаҳои ягон намуди ҷиноят мавҷуд набудааст.”

Ҳуҷҷати дувум
Иқтибос аз таъиноти маҷлиси судӣ аз 30 декабри 2015
“...Бо дастрасӣ ба моддаҳои 27, қисми 1, 288 – 290-и КМҶТ Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судӣ
ТАЪИН КАРД:
Пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳабибов Абдулло бо моддаи 331, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, дар асоси қисми 3-и моддаи 6- и Қонуни ҶТ “Дар бораи афв” (дар санад “авф” омада, ки хатост) аз 29 октябри соли 2014 таҳти 1130 қатъ карда шуда, Ҳабибов А. аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад...
Раиси маҷлиси судӣ Абдуманнонзода А.”

Дар ҳарду ҳуҷҷат ҳам аввал Ҳабибовро ба содир кардани ҷиноят айбдор мекунанд ва баъд “аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.”
Бешубҳа ҳуҷҷати аввал, яъне, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҳабибов аз ҷониби ҳарифонаш ба хунсо кардан ва ё хатти бутлон кашидан ба ояндаи ҳамон замон яке аз кадрҳои босавод, ботаҷриба, миллатгаро, ҷасур, боирода, оштинопазир, адолатҷӯ, ки дар айни ҷӯшу хурӯши умр буд (панҷоҳ сол дошт Абдулло Ҳабибов дар он замон), тарҳрезӣ шуда, зеро “гуноҳ”- и асосии Сардори шуъбаи сиёсии ВКД Тоҷикистон ҳамонвақта, полковник Абдулло Ҳабибов он будааст. Дар он рӯзҳо, ки дар Душанбе соати қуйуди шабгардӣ ҷорӣ буд, ӯ як нафари дар хонааш кӯдаки бемордоштаро ба мошини хидматӣ савор карда, аз марказ то манзилаш, маҳаллаи Испечаки Душанбе соати 8-и шаб расонидааст.

Дар натиҷаи тафтиш маълум гардид, ки дар “аъмоли Ҳабибов нишонаҳои ягон намуди ҷиноят мавҷуд набудааст.” Ҳарчанд бегуноҳии Абдулло Ҳабибов исбот шуда буд, ин туҳмати тарҳрезишуда барои мансабсозии (карйера) ӯ халали ҷиддӣ расонид. Аз байн қариб 24 сол гузашт. Абдулло Ҳабибов метавон гуфт, дигар аз пайи мансабсозӣ нест ва ба онҳое, ки имрӯз дар курсиҳои баланд нишастаанд ва онҳое, ки даъвои ин ё он курсӣ доранд, ӯ на ҳариф асту на халал мерасонад.Пас чӣ шуд, ки бори дигар генерали мустафъиро ба як гирдоби бало кашиданӣ шуданд?
Ва парвандаи навбатӣ ба муқобили Абдулло Ҳабибов пайдо шуд.

Чӣ ҷинояти даҳшатнок содир кардааст ӯ, ба истиснои он ки якумр бо роҳи рост ва устувор қадам дар хидмати Ватан бадоштааст? Ҷинояти содиркардаи Абдулло Ҳабибов танҳо аз он иборат будааст, ки хост барои бунёди масҷиди панҷвақта барои мардуми шаҳраки 83- и пойтахт, ки дар он бо аҳли оила 30 сол боз зиндагӣ дорад, саҳм гузорад ва ба сиёсати давлат доир ба дин дар он хусус, ки масҷидҳо чӣ аз чиҳати меъморӣ ва моҳияту мазмун бояд ҳамқадами замон бошанд, ҳамсадоӣ кард. Ҳатто наврасони сершумори шаҳракро ҳангоми тарҳрезии масҷид фаромӯш накард. Бинобарин ҳамон тарҳи ибодатгоҳеро мақбул кард, ки дар он ҳам барои синфҳои компутерӣ, ҳам омӯзиши забонҳо ва ғайра қариб як ошёнаи бинои ояндаи масҷидро ҷудо шудааст. Баъдан дар ин шаҳрак бо ҳисоби камтарин 15 ҳазор ва дар маҳаллаи ҳамсояи 104 низ панҷ–шаш ҳазор сокин ҳаст, барои қисме аз истиқоматкунандагони кӯчаи Маяковский ва ҷамъулҷамъ ин хонаи Худо метавонад ба хидмати то 30 ҳазор аҳолӣ бирасад, зеро дар ин шаҳраку маҳаллаҳо то имрӯз ягон масҷиди замонавӣ, ки ба талаботи имрӯзаи шаҳрсозӣ ва ҳукумат посухгӯй бошад, мавҷуд нест.

Ӯ аз он камсаводон ва мағрурон ҳам набуду нест, ки бе маслиҳату бе рухсати расмӣ ба коре даст занад, махсус ба бунёди ибодатгоҳ, ки он ҳаргиз як бинои оддӣ набуда, ҳамеша пеши назари ҳам дӯсту ҳам душман аст. Бинобарин аввалин коре, ки карданд, ин ҷаласаи сокинони шаҳраки 83-ро бо иштироки 193 нафар дар таърихи 3 октябри 2012-ро гузарониданд ва бунёди масҷиди панҷвақта дар ҳудуди шаҳраки 83-ро ҳама иштирокчиёни ҷаласа дастгирӣ карданд. Дар асоси муроҷиати ҳамин гуруҳи шаҳрвандон, ки дар ҳайаташ ҳам дупутати шаҳрӣ буданду ҳам соҳибқаламон, бо сарварии Ҳабибов ба Ҳукумати шаҳри Душанбе барои ҷудо кардани қитъаи замин барои ибодатгоҳи панҷвақта ариза пешниҳод карданд. Ва мувофиқи Қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 9 ноябри 2012 дар кӯчаи Асадулло Ғуломов дар ҳудуди шаҳраки 83 сохтумони бинои сеқабатаи масҷиди панҷвақта, ки баландиаш на камтар аз 15 метр бошад, рухсат дода шуд. Ин ҷо як шарҳи кӯтоҳе мебояд. Аҳли маҳалла дар бораи бузургиву хурдии масҷид наандешида буданд ва ин ибодатгоҳи сеқабата дағдағаи онҳо набуд, балки шаҳрдорӣ чунин қарор қабул карда, ки биноҳои иҷтимоӣ набояд аз се ошёна кам бошанд. Баъди гирифтани қарор Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро барои 0.15 гектар 3 январи соли 2013 таҳти рақами 8101 низ соҳиб шуданд. Пас аз ин мақоми меъморӣ ва шаҳрсозии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳти рақами 110, аз 4 сентябри 2013 сохтмони масҷидро иҷозат дод.

Кас мехоҳад ба ҳамон банди таъиноти судӣ “худсарона қитъаи заминро забт кард” баргардад ва бипурсад, ки чӣ тавр худсарона аст, вақте ҳама гуна ҳуҷҷатҳои заруриро барои сохтмон фасл ба фасл, қадам ба қадам бунёдкорони ибодатгоҳ гирифтаанд.Генерал ба ин рухсатҳо ҳам иктифо накард, зеро дар сарнавишти тӯлонӣ ва гоҳе пурнишебу фарози худ ва авлодаш туҳматҳои зиёде ба сарашон рехта буд. Бинобарин аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими расму оинҳо низ аз 21 августи 2012 бо имзои муовини раиси Кумита дар он сол Мавлон Мухторов нома гирифтанд, ки дар он омада: “Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ нусхаи лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмони масҷиди панҷвақта дар шаҳраки 83-умро мавриди баррасӣ қарор дода, онро дастгирӣ менамояд.”

Прокурори шаҳри Душанбе Қодиров С. низ дар номаи худ аз 14 сентябри 2012 ба Раиси шаҳри Душанбе Убайдуллоев менависад, ки лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи додани қитъаи замин мавриди омӯзиш қарор дода, муайян кардаааст, ки “лоиҳаи қарори мазкур бо риоя гардидани талаботҳои қонунгузории ҶТ таҳия гардида, қабули он ба мақсад мувофиқ мебошад.”

Эътибор диҳед: прокурори шаҳр таъкид дорад, ки “лоиҳаи мазкур бо риояи талаботи қонунҳо таҳия гардида, қабули он ба мақсад мувофиқ мебошад.”
“Ба мақсад мувофиқ”- ро чунин маънидод мекунем, ки воқеан, ин шаҳрак ва маҳаллаҳои атрофи он бо аҳолии тахмин сӣ ҳазор ба масҷиди замонавӣ ниёз дорад. Умуман, ҳама идораҳое, ки бо ин ё он роҳ ба бунёди масҷид ва фаъолияти он иртибот доранд, барои сохтмони он рухсат додаанд. Аслан, ин қазия набояд то суди шаҳрӣ мерафту ба он идораҳои баландмартабаи кишвар машғул намешуданд. Пас чаро чунин шуд ва барои чӣ? Пеш аз ҳама барои он ки Абдулло Ҳабибов мавқеъ ва афкори хоси худро дорад ва дар давоми даҳсолаҳо ин афкор, яъне, истиқрору ободиии кишвар тавассути ҳамкорӣ ва муносибати дӯстона бо Русия дигар нашудааст ва шояд гуруҳе ҳаст, ки барояшон ин мавқеи Ҳабибов маъқул нест. Воқеан, Ҳабибов ин мавқеи худро пинҳон накардааст ва барои пешбурди идеяҳои худ созмони ҷамъиятии “Дӯстони Русия”- ро чанд сол муқаддам таъсис додааст.

Ҳар замон тавассути матбуот ҳам аз ин мавқеи худ ва ҷиҳатҳои мусбати дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Русияро баён ва талқин мекунад. Гоҳе дар ин ҷода ӯ тунд ҳарф мезанад ва гоҳе идораҳои баландмартабаро зери танқид мегирад. Ва ҳама ин амалҳои ӯ танҳо ба хотири ободии Ватан асту бас. Ба сарлавҳаҳои навиштаҳо ва мусоҳибаҳояш дар нашрияҳо таваҷҷуҳ мекунем: “Генерал Ҳабибов: мо хатоҳои қаблиро такрор мекунем!” (Азия плюс, 28 марти 2011), “Генерал Ҳабибов: вазъиятро бояд ором кард, то ки таркиш ба вуҷуд наояд” (Азия плюс, 7 майи 2015), “Абдулло Ҳабибов: Худо ғами моро хӯрд” (Нигоҳ, 10 июни 2015), “Тоҷикистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё: дохил шавад ё дохил нашавад?” (Азия плюс, 27 июли 2015) ва чанди дигар.
Бале, ӯ ҳамеша аз амнияту суботи кишвар, бехатарӣ ва ободии он ҳарф мезанад. Агар баъзеҳо дар сухан аз ватану ватандорӣ ҳарф зананд, Абдулло Ҳабибов бо амали худ аз ин муҳаббат нишон медиҳад.

Июни 1997 дар Маскав аҳдномаи слҳи миёни тоҷикон имзо шуд. Мувофиқи он бояд як қисми низомӣ аз ҳисоби мухолифин, ки дертар бо номи “Баталйони 25-ум” маъруф буд, таъсис меёфт ва он дар Душанбе истиқрор мешуд. Бо супориши Раҳбари давлат Абдулло Ҳабибов, муовини вазири мудофиаро барои ташкили ҳамон баталйон ва овардани он ба пойтахт ба Тавилдара биравад. Дар он рӯзҳо, ки ҳанӯз ба якдигар боварии пурра набуду ҷангу хунрезиҳои зиёд миёни ду тараф гузашта, ба минтақаи Тавилдара, ки зери назорати Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон (ИНОТ) буд, рафтан ҷасорат мехост. Ӯ метавонист аз ин сафар бо ҳазор баҳона даст кашад, вале ин гуна баҳонаҷӯйӣ ҳаргиз дар табиати ӯ набуд. Вай медонист, ки ин сафар барои ҷонаш хатарнок буд, метавонист охирин рӯзҳои зиндагиаш шаванд. Дар он рӯзҳо ва ҳатто баъдтар ҳам метавонистанд ақаллан барои эҷод кардани фитна ва иғво Ҳабибовро парронанд. Чи тавре ки дертар дар ҳолатҳои норушан Мирзо Зиё, собиқ сарфармондеҳи мухолифин айнан дар ҳамин минтақа - Тавилдара кушта шуд. Ӯ ҳам барои сулҳофарӣ рафта буд...

Ва шояд гуруҳе ба ин васила мехост аз муовини вазири мудофаи росткори оштинопазир халос шавад, вале тақдир, гӯё, барояш дар он рӯзҳо раҳм кард ва онҳо якҷоя бо роҳбарони мухолифин хиштҳои воқеии бинои сулҳу ваҳдати тоҷиконро дар Тавилдара гузошта буданд...

Ҳамон рӯзҳое, ки ба Тавилдара барои сулҳсозӣ мерафт, ёдаш ба воқеае рафт, ки чанде пештар рӯй дода буд.Вақте аз кор ба хона баргашт, дар назди даромадгоҳи манзилаш гуруҳи силоҳдорон буданд ва аз ин чиз ӯ андак дар ҳайрат афтод. Чун ба хонааш ворид шуд, Хӯҷа – командирро (Хӯҷа Каримов) дид. Пас аз салому алейк Хӯҷа гуфт, ки ман аз Қурғонтеппа барои куштани шумо омадам. Маро фалон мансабдорон фармуданд, ки депутат Абдулло Ҳабибовро бардоштан даркор аст. Чун дар бораи шумо чизе намедонистам, дар роҳ аз милисаҳо ва чанди дигар пурсидам, ин нафар кист, ки гуруҳе ба хунаш ин қадар ташнаанд. Гуфтанд фалонӣ асту сардори Шуъбаи сиёсии ВКД буду ҳоло депутати Маҷлиси Олӣ... Ёдам омад, ки маро барои коре аз Донишгоҳи тиббӣ ронда буданд ва он нафари дар рондани ман саҳмгузошта афсари милисаи рутбаи баланддор буд. Гуфтанд, ки назди Абдулло Ҳабибов рав, мададат мерасонад. Омадам ва шумо маро барои дар Донишгоҳи тиббӣ барқарор шудан саҳм гузоштед ва имрӯз маро барои куштани шумо фиристоданд...

Шояд гуруҳе пиндошт, ки ин масҷиди бузург аз пули кадом шайхи араб қомат меафрозад. Ҳоло он ки бунёди ин хонаи Худоро метавон масҷиди умумихалқӣ ҳисобид, зеро ҳазорон мардум ҳам аз ҷиҳати заҳмат ва ҳам маблағ дар бунёди он саҳм мегузошт. Чун одамон аз дигар ноҳияҳои пойтахт огаҳ мешуданд, ки дар шаҳраки 83 ибодатгоҳ месозанд, меомаданд ва ҳатман дар сохтмон рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳо бепул кор мекарданд. Бисёриҳо ҳатто мадади молиявиро тарзе мерасониданд, ки касе огаҳ намешуд, чунки дар Ислом, на танҳо дар Ислом, балки ҳамчун як одати нек аст, ки агар бо дасти рост хайре кунӣ, дасти чап набояд донад. Яке семент мефиристод, дигаре хишт, саввумӣ оҳан, чорумӣ чӯбу тахта...
Аммо имрӯз мардуми шаҳрак намедонанд, ки тақдири масҷид чӣ мешавад. Вақте бо онҳо суҳбат мекунед, мегӯянд, чаро сохтмони хонаи Худоро боздоштанд.

Масҷид чӣ гуноҳ дорад?
Генерал чӣ ҷиноят карда, ки ба муқобили ӯ парванда кушодаанд?
Чаро як масъалаи оддӣ, ки метавонистанд дар сатҳи суди ноҳия ҳал кардан мумкин буд, то ба Прокуратураи генералӣ рафтааст? Бисёр аҷиб ҳам ҳаст, ки ин парвандаро на прокурори шаҳри Душанбе, ки салоҳияти ӯ буд, балки муовини аввали прокурори генералӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Назарзода Ҳ. М. ба Суди шаҳри Душанбе фиристодааст. Ва дар ин ҳуҷҷати айдоркунӣ Назархода Ҳ. менависад, ки ”Дар натиҷаи хунукназарии садори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрдории ш. Душанбе Файзуллоев К., аз ҷониби Ҳабибов А. Ҳ. сохтмони худсаронаи масҷиди панҷвақта дар замини вобастакарда шуда, амалӣ карда шудааст, ки қисми сохтмони мазкур аз ҳудуди сертификати қитъаи замин ба масоҳати 135 метри мураббаъ берун баромадааст, ки ин ҳолат боиси ба таври ҷиддӣ поймол гаштани ҳуқуқҳои истиқоматкунандагони биноҳои баландошёнаи дар ҳамсоягӣ қарор дошта ва давлату ҷамъият гаштааст... Мувофиқи хулосаи экспертизаи комплексӣ аз 27.08. 2015 с., хулосаи Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе аз 20.08. 2015 с., таҳти № 379, се кунҷи бинои масҷид бо масоҳати умумии 135 метри мураббаъ аз сарҳади сертификати ҳуқуқи истифодаи замин баромадааст. ”
Чаро чунин шуда?

Ҳабибов шарҳ медиҳад, ки мо аз раиси Шӯрои уламои мусалмонон Саидмукаррам Абдуқодирзода хоҳиш кардем, ки қиблаи дурусти масҷидро нишон диҳад. Ҳамин тавр, раиси Шӯрои уламо ба ҷойи сохтмони ибодатгоҳ меояд ва қиблаи масҷиди ояндаро рост мекунад ва дар натиҷаи чунин тағйири макон воқеан кунҷҳои масҷид аз лоиҳа баромадааст. Ин ҷо фикри Мирзо Шаҳобов, корманди Институти тадқиқотии сохтмон ва меъмориро дар мурофиа овардан ба маврид аст. Фишурдаи сухани ӯ чунин аст: ман фикр намекунам бо даровардани як ё ду сотих замин Ҳабибов ҷиноят содир карда бошад, зеро барои онҳо 15 сотих ё 1500 метри мураббаъ замин ҷудо шудааст ва онҳо дар ҳудуди 1260 метри мураббаъ масҷид бунёд мекунанд, яъне, боз қариб 300 метри мураббаъ ҳаққи онҳо барои сохтмон ҳаст.

Агар ин андеша фаразан асоси ҳуқуқӣ надорад, гӯем, ба Дархости ҳимоятгари ваколатдори Ҳабибов адвокат Абдуҷалилов А. рӯй меоварем: “Аз маводҳои парвванда бармеояд, ки тафтишоти пешакии парванда ба талаботи Кодекси мурофиавӣ мутобиқат намекунад ва парванда нисбати Ҳабибов А. аз сабаби набудани аломати ҷиноят дар мавриди баррасии фикри айбдоркунӣ бояд қатъ карда шавад...

Мутобиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, тафтишоти пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаи 338 Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудааст, аз тарафи муфаттиши мақомоти прокуратура бурда мешавад.Аз ин лиҳоз, тибқи муқаррароти моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ муфаттиши калони шуъбаи тафтишоти РКДАМ ҳуқуқи бурдани тафтишоти парвандаи ҷиноятиро, ки бо аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 338 қ. 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинишуда оғоз кард шудааст, надошт.

Қарори бевоситаи прокурор оиди вогузор намудани тафтишоти пешакии парвандаи мазкур ба мақомоти амният дар парванда вуҷуд надорад. Аммо 21 сентябри соли 2015 аз тарафи сардори шуъбаи тафтишоти РКДАМ ҶТ, подполковники амният Мирзохоҷаев И. нисбати шаҳрванд Ҳабибов А. бо аломатҳои ҷинояти дар моддаи 338 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуд парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.”

Ҳамчунин вакил аз дастури тафсирии Кодекси ҷиноятӣ чунин ҷумлаҳоро меорад, ки мутобиқи шарҳи моддаи 338, худсарона ишғол кардани қитъаи замин танҳо дар он ҳолат ҷавобгарии ҷиноятиро ба вуҷуд меорад, ки агар ин амалиёт ба манфиати қонунии шаҳрвандон, давлат ё корхона ба миқдои калон зарар расонида бошад.

Ғайр аз ин мутобиқи муқаррароти “Тафсир”, тарафи субъективии ҷиноят бо гуноҳи қасдона тавсиф меёбад. Аммо аз муҳтавои парванда гуноҳи қасдонаи Ҳабибов А. оиди қасдан берун баромадан аз лоиҳа исботи худро наёфтааст. Ҳабибов Абдулло мувофиқи таъиноти аз 29 октябри соли 2014 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд. Аммо суолҳои зиёд ҷавоби худро интизоранд. Аз ҷумла, сарнавишти масҷиди бунёдшаванда, ки дар он тахмин 80 дарсади корҳо ба анҷом расидааст, чӣ мешавад? Он ба ягон коргоҳ табдил меёбад? Агар чунин бошад, ба он садҳо нафар, ки барои сохтмони ин ибодатгоҳ ҳам маблағ ва ҳам заҳмат сарф кардаанд, чӣ посух медиҳанд?
Ва аз ҳама пурсиши муҳим он аст, ки агар бунёди масҷид ғайриқонунӣ бошад, чаро ду сол интизор шуданд, ки маблағ ва заҳмати зиёд сарф гардад?

Бошнашр аз шумораи №20 (407), 13 январи 2016-и ҳафтаномаи "Озодагон"
Мӯҳр
рамз
оё хамин генерал чанд сол пеш дар интихобот байни Амиркул Азимов ва Толибшо Сайидов раиси комиссияи интихоботи набуд?????

Э биё монен хукудонхои асри гузашта... Шумо пулдорон факат фикр мекунед, ки хайру савоб бо масиду мадрасасози мерасаду халос. Агар хамин пулро дар тармими як ятимхонаи нохияи дурдаст сарф мекардTL, ба фикрам, ки савобаш бисёртар мерасад. Чунки гуфатанд "Хар ки хандонад ятими хастаро, Боз ёбад чаннати дарбастаро". Биёед рафикон масчидсозиро камтар кунеду ба тарбияи насли навраси оянда камари химмат бандед...

Вафо
Чое,ки панду насихат,ба рохи рост хидоят намуданро манъ карбан оё мумкин аст. Аз шахсони дахлдор хохиш доштем мо истикоматкунандагони шахраки 83 тоба охир расонидани мачит ва барои фаъолияташ ичозат диханд,хамин сохтмони мачит буд,ки

Иншоолох масчид то ба охир сохта мешавад.Ман фикр мекунам ки ин масчид дар оянда бисёр накши калонро дар самтхои; худ огохи,баланд бардоштани таффакури инсони ва аклони инчунин таффакури фарханги ва мадани.амали менамояд.

Вафо
Масчид буд,ки чавонони 83мкр ба сурия ва дигар корхои бад нарафтанд.шахсони бомаърифати махалаи мо чавононро дар рохи худогохи,ватандусти,ба конунхое,ки аз хукумат мебарояд эътироф намудан,дар навбати худ ба равияи эмоми аъзам рафтанро амри маъруф мекунанд.агар ягон шахсони ґайр дар махала мебуд хеч гох хабибов барои сохтани масчит даст намезад,хамаи истикоматкунандагони махала тарафдори сохтани ибодатгох мебошанд,ёрдами мухтарам хабибов ба хонахои ятима мерасад,аммо инкадар чаноби оли ба хонахои бепарасторон,ятимон мекунад ягон президенти чахон намекунад,президенти мо худодод аст,иншоолох президент ичозати сотани масчитро медихад.(шахсони худонотарс хам хаст,ки маълумоти нодурус ба боло медихад ин хел одамонро худо мезанад)

навруз
ин генерал барои сохтани масчид ин кадар сахмат кашидааст ку

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)