Бахшҳо

Бедаракшавии Хосият ва Ҷамшед Ёров баъди қабули адвокатҳои хориҷӣ (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Хосият Ёрова ва Ҷамшед Ёров, вакилони дифоъ изҳори бехабарӣ кард.

Аз Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки аз боздошти Хосияту Ҷамшед, хоҳар ва бародари Бузургмеҳр Ёров, вакили дигари боздоштшудаи тоҷик иттилое надоранд: “Дар сурати муроҷиати наздиконашон ба мақомоти дохилӣ масъулин ба муайян кардани макони будубоши онҳо машғул хоҳанд шуд”.

Хабари боздошти Хосият ва Бузургмеҳр Ёров баъди он нашр шуд, ки рӯзи 21 январ як гуруҳ вакилони дифои хориҷиро дар Душанбе пешвоз ва роҳнамоӣ кардаанд.

Бедаракшавии Хосият ва Ҷамшед Ёров баъди қабули адвокатҳои хориҷӣ (АКС)Дагир Хасавов, вакили дифоъ аз бюрои адвокатии “Драконта”-и Русия, ки ҳамроҳи се нафари дигар аз ҳуқуқшиносони Туркия барои шиносоӣ бо парвандаҳои аъзои раёсати ҲНИТ, ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон, вориди Душанбе шудаанд, изҳор дошт, ки бо Ёровҳо бояд мулоқот мекард: “Аммо онҳо бедарак шуданд ва мо шунидем, ки онҳоро боздошт кардаанд”.

Ин ҳуқуқшинос изҳор дошт, ки барои шиносоӣ бо парвандаҳои аъзои раёсати ҲНИТ ва Бузургмеҳр Ёров вориди Душанбе шуданду ҳатто бо масъули раёсати байналмилалии Додситонии кулл низ мулоқот доштаанд: “Аммо дар миён Ҷамшед Ёров, ки роҳнамояшон дар Душанбе будааст, нопадид шудааст”.

Ӯ афзуд, қонунан наметавонанд дар мурофиа ва рафти тафтишот ба ҳайси вакили дифоъ иштирок кунем, аммо хостем бо рафти тафтишот шинос шавем: "Танҳо хостем мулоқот кунему бе дахолат ва халарасонӣ ба рафти тафтишот шинос шавем. Чун ҳатто овозаҳо аз истифодаи хушунат алайҳи айбдоршаванди зан ҷой доштанд".

Хасавов мегӯяд, дар додситонӣ посух доданд, ки наметавонанд мулоқоти мустақим бо айбдоршавандаҳоро иҷозат бидиҳанд: "Ба мо гуфтанд, агар аз роҳи дипломатӣ кор гирем, имкони мулоқот вуҷуд дорад. Танҳо он бояд тариқи муроҷиат ба Вазорати умури хориҷӣ сурат гирад. Имрӯз мо ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардем ва посухро интизорем".

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 20-уми январ дар паёмаш ба парлумон аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода, ноиби вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 ёд оварда, онро кори раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ хонд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, талоши табаддулоти давлатӣ бо роҳбаладӣ ва сарпарастии бевоситаи раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ роҳандозӣ шуд. Ӯ афзуд, ин қазия нишон дод, ки баъзе хоҷагони хориҷӣ аз ниятҳои бадашон даст накашидаанд ва мехоҳанд тариқи гумоштаҳояшон низоми барои мо бегонаро ба тоҷикистониён таҳвил кунанд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мардуми Тоҷикистон намегузорад, мисли солҳои 90 нооромӣ эҷод шаваду кишварро аз маҷрои созандагию ободӣ берун созад: “Бо дастгирии мардум сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ нақшаҳои террористонро барҳам заданду амнияти кишварро таъмин карданд”.

Дар пайи ошӯби Назарзода, ки ҳамчун “Ҳоҷӣ Ҳалим” маъруф буд, Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро экстремистӣ-террористӣ эълон намуда, фаъолияташро табу эълон кард. Ба дунбол даҳҳо узви ҲНИТ бо шумули аъзои раёсати олии он боздошт шуданд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, ки ҳоло дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, гуфта буд, "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва исёни ӯ рабте ба ҲНИТ надоранд.
Мӯҳр
Нафахмидам агар макомот гунох надоранд пас барои чи боздошт мекунанд? Агар хак бошанд бигзор натарсанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)