Бахшҳо

(ВИДЕО) Раиси Кумита: Сад бор ба президент сар хам кардан даркор

Хайриддин Абдураҳимов, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, миёни аҳолии водии Бартанг, ки дар пайи зилзилаи шадиди моҳи декабри соли 2015 зарар диданд, баъзе гуфтумонҳо баланд шудааст.

Ҷаноби Абдураҳимов 22 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, баъзе аз сокинони ин водӣ даъво доранд, ки чаро барои аҳолии Барсем, ки соле қабл аз сел хисорот бардоштанд, манзил дуруст шуд, аммо барои онҳо на. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, барои зарардидаҳои Бартанг низ кумакҳо ироа шудааст. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, танҳо дар Тоҷикистон аст, ки ҳукумат барои зарардидаҳо новобаста аз мавҷудияти суғурта манзил месозанд: “Дар ҷаҳон ин хел нест, танҳо дар Тоҷикистон. Дар дигар кишварҳо агар хона хароб шуд, омада мебинанд агар суғурдта дошта бошӣ, бо ту гап мезананд, набошад, не”. Аз ин лиҳоз ба гуфтаи ӯ, “миллати мо ба президент сад бор сар хам карданаш даркор”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хисороти зилзилаи рӯзи 7 декабри соли 2015 дар Бадахшонро бештар аз 34 миллион сомонӣ арзёбӣ кард. Ҷамшед Камолов, сардори раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳудуди кумита дар нишасти хабарии рӯзи 22 январ гуфт, мувофиқи таҳқиқи онҳо бар асари заминларза 141 манзил пурра зарар дида, 502 хонаи дигар қисман корношоям шудааст: “Баъди чанд такони дигари замин дубора комиссия таъсис карда шуд, ки бар асоси нишондоди онҳо 146 хона пурра ва 503 хона қисман зарар дидааст”.

Шиддати заминларзаи 7 декабр, ки маркази он ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон гуфта шуд, 7,2 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер будааст. Ин зилзила ду кушта ва даҳҳо захмӣ ҳам дошт.


Мӯҳр
Шумо аз офатхои табии фоида мебинед Акалан 30% маблсге, ки ёрдами башардустона медиханд, дар зарардидагон сарф кунед.

Гардангавс
Мардумро чмо фикр накунед!! Худатон сар хам кардан гиред.

Акнун кори дигар намондаст домулло Хайриддин. Ба ҳамдигар фақат сар хам кардан гиред. Лекин аз ҳад гузарондед, да....

магар приздент аз кисаи худаш ё аз бючети хукумат мекунад? ин хама аз хисоби кумаки башардустонаи дигар чумхурихо сохта мешавад!

Хуб шудас чаноби раис! Аммо бигуед, ки чи кадар аз дигар давлатхо кумак гирифтеду аз хисобаш чантои дигар хона сохтед? Наход аз Афгонистон кумак пурсед....

AntiMankurt
Khudat sajda kunu salavot ham firist.
Ki ba tu haq didaast, ki ba millat in guna harfhoro zani?

Сарбадорон
Мухтарам раис! мо танхо дар назди Худованд сар хам мекунем тамом. Офати табии шуд давлат бояд зарар соз кунад. Дар хорича Сугурта дори пул медиханд аммо дар мо сугурта дори барои зарар дидан 1 сомон хам намежиханд. Хатто дар мо сугурта мачбури аст. Мо дар бари Чаноб рост истода Ватану миллата обод мекунем. Мисли шумохо мансабдорон бисёр аст ки аз пушти Чаноб корд мезанен. Номашро истифода бурда пулу мол чамъ мекунен.

Dev
Sari millat to darajae ham shuda raft ,ki digar masofa bajni zaminu sar namond. Suhanhoi diplomati gued janob,mo shumoya hub mefahmem.Honasohtanu marduma dastgiri kardan vazifai shumost , agar ne dar on bolo chi kor mekuned , pojon oed!Prezident boyad nazdi millat sar ham kunad,ba millate ki sodavu furutan ast .

Шахрванд
Чи хели сугурта. Дуруг аст ин гап. Точикистона ба дигар давлатхо баробар накун. Дар чое ки ин гапои шумо хаст он давлат кариб панчох сол аз мо пешад ва маошашош 600-800 сомони нест маоши онхо 5000- 10000 доллари амрико аст. Бисер ба чашми мардум хок напош . Вазифаи чонии Хукумату Президент аст ки чабрдидахоро ба хамма чиз таъмин кунанд. Ва мардумро дар пеши президенту хукумат муттахаму миннатпазир насозед. Пули буча аз мардум аст ва бигзор ки барои мардум сарф шавад.

Сарбаланд
Яке аз омилҳои зуд-зуд ҷунбидани замин дар Тоҷикистон, ҳамин сарсархамкуниҳо ва таъзимкуниҳои шумо назди инсон аст. Банда фақат назди Худо сар хам мекунед. Наход як мардаки сину сол ба ҷое расида, чунин ҳарфҳои оммиёнаву хурофотӣ гуяд?!

Darvesh
agar namoyandai olii hukumat doir ba halathoi favqulloda in guna tassavurot doshta boshad nisbati khalqi zaradida, man in hukumatro etirof tamoman namekunam!

Чаноби Абдурахимов пир шудию холо хам мардум ва миллати точикро фиреб мекуни.

ен
Ту барои вазифаат хар руз ба президент сар хам мекуни. Мо барои чи сар хам кунем?

Агар дар хукумати мо адл вучуд медошт мо огилу хочатхонахоямонро сугурта мекардем. Аз сангтуда сахмия гирифтем. Холо ин иншоот кор кардаистодааст. кани двидентхои мо? Оё дар чунин холатхо мумкин аст, ки боз бовари карда амволу саломатиамонро сугурта кунем. Пеш аз чунин суханхоро гуфтан аввал каме фикр мекардед. Мардум ба сохтор, ки бовари кард бад хамааш мисли гуфтахои шумо мешавад.

Ягона вазире ки фикрашро бо ягон забон баен карда наметавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)