Бахшҳо

Дастури Убайдуллоев: Табдили ҷойҳои ҷамъиятӣ ба милисахона, варзишгоҳ ва дарсхонаю корхона

Ашурбек Расулов, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, бисёри маводҳо барои давлатӣ кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон феълан дар дасти судҳо қарор доранд.

Расулов, имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки аз 214 ҷои ҷамъиятӣ дар пойтахт 148 ададашон ғайриқонунӣ буданд. Ӯ илова намуд, ки то ҳол 34 адад бинои ҷойҳи ҷамъиятӣ ба идораи нозирони минтақавии милиса, амният ва сӯхторхомӯшкунӣ мубаддал шуда, маводи боқимонда дар баррасии судҳо мебошад. Муовини якуми раиси Душанбе афзуд, дар назар аст, ки ҷойҳои ҷамъиятӣ ба майдонҳои варзишӣ, коргоҳҳо ва дигар муассисаҳои шаҳрӣ табдил дода шаванд.

Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур дода буд, биноҳои ҷойҳои ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, ки аксаран чун ҷойи намозгузорӣ истифода мешуданд, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ истифода гарданд. Тибқи дастури Убайдуллоев бинои ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки аксаран ғайримақсаднок истифода мешаванд, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, фарҳангию фароғатӣ, ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиркунии муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқ кор бурда шаванд.

Убайдуллоев супориш дода буд, ки биноҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ тариқи муроҷиат ба суд ба моликияти давлат ворид гарданду бо риояи талаботи сохтмонӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва зидди сӯхтор таъмиру таҷдид ва мавриди истифодаи мақсаднок қарор дода шаванд.
Мӯҳр
Комил
ана адолату ҳақиқат!!!
одамо сохтанд, Убайдуллоев прихватизатсия мекунад

комил хато мекуни!
Фарз кардем дар махаллаи зарафшон дар назди хар як бинои баландошиёна масчид (ба ном масчидхо, на тахоратхона доранду на эмоми доими) сохтагиан ба ягон талаботи шахр чавобгу нестанд на дохилу на берунаш.
Дар вакти намози пешин кариб ки дари хамаш махкам ва калид дар дасти ки аст номаълум (касе бо унча ба кавли худаш шеф, ё масъули масчид асту...) дар намози шом ё хуфтан мерави дар хар кадомаш аз 4-5 нафари то 15-20 одам хасту халос.
Масофа байни ин масчидхо хамаши 100 метр аст оё ин дуруст амт магар?
Мардуми ин массид ба дигараш хусуматхои зиёд доран, хастан нафароне ки аз масчиди (ба ном масчид) пеши хонааш кахр кардааст ва ба масчиди пушти хонааш меравад.
Хулоса хастан масчидхое ки хам аз чихати диниву хам аз чихати шахрдори ба талабот чавобгу бигузор рафта ончо намозашонро адо кунанд.
Назди хар як бинои истикомати бо шумораи камтарини намозгузорон ки хамагаи як масчидро пур намекунанд чи лозим дар 4-5 масчид намоз гузоштан? Оё ин дуруст аст?
хулоса Убайдуллоеви гироми Худо гузаштагонатро махфират кунад ачаб кори хубе карди найбатхонахоро нест кардан даркор

али
Максад аз чои чамъияти хамон масчид аст чиба аку масчид намегуед?намешавад хамин масчидхоро расми кунед хуччатхоша дихед ба фикрам осонтар аст аз он ки ин масчидро ба милисахонаю чойхона табдил додаву ва барои онхо боз хуччатхо бисозед?

Тохир
Шумо одамони мансабдор якбор фикри он дунётонро фикр намекунед ки Хонаи Худора бархам медихед Худо ба хамаи ин чой хо посбони хохад кард. Битарсед аз Аллох

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)