Бахшҳо

Ҷавони тоҷик: Зарбаи ман наметавонист, боиси марги Спиридонов шавад (ВИДЕО)

Кумитаи тафтишотии вилояти Челябинск таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи Комил Ҷамилов, зодаи 22-солаи Тоҷикистонро, ки дар марги Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск муттаҳам мешавад, ба анҷом расондаст.

Ба иттилои Владимир Гупенко, масъули Кумитаи тафтишотӣ, зимни тафтишот муттаҳам гуноҳашро танҳо қисман иқрор кардааст: “Ҷамилов мегӯяд, ду зарбаи ӯ наметавонистанд, ки боиси марги Спиридонов шаванд. Аммо ташхиси тиббӣ нишон дод, ки зарбаҳои муттаҳам марговар будаанд. Феълан парванда ба додгоҳ ирсол шудааст”.

Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, Ҷамилов инчунин дар расондани зарари ҷисмонӣ ба ду нафаре муттаҳам мешавад, ки ӯро таъқиб карда, хостаанд боздошт кунанд: “Ҷамилов ба ҷоғи ин ду нафар ҳам як зарбаӣ задааст”.

Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск, ки бо зарби як мушти тоҷиктаборе аз пой афтида буд, 19 августи соли гузашта ба ҳалокат расида буд. Ба иттилои расонаҳо, қазия соати 4-и субҳи 4 август дар назди майхонаи “Топка”-и Челябинск сурат гирифтааст: “Миёни мухлисони “Трактор” ва гуруҳи ҷавонон муноқиша сар задааст. Ҷонибҳо барои ҳалли қазия ба беруни майхона баромадаанд”.

Дар навори сабткардаи дурбинҳои майхона дида мешавад, ҷавони кулоҳпӯш, ки гуфта мешавад Ҷамилов аст бо як зарба Спиридонови 37-соларо аз пой меафтонад. Гуфта мешавад, баъди афтидан сари Спиридонов осеб дида, ба беморхона интиқол ёфтааст.

Шаби 11 ба 12 август дар пайи амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Челябинск ва Хадамоти федералии амният - “ФСБ” Комил Ҷамилов боздошт гардида буд. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Ҷамилов шаҳрвандии Русияро дошта, дар Челябинск ба сар мебарад: “Ӯ муҳорибаҳои бидуни қоидаро машқ мекардааст”.


ВИДЕОи муноқиша, ки расонаҳои русӣ нашр кардаанд:

Мӯҳр
ва
Зури бехуда миен шиканад.

Гурурбек.
Афсус,ки умри чавонашро дар хаба мегузаронад.Лекин хубаш кардааст он муртадро.Русхо хам муьчизаву полку мукаддас нестанд.Дар кучое,ки бисер бошанд,ба сари ягон годами хоричи е мухочирро зуранд.Агар ин вокеа барьакс сурат мегирифт,русхои миллатчи УРО кахрамон мегуфтанд.Акнун нолишу хангомаву году фаред доранд,ки точки руси моро кушт.Бигузор донанд,ки МО точикхо хам хастем.Эхтиет минбаьд мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)