Бахшҳо

Шурӯи мурофиаи 13 узви ҲНИТ дар Душанбе

Муҳокимаи 13 узви ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шурӯъ шудааст.

Наздикони ин афрод имрӯз, 9 феврал ба “Озодагон” гуфтанд, мурофиа пушти дарҳои баста оғоз шудааст. “Танҳо вакилони дифоъ ҳаққи иштирок доранд. Дигар ҳеч кадоме аз пайвандонро иҷозаи вуруд надоданд”,-гуфт яке аз хешони Зарафо Раҳмонӣ.

Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов баъд аз амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, ин афрод баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" (Абдуҳалим Назарзода) қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд".

Ин ниҳод баъдан эълон кард, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
мухочирин
ПАСИ ДАРИ БАСТА ХУД КАЗОВАТ КУНЕД АГАР ГУНАХКОР БИГУЗОР ХАМА ДОНАД

davlat
onhoro ozod kuned! der e zud ba gazabi Alloh giriftor nmeshaved inshaalloh

Чамшед8808 н.Восеъ
Давлат чаро ба газаби Худо гирифтор мешудем? Магар инхо Пайгамбаранд ё ягон авлиё? Корхое. ки инхо дар вакти чанги бародаркуш кардаанд (бубахшед) хайвонхо нисбати якдигар раво намебинанд. Хамара ба хун огушта карданду худ дар хорича се чор зани гирифта мегаштанд. Дар Точикистон ману ту мардуми камбагал бе сарпаноху модари точик бе шавхару бе писар танхо монд. Мо дидем ки ба мисли инхо давлати Исломи мехостагиё имруз дар Афгонистон Сурия Либия чи бадбахтие ба сари ин миллатхо овардаанд. Давлати исломияш хамин чангу кафон-кафон бошад бигузор дар давлати кофирон мирам. На худатон даркоред на хизбатону на акидаатон. Худоро шукр намозоро сари вакт мехонем ва ба Шумо барин муллохои чаласавод эхтиёчам надорам. Баъзехоро ин гапхои ман намефорад лекин агар Сарамро аз тан чудо кунед ман дар хамин гапам меистам. Мо мардуми азияткашидаи точик як бор ин рузхои сахтро аз сар гузарондем ва хеч гох намехохем (намегузорем), ки он рузхо такрор ёбанд. Чи тавре, ки мегуянд: Мубориза бо пашша наметавонад онро ба нести бубарад, мухити пашшазорро бояд нест кард. Озодагон бовар надорам нашр куни. Набояд яктарафа шуд!Шумо бояд бе тараф бошед ба мисли довар. Саломату сарбаланд бошед!!!

Точик
Рост гуфти Чамшед хамин нахзатихо буданд армияи узбакистона ба хоки Точикистон рох даданд ва хама медонад ки онхо чи кадар точикро куштанд Хм!!

Точик
Гуфтаниям ки инхо намехостанд Точикистон ба харобазор табдил ебад ва барои хамин дар Душанбею дигар минтакахои ахолинишин наистода ба куххо баромада чанг карданд хаминхо буданд истиклолиятхох холо онхое ки намехостанд истиклолиятро холо аз истиклолият гап мезананд. Дар Турсунзода кихо Халки бегунохро кушт дар як чо хамаро гурониданд зиеда аз дусад нафар дар Файзобод ки дар як деха зиеда аз 70 нафар ин нохияхое буданд дар инчохо чанг шудаги набуд вой бар холи минтакаи Кургонтепа,Гарм.

кулоб 03
Чамшед8808 н.Восеъ,
Майли инхоро бояд кушт !!! Аммо имруз чи гап хаст дар Точикистон ? Факат мансабтаксимкуни дар миёни як гурух !!!
Хар ду : хам ХНИТ ва хам ХХДТ дуруг ва ба манфиати худ кор мекунанд. На ХНИТ Исломи хасту на ХХДТ-- халки. ХНИТ соли 1992 мухочир кард , ХХДТ хозир ду миллион мухочир карданд. Ягон фаркияте нест дар ин ду хизб. Точик на Ватан дораду на хакку хукуки зиндаги. Аз бархамхурии СССР дар бухрон гутидаги хастем. Наход ягон босаводе , иктисодчие , сиёсатмадоре надошта бошем??
Ба номи Аллох дар мансаб будагихо ва хизби исломи будагихо факат дар мачлисхо кризисро мешунаванд , аммо дар зиндагиашон хис намекунанд.

aka
Чамшед8808 н.Восеъ,
Bale khudush du roh ast yo rost yo chap
kosh mulloi haqqoni meshudi va bar digar mulloho kam savod ki khud besavodi meomuzondi

Расул
Ба хамаи Шумоёне, ки дар боло андешахоятонро навиштаед савол:
Чаро шумоён бадбахтии доштатонро дар чехраи ин 13 нафар мебинед???? Магар онхо дар ЧТ сохиби мансаб буданд??? Магар онхо камбудихои дар зиндагиатон доштаро ташкил доданд??? Магар онхо нарххоро дар бозорхо бардоштанд??? Чаро боре ба худатон чунин саволхоро намедихед!!! Ба фикри ман ин 13 нафар барои суханони хак равонаи зиндон шуданд. Ин 13 нафар харгиз дар ЧТ нооромиро нахостаанд ва намехоханд. Агар онхо ташкилкунандаи вокеьахои сентябри ва бадбахтии зиндагии Шумоён бошанд, чаро нафаре вз аъзоёни оилашонро берун аз марзи ЧТ равон накарданд. Аз ин маълум мешавад, ки дили онхо хам ба камбудихои дошта метапад ва онхо фарзандони угайи ин сарзамин нестанд. Илтимос аз навиштахои ман эрод нагиред ва пеш аз оне ки нисбати ин 13 нафар чизе менависед аввал саргузашти ин 13 нафарро аз сайтхо ёфта хонед, шояд баъд чунин хулосахо набароред.....

Чамшед8808 н.Восеъ
Бале Шумо дуруст мегуед ман бесаводам. Чизхое, ки ман медонам Шумо намедонед, Шумо донистагиро ман намедонам.Бо савод ва хама чиро медонистаги Хамадон аст яъне Худо. Ман Мулло нестам ва мулло шуданхам намехохам.Факад хаминро мехохам,ки Шумо бахилй, хасадхурй ва тарафи дигарон сангпартоиро бас кунед. Шиками гуруснаам, хонаи торикам ва фарзанди мухочирам, ин хамаро ман хости Худо медонам. Хар мусибате,ки бар сари одамизод мебёяд ин аз чониби Худо аст ё не Босавод? На аз чониби ману туву на аз дигарон. Озодагон нашр намо.Ташшакур

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)