Бахшҳо

10 соли зиндон барои фиреб ва гирифтани пули мансабдор

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ як сокини шаҳри Душанберо барои фиреби директори муассисаи давлатии “Чароғи ҳидоят” ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.

Тибқи иттилои додгоҳ маҳкумшуда соли 2014 бо Савринисо Расулова, директори “Чароғи ҳидоят” шинос шуда, худро соҳибкор муаррифӣ кардааст. Ӯ барои равнақи тиҷорат аз Расулова маблағ гирифта, ваъда додааст, ки даромадро тақсим мекунад: “Тайи солҳои 2014-2015 дар маҷмуъ аз раиси “Чароғи ҳидоят” 41 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, на барои тиҷорат, балки ба манфиати шахсияш сарф кардааст”.

Ба иттилои манбаъ додгоҳ ин сокини Душанберо дар қаллобӣ ва расондани зарари молӣ гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Ҳамчунин додгоҳ маҳкумшударо барои 5 сол аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ва молию пулӣ маҳрум намудааст.

Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» бо қарори ҳукумат соли 2008 барои донишҷӯдухтарони ятим ва бепарастор, ки дар макотиби олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, таъсис дода шуд. Соли 2015 дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳбарияти ин муассисаи давлатӣ иваз гардида, Зарнигори Сорбон раҳбари нави он таъин шуд.

Мӯҳр
Чаро ин мансабдори пулхура хабс накарданд ?? У чи хукук дошт,ки аз пули ин Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» ро барои равнаки кори худ истифода бурдааст ??? Коррупция бояд дида барояд ин рохбарро фаъолияти корияшро. Аз хисоби бечорагону камбагалхо айшу ишрат дороиву сарват овардан ин окибаташ азоби сахт аст. Хам дар. Ин дунё. Хам дар охират.

"Ваъда додааст, ки даромадро таксим мекунем" Имрузхо процентро чунин ном ниходаанд. Ин директор ба ин шах пулро бо процент додааст, холо ки кризис аст ва тичорати ин шахси бечора кохиш ёфтааст ва у ки проценташро гирифта натавонист, ба суд мурочиъат кард. Бояд суд холатхоти мавсими кризисро холо ба назар гирад ва чунин икдомхо накунад вагарна 70%- шахрвандонро суд мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)