Бахшҳо
07 мар 2016 08:31Тоҷикистон / Тема дня

Пурсиши “Озодагон”: Шумо шароити захира кардани ғизо доред?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 29 феврал дар ҷаласаи ҳукумат аз хушксолӣ ва камҳосилӣ дар кишвар ҳушдор дода, таъкид намуд, чорабиниҳои давлатӣ ва анъанаю маросими серхароҷоти мардумӣ бояд бо харҷи камтарин ба роҳ монда шаванд ва мардум барои худ маводи ғизоӣ захира намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, “Озодагон” аз чанд нафар пурсид: ШУМО ШАРОИТИ ЗАХИРА КАРДАН ДОРЕД?

Шуҳрат ЛАТИФОВ, коршинос
Савол хело баҳсангез аст. Аввалан, захира намудани ғизо хоси мардуми мост. Мардуме, ки аз дуруст истифодабарии буҷаи оилавӣ хабар доранд, ҳама вақт захира менамоянд. Яъне, маводи ғизоиро яклухт барои як ҳафта, моҳ ё мавсим мехаранд ва ин имконияти сарфаи маблағи буҷаи оилавист. Масалан, маҳсулоти полизӣ, картошка, сабзӣ, пиёз... Лекин мардуми шаҳр, ки дар биноҳои баландошёна зиндагӣ доранд, аз сабаби набудани шароит имкони захира кардан надоранд. Дигар он ки чӣ қадар мардум ё худ кадом табақаи мардум метавонанд захира кунанд? Афсус дар шароити буҳрони иқтисодӣ теъдоди мардуми миёнаҳол зиёд шуд ва аксар наметавонанд маводи ғизоии рӯзмарраро ба оилаи худ таъмин намоянд. Зеро ҳама хизматрасониҳо, новобаста аз нархгузориҳои бозор ба хурокворӣ баланд рафтааст. Ман дар бинои баландошёна зиндагии миёнаҳол дорам ва метавонам аз рўи шароит танҳо моҳона ғизо захира намоям.

Бобо МАНСУРОВ, ҷавони тоҷик
Не! Агар имрӯз ба даромади аксари мардум назар андозед, даромади онҳо аз ҳисоби Русия мебошад. Вале худи Русия ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор шудаст. Аз тарафи дигар қонунҳое, ки дар Русия барои муҳоҷирон ҷорӣ шудааст зиндагии онҳоро мушкил сохт. Моҳонае, ки ҳоло муҳоҷирон мегиранд, барои захира кардан басанда нест.

Асомиддин РАМАЗОНӢ, омӯзгор
Аввалаш Худо кунад, ки баҳор сербориш шавад. Дувум, на ҳамаи имкони захира кардани маводи ғизоӣ доранд. Баъзе маводи хӯрокаро захира карда ҳам намешавад. Шояд дар деҳот имкони захираи гандуму дигар намуди донагӣ ва ё пиёзу картошка бошад, вале ба фикри ман дар шаҳр ин имкон камтар аст. Ростӣ, ман на аз ҷиҳати иқтисодӣ ва на аз ҷиҳати иҷтимоӣ наметавонам маводи як соларо пешакӣ захира кунам.

Айём НАБИЕВ, деҳқон
Танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки барои як сол мумкин, агар ҳосили имсола нағз шавад. Лекин ман фикри ҳамин рӯзро дорам, то фардо Худо подшоҳ.

Зулайхо УСМОНОВА, муаллимаи донишгоҳ
Бо моҳонаи мо захираи дусола кардан қариб, ки имконнопазир мебошад. Лекин маросимҳоро камхарҷ кардан лозим аст. Ман бо Ҷаноби Олӣ розӣ ҳастам.

Хайёлбӣ РАҲМОНОВА, муҳоҷири меҳнатӣ
Не, Имкон надорем. Оилаи мо калон ва ҳама бекоранд. Ман танҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ кор мекунам ва пуле, ки мегирам барои захира кардан намерасад.

Маҳмудшоҳ КАБИРОВ, равоншинос
Президенти кишвар дар масъалаи захираи хурду хӯрок ҳарф зад ва ин ҳушдории умумӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Акнун кормандони масъули давлатӣ дар бораи захираи маводи ғизоӣ ба шакли мушаххас нишон диҳанд, то мардум бидонанд чӣ тавр захира кунанд ва чиро!? Дар он вақт мумкин аст захира кардан, яъне стратегияро Президент гуфт ва мутахассисонро лозим меояд, тактикаи онро коркард кунанд. Дар он ҳолат мо ҳам осон захира мекунем.
Мӯҳр
Мухочир
одммхо як руза хуроки надоранд холо як солаяш унсу беста

хонум Зулайхо бо маош ва даромадхое ки вакти рейтингу сесияхо аз донишчухое ки мегиред захираи 2 сола не 3 солатон имконпазир аст барои хамин бо чаноби оли рози хастен!!!!!!!
рости ман аз 70% устодони донишгохои Точикистон хато бештар аз инам нафрат дорамМухочир,
Мухочир,

Бо марлдум чунин тавсия маслихат додан аз руи одоб нест, махсусан аз суи макомотхо....

мехмон
Хушдори додан аз гуруснаги ё худ бонги хатар ба асри 21 рост намеояд. МО чумхурии аграри хастем. Бо мардум кор бояд кард на хушдори ба гуруснаги!!

Деҳот
Ба коршиносоне, ки худро аз шаҳр мегиранд гуфтани ҳастам, ки ба мо мардуми қишлоқ ҳеҷ таъна назанед. Ҳама чизе, ки Шумо мехаред, мо пуле надорем, ки ними чизҳои Шуморо харем. Аз деҳотам, ки бошем бозор рафта чизҳои маде ин чайна ё покистон мехарем, дигар илоҷ нест. Ҳоло бошад аз 50 то 60% зи қисми зиёди рӯзгори мардум аз ҳисоби як ё ду говаке, ки одатан мардуми ҷишлоқ доранд, аз ҳисоби ҳамон аст. Саҳар ширчой, нисфирӯзӣ қуртоб, бегоҳ шила ё отала, ки вобаста аст аз ҳамон шири гов. Ҳаминшам ҳаст Худора шукр! Вале проблемаи мо имрӯз дигар аст. Баъзе одамҳои бад нафс аз шиносон истифода бурда кӯҳӯ талу теппаҳора гирифта махкам карда истодаанд, ки чорвоҳои бечора гурусна мемонанд. Аз ҳамин хотир ҳоло гов нигоҳ кардан бисёр мушкил шуда истодааст. Ҳармоҳа кумаки шири гов дар хоҷаги ин ба монанди ҳар моҳа кумаки як муҳоҷир дар оила аст. Бисёр хурсанд мешудем агар заминҳои чорвоҳо ба чорвоҳо баргардонида мешуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)