Бахшҳо

Эътирози хонаводаи Фархунда аз Душанбе алайҳи ҳукми ниҳоии додгоҳ

Додситонии кулли Афғонистон шоми 7 март аз анҷоми таҳқиқи қазияи қатли Фархунда, ки 19-уми марти соли гузашта аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул кушта шуд, хабар дод.

Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон бо қарори Додгоҳи олии Афғонистон ниҳоятан ҳукми қатли 4 муттаҳами асосӣ лағв гардида, муҳлати ҳабсашон низ то 10 сол поин оварда шуд. Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, аз 49 нафаре, ки қаблан бо иттиҳоми қатли Фархунда боздошт шуданд, ҳамагӣ 13 нафарашон мавриди муҷозоти ҷиддӣ қарор гирифтанд.

Фаъолони ҷомеаи Афғонистон мегӯянд, омилони асосии қатли Фархунда беҷазо монданд ва вакилони дифои хонаводаи Фархунда изҳор доштаанд, ки давоми ду моҳи оянда аризаи шикоятияшонро ба мақомоти Афғонистон пешниҳод хоҳанд кард.

Дар пайи эълони ҳукми ниҳоӣ хонаводаи Фархунда низ, ки бо далелҳои амниятӣ дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, садо баланд карданд. Муҷибуллоҳ Маликзода, бародари Фархунда аз шаҳри Душанбе дар тамоси телефонӣ бо “The New York Times” изҳор доштааст, ки аз қарори ниҳоии Додгоҳи олии Афғонистон на танҳо хонавода, балки тамоми халқи Афғонистон норозӣ аст: “Ман намегӯям, ки ҷинояткорон бидуни муҳокима қатл шаванд, ҳамон тавре, ки хоҳарамро қатл намуданд. Ман хоҳони волоияти қонун ва адолатам, ки амалӣ нашуд”.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон дар ВАО эълон кардаанд, ки барои муҷозоти ҳамаи омилони марги Фархунда мубориза хоҳанд бурд.

Фархунда, як духтари 27- солаи афғон аст, ки рӯзи 19-уми марти соли гузашта аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд. Вале дар пайи тафтиши ин қазияи пулиси Кобул эълон кард, Фархунда Қуръонро насӯзондааст. Қаблан дар парвандаи қатли Фархунда номи 50 мутаҳам зикр мешуд, ки 19 нафари онҳо пулис буданд.
Мӯҳр
МИРИ ШАБ.
Бародари Фархунда!Гурезвхои Точикистон хам бисеранд.Онхоро дар ягон давлат хупоки бепулу либоси бепкл намедиханд.Ин тавр омада дар шахри Душанбе хузур гирифти?яБоз баргашта мегуи,ки духтари точик моли хуб будааст.О рафта ба сафи поличхр даро,мубориза бар,е афсари сохазои амнияти бехатари е аккалан аскари катории армияи Афгонистон шав!Дар Душанбе Навруз сар шуд.Садои дойраву сурнаю,раксу суруду тантанахо..Тамошо карда мегарди!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)