Бахшҳо
18 мар 2016 10:11Тоҷикистон / Сиёсат

Фотимӣ Тоҷикистонро шарики асосии Покистон дар минтақа хонд

Ториқ Фотимӣ, ёвари сарвазири Покистон дар умури сиёсати хориҷӣ гуфтааст, кишвараш Тоҷикистонро шарики асосии худ дар минтақа мешуморад. Ӯ ин нуктаро 17 март дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, иброз доштааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, Ториқ Фотимӣ қайд намуд, ки ”Покистон ҳамеша талош менамояд, қитъаи Осиё ба минтақаи амну субот мубаддал гардад, зеро оромии он таъминкунандаи зиндагии осоишта барои мардумони ҳамаи кишварҳо мебошад”.

Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров дар навбати худ таъкид кардааст, ки дар робита ба ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа бо дастури сарвазири Покистон -- Навоз Шариф ба Тоҷикистон кумаки ҳарбӣ расонида мешавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иброз доштааст, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм бояд мустаҳкам гарданд: “Дар ин самт масоили марбут ба соҳаи мудофиа ва амният зимни сафари раиси ситоди муштараки Покистон Раҳил Шариф ба Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Таъкид гардид, ки Гуруҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризм, ки ба наздикӣ таъсис ёфтааст ва баргузории аввалин ҷаласаи он дар назар аст, дар самти мубориза алайҳи таҳдидҳои муосир ва ҳамкориҳои дуҷониба дар ин ҷода нақши калидӣ хоҳад бозид”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)