Бахшҳо
25 мар 2016 10:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таҳдиди 5 соли зиндон ба Амонбеков барои “салом аз ДИИШ” ва хабари насби “бомба”

Мақомоти тафтишотии шаҳри Самара алайҳи Хурсанд Амонбеков, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми хабари бардурӯғ оиди амали террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ зарари моддии хабари дурӯғи Амонбеков 1 миллион рубли русиро ташкил додаст.

Қаблан мақомоти амният ва пулиси Русия аз боздошти Хурсанд Амонбеков, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар Самара хабар доданд, ки тариқи телефон ба маъмурин аз номи “Давлати исломӣ” салом расонда, аз насби маводи тарканда дар маҷмааи тиҷоратии “Космопорт” хабар додааст.

Амонбеков дар навори бозпурсӣ, ки 28 декабри соли гузашта аз ҷониби мақомоти Русия нашр шудааст, худро зодаи Бадахшони Тоҷикистон муаррифӣ карда, изҳор медорад, ки ба Самара ду ҳафта қабл, назди як духтар омадааст. Ӯ дар навор изҳор медорад, ки нисфирӯзи 25 декабр вориди маҷмааи тиҷоратии “Космопорт” шуда, тариқи рақамҳои 112 ба маъмурини пулис аз насби таҷҳизоти тарканда дар ин маҷмаа хабар додааст: “Гуфтам баъди ним соат дар ин ҷо ҳама чиз ба ҳаво мепарад. Ба шумо салом аз “ДИИШ” ва соли наватон муборак”.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайи дарёфти иттилоъ ба ҷои ҳодиса кормандони амнияти федералӣ, маъмурини дастаи таъиноти махсус, ҷӯяндаҳои маводи тарканда ва дигар масъулин ҳозир шудаанд: “Аз маҷмаа ҳудуди 3 ҳазор нафар берун бароварда шудааст, аммо зимни санҷиш маводи тарканда дарёфт нагардидааст”.

Ба иттилои манбаъ дар пайи чорабиниҳои оперативӣ муттаҳам дар террори телефонӣ боздошт шуд.


Видеои берунории кормандону мизоҷони "Космопорт" баъди дарёфти хабар дар бораи маводи тарканда:

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)