Бахшҳо

Ними нон роҳати ҷон. Ҳушдор аз истисмори шаҳвонӣ ва хариду фуруши духтарони тоҷик дар Дубай (ВИДЕО)

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар як филми тасвирӣ аз хатарҳои эҳтимолии гирифтор шудан ба доми одамфурӯшон ҳушдор додааст.

Дар ин филм, ки 5:30 дақиқа идома мекунад, тақдири шикастаи қурбонии эҳтимолӣ нишон дода шудааст. Хонуме ба духтаре, ки дар як ошхона косаву табақ мешӯяд, пешниҳод мекунад, ки ба тиҷорат машғул аст ва барои аз хориҷа бор овардан, ёрдамчӣ мекобад. Ӯ қаҳрамони филмро, ки Нозанин ном дорад ба Дубай мефиристад. Духтар танҳо дар Дубай мефаҳмад, ки ба доми фиреб афтидааст.

СБМ ҳадафи филми тасвирии мазкурро “боло бардоштани сатҳи огаҳии мардум аз хатарҳои эҳтимолии гирифторӣ ба доми фиреби ҷинояткорон” унвон кардааст.



Мақомоти тоҷик аз даҳҳо ҳолати хариду фурӯши одамон бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ дар кишварҳои хориҷ хабар додаанд. Дар бештари ҳолатҳо, занҳои тоҷик бо роҳи фиреб ба Дубай интиқол ёфта, онҷо мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор мегиранд.

Моҳи январи соли сипаришуда, мақомоти пулиси вилояти Суғд аз боздошти ду нафар хабар доданд, ки дар таҳия ва фурӯши шиносномаю шаҳодатномаҳои қалбакӣ ва ҷалби духтарони тоҷик ба фоҳишагӣ дар Дубай муттаҳам мешуданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон он вақт бо пахши як гузориши телевизионӣ гуфт, Рустам Саидов, сокини шаҳри Хуҷанд ва Баҳром Баҳриддинов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт муддати тулонӣ ба интиқоли ҷавондухтарон ба Аморати муттаҳидаи Араб барои истисмори шаҳвонӣ машғул будаанд. Барои интиқоли ҳар духтар ба Дубай ин ҷавонони тоҷик 500 доллар мукофотпулӣ мегирифтаанд. Рустам Саидов иқрор шудааст, ки “мақсади мо ҷалби духтарон ба фоҳишагӣ дар шаҳри Дубай буд. Вақте онҳо дар фурудгоҳи Дубай мефаромаданд бояд, ки 500 доллар ба мо интиқол мешуд.”

Аз ин пеш Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, як сокини 28-солаи шаҳри Кӯлоб як духтари 28-солаи тоҷикро моҳи феврали соли 2014 ба Дубай бурда, давоми ду моҳ ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст: “Давоми ду моҳ аз ҳисоби ба танфурӯшӣ водор намудани духтари тоҷик боздоштшуда, 30 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.”
Мӯҳр
мехмон
Кани он номуси точик ?? Ин чи дахшат? Ки ба ин чавобгар? Барои чи ин хел???
О ДАР ДАВРОНИ ШУРАВИИ АТЕИСТИ ИН ХЕЛ НАБУД КУ ?
ХАЙФИ ЧАВОНМАРДИ ШАВЕД!!!!!

Zokir
хайфи номи мусалмон бар шумо. Пагох духтарху чияну наберахои шуморо чунин хоханд кард. Осиё ба навбат аст.

Гунг.Аз он дуне.
Яьне,агар чавони точик рафта дар Сурия е Иоок чангад,баргашта ояд,уро бояд ба зиндон партофт.Мухлати чазо 17–20–сол.Агар мабодо касе чаноби пешвои миллатро танкид созад,уро ба гурухи 24–аьзо шуморидамухлати чазои у 15–20–сол.Наврузро бо дабдабаву карнавал кайд мекунем.Хазорхо духтарони мактабхону донишчудухтаронро либосхои гуногун пушонида,болои сахнахову варзишгоххо ва майдонхо мебарорем.Ракси бадану синаву китфакзани мегамоянд.Садхо нафар духтарони точикро продюссерхои яхудитабору афгону эрони баробари «ситора»хои эстрадаи точик болои сахнахо чун раккосахои «Зим зим зим ооо хххо»,«Зумба»,«Пумба» мекашанд,пас чи гуна метавон гуфт,ки «не е,точикдухтархои мо софанду боакл,онхоро ыиреб медиханд.Шоири солхурдаи таи синни 80–шарм накарда,чааони месозаду аз бусидани лаби маьшукааш бо сузу гудозу бохасрат шеьр мегуяд, е хоыизи 65–66–сола«абру мапаррон а духта абру мапаррон,ма ракс када наметонум,маро нахезон»,месарояд,чиро интизор шавем? Духтарони точики сахнадидаву майдондидаву варзишгохдидадидаву дониста,бо шиносномаи дасташ рафта билет харида,чониби Дубай мепарад.Максадаш равшану фахмост.Боз як катор дилсузхо иддао мекунанд,ки онхоро бо рохи фиреб бурдаанд.КАМ и Точикистон ва ВКД и Точикистон ,чое чунон хам зирак мешаванд,ки морро аз лонааш мебароранд.Боз чое чунон карахт мешаванд,ки гурриши тайераи чониби Дубай онхоро бедор намекунад.Чаро «папа Нозер»у «Мама Роза»хоро 15–20–соли намешинонед?Е демократияро риоя мекунед?

худованд. тафик бте ихе зинокорора акалда тугри намегира ика халки точик ай ислом дур шидан.

Гуё
Ба касое ки ин кадар аз поки озодаги лоф мезананд дар замони кадим хам будааст ин корхо махсусан дар замони фатхулфутухи ислом факат корашон бардадори ва ганиматгири будааст дар хонаи хар кадомаш чандин канизу гуломи ахта кардаги зиндаги мекарда агар ба кавли гунг хам шавад боз ин исломихо омада аз ин бадтар мекунанд ин древнейшая профессия хамеша будааст ба хамин хотир гури ман чудову гури ту чудо гуфта бгарден.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)