Бахшҳо

Бародари “Зафар бедняк”: Як рӯз қабл аз куштор маро таҳдид карда буданд

Наздикони Зафархон Азимов, мулаққаб ба “Зафар бедняк” мегӯянд, аз ҷараёни тафтиши парвандаи қатли ӯ норозӣ ҳастанд.

Зафархон Азимов моҳи феврали соли равон кушта шуд ва мақомот бо иттиҳоми қатли ӯ Обид Мақсудов, писари Эмом Мақсудов, ки ҳамчун “Эмом хубак” маъруф аст, боздошт карданд. Алайҳи ӯ бо моддаи 104, қисми 1 (куштор)-и Кодекси ҷиноятӣ парвнда боз шуда, бино ба иттилои дарёфтӣ тафтиши он аз сӯи додситонии шаҳри Душанбе дар ҳоли анҷомёбист.

Алишер Азимов, бародари “Зафар бедняк” имрӯз, 7 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, куштори Зафархон аз рӯи хусумату қасосгирӣ ва бо маслиҳати пешакӣ сурат гирифта, алайҳи Обид Мақсудов бояд бар асоси қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне куштор бо бераҳмии махсус ва бо маслиҳати пешакӣ парванда боз шавад. Ӯ мегӯяд, як рӯз қабл аз ҳодисаи куштори бародараш амаки Обид Мақсудов -- Искандар аз Дубай дар як тамоси телефонӣ ба ӯ таҳдид кардааст: “Гуфт, ки додарат -- Зафарро бигӯ ба корҳои мо дахолат накунад. Фармон додаам ва бубин, ки ду рӯз пас бо додарат чӣ мекунанд”.

Сабаби ин таҳдидро Алишер дар ҷанҷоле медонад, ки пештар дар Наврӯзгоҳи пойтахт сар задааст: “Бародари ман зуд онҷоро тарк мекунад, аммо Обид фикр кардааст, ки Зафархон ин ҷанҷолро ташкил кардааст”.

Ба гуфтаи ӯ, бародараш тоҷири муваффақ буд ва рақибони тиҷоратиаш, ки мисли вай тавонманд набуданд, роҳи ягонаро дар куштани ӯ диданд. Алишер Азимов афзуд, гузашта аз ин, се нафаре ки замони қатли бародараш ҳамроҳи Обид Мақсудов будаанд, бояд ҳамчун иштирокчии ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шаванд: “Танҳо як нафари онҳо боздошт шудааст ва онро ҳам танҳо дар хабар надодан аз ҷиноят муттаҳам медонанд. Тибқи шоҳидии Суҳроб, ки ҳамроҳи Зафархон буд, худи Обид Зафархонро даъват мекунад. Вақте бародарам аз мошин фаромада ба ӯ наздик мешавад, Обид бо корд мезанад. Ин ки мегӯянд ба қайчӣ задааст, дурӯғ аст”.

Алишер ҳарфҳои Обид ва падараш -- Эмом Мақсудовро, ки гуфтанд, Зафархон аз онҳо 110 ҳазор доллар қарздор буд, беасос мехонад. Ӯ таъкид кард, агар бародараш воқеан аз Обид қарзор бошад ва инро собит созанд, барои баргардондани он омода аст: “Лекин ин ҷо гап сари қарз нест. Баҳси 110 000 долларе, ки Эмом Мақсудов дар як мусоҳибааш зикр кардааст, комилан чизи дигар аст ва бо Зафархон ягон рабт надорад. Он баҳси бародарам Ҷамшед буд, ки тариқи мурофиаи судӣ моҳи июли соли 2015 ҳалли худро ёфт ва ҳисобҳо баробар гардид”.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Зафархон Азимов, сокини 38-солаи кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе, 18 феврали соли равон дар назди "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе бо Обид Мақсудов, сокини 32-солаи кӯчаи Борбад муноқиша кардаанд: "Дар натиҷа Мақсудов бо олоти дар дасташ буда, ба қисмати дили Азимов зарба зада, ӯро маҷруҳ мекунад. Азимов баъди интиқол ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе ба ҳалокат мерасад".

Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Мақсудов сабаби муноқиша бо Азимовро маблағ гуфтааст: “Сабаб сум буд. 110 ҳазор доллари амрикоӣ аз ман қарздор астӣ гуфт ва наистод, ки маро гӯш кунад. Гапҳоямон пасту баланд рафт, боз дашном дод. Дигар ман контролро аз даст додам”.

Ба иттилои ВКД, Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Борбад, пеш ду бор барои авбошӣ суд шудааст.

Обид Мақсудов писари Эмом Мақсудов, маъруф ба "Эмом хубак", раиси корхонаи кабелбарории Душанбе, муаррифӣ мешавад. Зафархон Азимовро яке аз соҳибкорони муваффақи Душанбе арзёбӣ мекунанд, ки ба тиҷорати мошину масолеҳи сохтмонӣ машғул будааст.

Дар акс Зафархон Азимов
Мӯҳр
мухочир
Чаро Имом Хуякро хубак менависед, мардумро ба гумрохи мебаред!!!

Хамадони
Ба рости дар нохияи Хамадони касе нест, ки оилаи Азимовхоро ба тахалусси "Бедняко" нашиносанд. Ёрдамашон ба аксарият расидааст. Бародарон якчоя мехнат карда рохи бизнеси худро ёфта буданд. Дар шахри Душанбе чанд иншоотхои сохтмони доштанд, ба ягон кас зарарашон намерасид, баръаст дар пайи ободии ватан буданд. Вале имруз мо мебинем, ки фарзандони авбоши баъзе аз мансабдорони мо барои пулу мол шуда, зиндагии ширини онхоро талх месозанд. Ин авбош аллакай 2 маротиба суд шудааст, макомони дахлдор чораи дигар бинану чашм напушанд. Минбаъд сохибкорони мо чи тавр озод фаъолият намоянд? Ки ваколати амнияти онхоро медихад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)