Бахшҳо

Боҷи нав ва эҳтимоли қимат шудани ҳаққи хизмати адвокатҳо

Мақомоти Тоҷикистон барои ташкилотҳои адвокатӣ боҷи давлатиро роҳандозӣ карданд.

Тибқи тағйирот ба қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ», ки 6 апрел аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуд, минбаъд дар Тоҷикистон барои бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ, барҳамдиҳии ташкилотҳои адвокатӣ, гирифтани иқтибос аз феҳристи ягонаи адвокатӣ ва аз феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ маблағи боҷи давлатӣ рӯёнида мешавад.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни шарҳи тағйирот гуфт, тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳукумат муқаррар мекунад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар пайи тағйирот хароҷоти адвокатҳо бештар мегардад ва он мутаносибан ба ҳаққи хизмати онҳо таъсир хоҳад дошт.

Эҳтимоли болоравии ҳаққи хизмати адвокатҳо дар ҳолест, ки феълан дар кишвар ҳамагӣ 356 нафар аз имтиҳони вазорати адлия гузашта, ҳаққи адвокатӣ доранд. Бахтовар Сафаров, вакили парлумони Тоҷикистон изҳор дошт, ки то ҳол 445 адвокат имтиҳон супориданд, ки аз ин 89 нафарашон нагузаштаанд. Сафаров теъдоди умумии адвокатҳоро дар Тоҷикистон 900 нафар гуфт.

Барои ҷилавгирӣ аз камбуди теъдоди адвокатҳо Маҷлиси намояндагон 7 апрел ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» тағйирот ворид намуда, муҳлати супоридани имтиҳонҳои тахассусии адвокатҳои кишварро боз ба муддати се моҳ тамдид кард. Бахтовар Сафаров зимни муаррифии лоиҳа гуфт, муҳлати супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ барои адвокатҳо 27 марти соли 2016 ба анҷом расида буд: “Бо назардошти он, ки дар муҳлати муқарраршуда на ҳамаи адвокатҳо бо имтиҳони тахассусӣ фаро гирифта шудаанд, дар лоиҳа дароз намудани муҳлати фаъолияти адвокатҳо ба се моҳ пешбинӣ гардидааст. Ин меъёр имконият медиҳад, ки шахсони номбурда мақоми адвокатиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» соҳиб шаванд”.
Мӯҳр
Як хол дора ёрам ду хол дорад ёрам то сад хол дора ёрим

шохрух
Адвакатхои имруза аз дасташон ягон корнамеояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)