Бахшҳо
28 янв 2016 09:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тоҷикистон 94 адвокати санҷидашуда дорад

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол 94 вакили дифоъ аз санҷиши комиссияи махсуси ин ниҳод гузашта, расман мақоми адвокатиро гирифтаанд.

Дар ин бора имрӯз, 28 яянвар Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод. Қаблан вазири адлия иттилоъ дода буд, ки қариб сеяки адвокатҳо аз санҷиш нагузаштанд.

Аммо Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳо, ки аз санҷиши Комиссияи тахассусии Вазорати адлия нагузашт, иброз дошта буд, ки гуруҳи манфиатдоре бо ин роҳ ӯро аз мақоми раиси Иттифоқи адвокатҳо канор гузоштаниянд. Дар пайи баргузории санҷиши адвокатҳо сару садое низ паҳн шуд, ки гуиё вақти имтиҳон ба адвокатҳо суолҳои берун аз фаъолияти онҳо ба мисли Рӯдакӣ кай ба дунё омадааст ва ё аввалин бор кай ба Тоҷикистон қатор омадааст, дода мешавад.

Аммо вазири адлия ин иддаоро рад намуда, гуфт, овозаҳо асос надоранд ва тартиби қабули имтиҳон дуруст роҳандозӣ шудааст: “Марҳамат ман даъват мекунам дар имтиҳонҳо ширкат намуда, худатон бинед, тартиби қабули имтиҳон дуруст аст”.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 4 ноябри соли 2015 тағйиру иловаҳоро ба қонун дар бораи адвокатҳо қабул кард, ки тибқи он вакилони дифоъ пеш аз оғози фаъолият аз санҷиши Комиссияи махсуси Вазорати адлия мегузаранд. Тибқи ин тағйирот “адвокатҳо дар 5 сол 1 бор аз аттестатсия гузаронда мешаванд ва тартиби аттестатсияро худи адвокатҳо муайян мекунанд”. Вазири адлия ҳадафи ин навгониро беҳтар кардани хизматрасонии адвокатҳо гуфта, илова намуд, афроде, ки забони давлатиро намедонанд, доғи судӣ доранд ва аз шаҳрвандии Тоҷикистон баромадаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат кор кунанд: “Инчунин онҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура кор кардаанду савганди касбиро вайрон кардаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат фаъолият кунанд”.
Мӯҳр
Точикистони имруз ва баьди ислохи КОНСТИТУТСИЯ ба ягон адвокат ниёз надорад , ба чуз аз ХУДО ва ИНСОФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ !!!!!?????

Тибки маълумотхои охирин 101 адвокат аз санчиш гузашт. Ба Нуриддинов бе санчиш бояд тибки талаботи конун, аллакай мохи майи соли 2015 макоми адвокат дода мешуд, аммо вазорати адлия барои барканор кардани конкурентхо ба вазифаи Раиси Иттифоки адвокатхои Точикистон Ин тагйиротхоро ба конуни амалкунанда тайёр карда онро дар парламент гузаронид. Чунки тачридаи конунэчодкунии 15 сода дорад. Оиди саволхои берун аз касби адвокати дар сомонаи вазорати адлия онхо нашр карда шудаанд ва хохишмандон метавонад бо онхо шинос шаванд. Дар катори саволхо саволи "Кай аввалин катора ба Точикистон омадааст?" мавчуд аст. Чаноби вазир ва муовинаш ба чашми мардум хок пошида истодаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)