Бахшҳо
15 апр 2016 10:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Директори мактаб: Танҳо талаб кардем, ки шакли бастани рӯймолро дигар кунанд

Бархе аз хонандаҳои мактаби миёнаи рақами яки бо номи Крупскаяи шаҳри Ваҳдат мегӯянд, аз онҳо талаб шудааст, ки бидуни рӯмол ба дарсҳо ҳозир шаванд. Иддаое, ки раҳбарияти мактаб рад мекунад.

Чанд тан аз хонандаҳои ин мактаб бо шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, устодон аз онҳо тақозо карданд, ки минбаъд бидуни русарӣ ба таълимгоҳ биёянд: “Се-чор духтари берӯмолро ба назди тахтаи синф бароварда гуфтанд, аз инҳо ибрат гиред”.

Як муаллими мактаби №1 тасдиқ кард, ки 12 ва 13 апрел дар масъалаи пушиши либосу рӯмол назорат ҷиддӣ буд: “Аммо ҳоло хомӯшӣ аст. Духтарон ба хости худ рӯймол пӯшида меоянд, лекин мактаб ният дорад, барои ҳамаи духтарон пӯшидани рӯймолҳои якранги кабудро тавсия диҳад”.

Директори мактаб: Танҳо талаб кардем, ки шакли бастани рӯймолро дигар кунандДар ҳамин ҳол, роҳбарияти мактаб мегӯяд, касе ҳаққи манъ кардани пӯшидани рӯймоли духтаронро надоранд. Абдураҳим Раҳимов, директори мактари рақами яки бо номи Крупскаяи шаҳри Ваҳдат имрӯз, 15 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо танҳо хостанд, толибилмон шеваи пӯшишҳои тавсиянамудаи Вазорати маориф ва илмро риоя намоянд: “Мо танҳо талаб кардем, ки шакли бастани рӯймолро дигар кунанд. Тарзи бастани рӯймолҳои духтарон дар либосҳои тавсиявӣ бо имзои вазири маориф ва илм тасдиқ шудааст. Мо низ талаб кардем, ки онро иҷро кунанд”.

Ҷаноби Раҳимов изҳор дошт, онҳо қасд надоранд, ки барои тамоми духтарон бастани рӯмолҳои якранг ё якхеларо ҷорӣ намоянд.

Як устоди ин мактаб мегӯяд, дар асл шеваи бастани рӯймол ё дигар кардани шакли он муҳим нест, балки бояд ба дониши хонандаҳо таваҷҷуҳ шавад.
Мӯҳр
Донишро нигох кунед на сару либосро.

худсар
Эй муалоимхои бу маърифат, бо луч кардани зан дар кучо пешрави шудааст ки шумо ин корро мекунед?????
Шумо ба дониши ин мактаббачахо ахамият дихед на ба сару либосашон.
Хар либосе пушанд бояд тозаву покиза бошанд.

nabi farhor
То шамол нашавад,барги дарахт намечунбад.Чаро то имруз,дар 25-соли истиклолият ягон нафар ё касе шикоят накарда буд,ки онхо чи хел руймол пушанд.Бояд ба саоду дониши онхо тавачух бояд кард.

Имигрант
Агар талаба саводу дониш дошта бошад,у худ медонад чи тавр либос пушад,мухим он аст,ки устодони мухтарам шумо онхоро саводу дониш дихед,боки Худо хофиз!

милат
Муалимони мухтарам шумо нони ин давлати сохибистиклолро хурда ба фарзандони ин милат хизмат
кардаистодаед. Аз шумо эхтиромона хохиш дорем,ки ин
номхои кахрамонони дигар милатро ба кахрамонони ин
милат,ки фарзандони худро ба шумо бовар кардааст
иваз кунед,ки ба ин фарзандонашон ибрат шавад.

Ҳаммаш рост аст ман худ 3сол пеш шоҳиди чунин ҳодиса будам

саид
Охир одди отвлекат кардани халк ай проблемахои зиндаги кору проблема дар мактаб нест сарлучо профессор шудан чи кор Дорен ба руймол ма Падар ма мегум руймол банд муаллим мега набанд девона мекнан гудакора

Душанбе
Вакте ки духтри Точик Модари Точик руймол набандад, хубаш номи ТОЧИК-ро дигар кардан лозим, барои паст нашудани нангу номуси ТОЧИК.
Директори мактаб ШУМО мини юпка пушида ба кор оед, фикр мекунам ба амалу маданияти шумо зеби КОСТЮМУ БРЮК не ЗЕБИ мини юпка доред.

Далерчон
Сура 24 (Ан-Нур), аят 31

Скажи верующим женщинам, чтобы они опускали свои взоры и оберегали свои половые органы. Пусть они не выставляют напоказ своих прикрас, за исключением тех, которые видны, и пусть прикрывают своими покрывалами вырез на груди и не показывают своей красы никому, кроме своих мужей, или своих отцов, или своих свекров, или своих сыновей, или сыновей своих мужей, или своих братьев, или сыновей своих братьев, или сыновей своих сестер, или своих женщин, или невольников, которыми овладели их десницы, или слуг из числа мужчин, лишенных вожделения, или детей, которые не постигли наготы женщин; и пусть они не стучат своими ногами, давая знать об украшениях, которые они скрывают. О верующие! Обращайтесь к Аллаху с покаянием все вместе, - быть может, вы преуспеете. (31)Tajik,

Сураи 24 (Нур), ояти 31.

Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро(Яъне: мавзеъҳои зевар) ошкоро накунанд, магар он чи аз он (мавзеъҳо) зоҳир аст;(Яъне: рӯю ду каф) ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони хеш; ё падарони хеш; ё падарони шавҳарони хеш; ё писарони хеш; ё писарони шавҳарони хеш; ё бародарони хеш; ё писарони бародарони хеш; ё писарони хоҳарони хеш; ё занони [аҳли дини] хеш; ё он касе, ки дасташон молики ӯ шудааст;(Яъне: ғуломон) ё пайравоне аз мардон, ки соҳиби шаҳват набошанд; ё тифлоне, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд. Ва заминро ба пои хеш назананд, то он чи аз зевари хеш, ки пинҳон мекарданд, дониста шавад.(Ҳосили ин оят он аст, ки мавзеъҳои зинат ду қисм аст: он чи дар сатри он душворӣ аст – ва он рӯю ду каф аст; ва он чи дар сатри он душворӣ нест – монанди сару гардану бозуву оринҷу соиду соқ) Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Худо руҷӯъ кунед, бувад ки растагор шавед.худсар,

Ибни Мукаффаъ
Э Далер хай ку а ин ча бра Афгонистону Покистон и сурахота хон фахмиди дунё да кучо гаштасту ту чи мегуй мазхаби боши кори худата кун давлати мо дини нест дуняви аст давлат конуни худаша дорад

шахрванд
Дар Чумхурии Точикистон як чанд корхонахои муд (модда) хастан, дизайнерхо ва гайра, намешавад ки аз барои гайбат ягон моддаи нави бастани руймол ба хонумон пешкаш намоянд? ААААА???

Муаллимаи фаластини ки бо хичобу либоси исломи дар мактабхои фаластин дарс медод ,бехтарин муаллими чахон шуд. Бо карори хаммаи хакамон ,хатто ООН уро ба ин номзади пешкаш кард. Пас бояд илм омухт. Сару либос тоза ва хуб бошад. Муаллимхое ки ба сару либоси фарзандони мардум кордор мешаванд,сару либоси зану духтари худро ислох кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)