Олимҷон Кабирзода аз ошёнаи 5-ум афтиду зинда монд

Олимҷон Кабирзода, муҳоҷири 20-солаи тоҷик дар шаҳри Геленҷики вилояти Краснодар ҳангоми кор аз ошёнаи 5-ум сарозер шудааст, ки дар натиҷа сутунмуҳра ва гарданаш шикастааст.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба сафорат шаҳрванд Кабирзода Ҳоҷимурод муроҷиат карда, дархост кардааст, ки барои интиқоли Олимҷони Кабирзода аз бемористони шаҳри Геленҷик ба бемористони шаҳри Краснодар ба ӯ кӯмак расонанд. Ҳоҷимурод Кабирзода арз доштааст, ки сутунмуҳра ва гардани писараш шикастаанд ва ӯ оҷилан ба ҷарроҳӣ ниёз дорад: “Ҷарроҳиро танҳо дар шаҳри Краснодар метавон анҷом дод ва маблағи ҷарроҳӣ тақрибан 300 000 рубли русиро ташкил медиҳад”-изҳор доштааст ин падари ҷабрдида.
Тибқи иттилои сафорат бо ҷалби Консули фахрӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Кабирзода Олимҷон ба бемористони шаҳри Краснодар интиқол дода шуда, бо ҷалби диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ 300 ҳазор рубл барои ҷарроҳӣ ҷамъоварӣ гардид.
Сафорати Тоҷикистон афзуд, ки 14 апрел Олимҷон ҷарроҳӣ карда шуд ва табибон вазъи саломатии ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |