Бахшҳо
20 апр 2016 10:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

50 ҳазор сомонии Қодирӣ барои устоду шогирд

Дар Суғд хонандаеро, ки аз олимпиадаҳои берун аз марзи Тоҷикистон бо медали тилло бармегардад, ҳамроҳ бо устодаш бо 50 ҳазор сомонӣ қадр мекунанд.

Аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, дар ин бора 18 апрел Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилоят қарореро тасвиб кард: “Ин тасмим бо мақсади арҷгузории заҳмати омӯзгорону дастпарварони онҳо гирифта шудааст”.

Бино ба иттилои манбаъ, дар қарори мазкур омадааст, ба хонандае, ки дар олимпиадаи кишварҳои хориҷи дур сазовори нишони тилло мегардад, 25 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Омӯзгори ӯ низ ҳамин миқдор маблағ хоҳад гирифт: “Хонандае, ки дар олимпиадаи мамолики хориҷи дур сазовори ҷойи дуюм мегардад, бо 15 ҳазор сомонӣ ва омӯзгори ӯ низ бо 15 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи нишони нуқра дар чунин олимпиадаҳо бо 10 ҳазор сомонӣ ва омӯзгораш ҳам бо ин миқдор маблағ қадршиносӣ мешавад”.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, хонандае, ки дар олимпиадаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷойи аввалро мегирад, соҳиби 10 ҳазор сомонӣ (муаллимаш низ) мешавад: “Соҳиби нишони нуқра ва омӯзгори ин хонанда ҳар яке 5 ҳазор сомонӣ ва хонандае, ки нишони биринҷӣ ба даст меоварад ҳамроҳ бо устодаш ҳар кадом 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт мекунанд”.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)