Бахшҳо

Сарнавишти тоҷик: сирко, оташсӯзӣ, ҳалқаи дор ва марг?

Марат МАМАДШОЕВ

Дар гулӯи онҳо сирко меандозанд, оташ мезананд, зинда ба гӯр ва ҳалқовез мекунанд. Дар дарё ғарқ ва аз осмонхарошҳо сарозер месозанд. Дар даргириҳо латукӯб мекунанд...

Онҳо дар сулулҳои касифи зиндон аз шиканҷа мемиранд, ҳадафи тири ҳамкорони худ, карабини пулис ва миллатгароҳо қарор мегиранд.

Тоҷиконро ҳама ҷо мекушанд. Дар сайёраи замин ҷое намондааст, ки хуни тоҷик нарехта бошад.

Аммо, мо ... дорем.

Онҳоро дар Русия бисёр қатл мекунанд. Тоссарҳо, авбошҳо ва муҳоҷирони дигар. Баъзан ҳаммеҳанҳои худашон. Аммо, аз ҳама зиёд дар Тоҷикистон, ба дасти авбошон, ҳамкорон ва хешовандони золимашон кушта мешаванд. Бештар аз ин аз дасти шароити тоқатфарсои зиндагӣ мемиранд.

Аммо, мо .... дорем.

Ин даҳшат дилсӯзии Чингизхонро ба ёди кас меорад. Фикр мекунам, поёни даҳшатбор беҳтар аз даҳшати беохир аст.

Сабаби ин қадар гунаҳкор шудани мо чӣ аст, Парвардигори оламиён?
Мӯҳр
Саида
Бас аст, Марат! Дар баробари точикон дигар миллатхо низ бо ачалхои гуногун мемиранд. Ин хаёту марг кариб ба хама чинси одами якранг аст: афтодан, сухтан, зери мошин мондан, хадафи тир карор гирифтан, ачали илохи ва гайра. Дар насибат чи гуна марге, ки бошад, ба хамон мемири.

nabi farhor
Хуб кайд кардед.Аммо танхо бо навистани мачала рохи ин хел авбошнро гирифта намешаванд.Консулгарихо чи корхоро ба анчом мерасонда бошанд.Мухочирони мо доимо дар хатар хасанд то ба кай ин хел.

Мурод
Мо пешво дорем!

Саида, шарм немедори? Як мукоиса кун бо дигар миллатхое ки дар баробари точикон дар Россия кор мекунанд, хамин хел бесохиб хаст?

мехмон
Марат бародар айби худи мо хаст !!Мухочиратро бас карда дар Ватан чамъ шавем ба хулосае оем. Гандум корем заминхоро истифода барем. Вакилони асли интихоб кунем. Якчоя мукобили коорупсия мубориза барем. Пора надихем , пора нагирем. Факат бе силоху оташ !!!
Мо метавонем!! Факат аз сидки дил. Касе ки аз конституция берун мебарояд ба руяш хамагон туф кунему шиносномаашро гирифта умрбод аз Ватан берун. Судхои халки ташкил намуда мурофияхоро дар варзишгоххо дар хузури 1000- 2000 одам бинанд. Мебинем ки мушхои дузд , порахурхо чи хел думро хода мекунанд !
Вазифахои таъини ва судхои пушида порахури ва коорпцияро зиёд мекунад. Бигузор тамоми рохбарияти давлатиро аз вазир то раис халк интихоб кунанд!!

Саид
САИДА!!!Худо мегуем ва дуо мекунем ки ба мухочират афти ана баьд ба кадри одам раси.омиииин

Ба фикрам аз Саида ягон нафараш дар мухочират нест ва худаш серу пур аст, бехуда нагуфтаанд " шикамсерро чи парвои гурусна". Марат дуруст кайд кардаанд, то оне, ки дар Точикистон сохибмансабони мо кадру киммат ва межнати мардумро кадр накунанд, дар гами бехбудии мардум набошанд, пешравие намешавад ва мардум чун пештара хору зор ва гариб мемонанд!

Субхе ба точи бесари миллат гиристаам,
Шоме ба марги мазхари миллат гиристаам.
Якпорагии механам мекардам орзу
Бар пора-пора пайкари миллат гиристаам.
Бо чашми хеш дида заволи ягонаги,
Бар уммату паямбари миллат гиристаам.
Чун на саре,на сарваре буд ин саройро
Ман бар чанозаи сари миллат гиристаам. ЛОИК

99
Бародари азиз, Марат!
Дарди дили ҳазорон тоҷики ғарибу бенворо навиштӣ!
Вале афсус, аксари ана ҳамин ғарибону бенавоён, боз намефаҳманд!
Сабаби асосии ин нобасомониҳои мардуми мо, ба фикри ман, асосан ба мафкураи пасти ғарибонаи аксари мардуми мост, ки на дӯстро аз душман ҷудо карда метавонанду, на қобилияти фаҳмиши мардуми доноро доранд.
Ва ин гуна шахсон, асосан дар сафи масъулонанд ва ба вазифаҳои баланд соҳибанд, ки чашмони танги гуруснаи онҳо кур ва гӯшонашон кар шудаанд ва наматавонанд, ки чорае бинанд. Чора бинанд ҳам, ба зарари мардум ва ба фоидаи худ мебинанд.
Гуфтаи, ки "мо ... дорем". На! Мо чизе надорем ва касе ҳам надорем! Инро худат хуб медонӣ. Мо ба Худо такя мекунем, вале Худоро намешиносем! Ана ин аст дарди мо!

Ба Саидка
ин саида як лесаки дарборие аст, ки барои тинни пучаке бо номхои гуногун дар интернет нишаста хар он суханхое, ки аз ноухдабароии ин хукумат ёдовари мекунад чунин чавобхои бемантику бемазмун медихад. Номи точикро дар муддати 24 сол ба пастарини пастарин расонидед. Точик дар таърихаш чунин азобу шиканча ва тахкир надида буд.

Гунги тутала.
Рухсора,
Ин Саида маст аст!Мастум мастуме медони е не?

точик
Саида Ту хаётро мисли дили худат мурда мепиндори!? Дилат ба гуломи моил аст. Агар як Омрикоиро дар сарзамини Руссияи Гитлери кушанд Путин 12 мох хоб намекунад аз тарси ин ки дар ивазаш 10 алкаш мемирад

Давлат аз неруи миллат шуд падид
Вой бар он давлат, ки миллатро надид. Халилй

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)