Бахшҳо
22 апр 2016 14:45Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон аз писари Асадулло Ғуломов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар ноҳияи Ёвон ба раҳбари ширкати “Ғаюр” изҳори сипос намудааст.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 апрел барои бунёди ин корхона ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ “ба соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов баҳои баланд дода, ба ӯ барору комёбӣ орзу намуд”.

Акбар Ғуломов, писари марҳум Асадулло Ғуломов, ноиби пешини сарвазири Тоҷикистон буда, дар минтақаҳои мухталифи кишвар корхонаҳои бузургро фаъол кардааст.

Манбаъ меафзояд, корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад: “Дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маблағи умумии сохтмони корхона беш аз 130 миллион сомонӣ (баробар ба 18 миллион доллари амрикоӣ) – ро ташкил медиҳад”.

Сохтмони корхонаи мазкур 12 ноябри соли 2014 бо ҳузури Президент оғоз гардида, 27 майи соли 2015 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ширкати “Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал”-ро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ин корхона санги асоси ду корхонаи дигаро гузоштааст, ки онҳоро ҳамчунин Акбар Ғуломов бунёд мекунад. Яке аз ин корхонаҳо ба истеҳсоли рангҳои эмулсионӣ ва дигарӣ ба тавлиди маҳсулоти гарминигоҳдорӣ нигаронида шудааст: “Соҳибкор уҳдадор шуд, ки корхонаҳоро босифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот то соли 2018 бунёд намояд”.
Мӯҳр
Довуд
Акбар Гуломов фарзанди баруманди миллати точик аст. Рахматии падараш хам шахсияти баномус буд. Гайр аз он ки бизнесмени пуркуват аст хамчунин шахси бисер хам хоксор мебошад. Баъзе нимчасохибкоронро мебини ду танга дар бозор ёфта худашонро авлиё нишон медиханд. Аз акаи Акбарчон ёд гирен кора. Дар хамин замони кризис остинора бардошта барои халки худаш корхонаю чойи кор фарохам оварда истодааст. Худованд давлати хамин бачаи баномуси точика зиёд гардонад. Чи гуфтен бачахо

Рустам
Ин 18 млн. доллара аз кучо чамъ карда бошад.

Довуд
Ба Рустам:

у 18 млн. як пули худуш не. Дар якчояги бо инвесторхои хоричи корхонаро сохтаанд

Амин
Рустам,
Рустамчон ты ича шишта гайбат кадести, у мардак да и вакт мехнат кадестай, я сол пас Иншааллах я корхонаи 24 млн месоза ба т борино меган ай кичо 24 млн, бхе я бела бги мехнат кн, Бахорай вакти кору мехнат, а ту боши гайбат када шишти, ба Точикистон ай кичо пеш мера?

Фархори
Акбар Гуломов бародари гиромикадр дар фаъолияти сохибкориат бурдборихои нав ба навро тамано дорам.Худо нигахбонат бошад фарзанди ба нангу номуси миллати точик.

Хуб мешуд ба сохибкорони дигархам чунин шароитхои хуб дода мешуд то худро нишон диханд. Фикр мекунам бо доштани чунин шароит бобои файзам ашулахонда иктисода месохт.

nabi farhor
Бо кадом намуди бизнес дар Точикистон яке якбора сохиби миллионхо доллар мешуда боши,ки рохашро медонад.Кризис барои ман шумо кризисай,маркази шахр тамошо бароед,ин кадар мошинхои гаронарзиш,дар хайрат мегузорад.Дар охир гуфтаниям,касе бо рохи халол пул меёбад,ИНШИОЛЛОХ Худо онро баракташа додагист.Худован аз ин да хам точиконро бойу ба давлат гардон.Омин.

Точик
Дар мухити Точикистон илочи 20-30 млн доллар кор куни нест! Миллионерхои амрикои аз цифр шуруъ карда сипас набераву аберагонашон бой мешаванд. Аз мо танхо мансабдорон ё фарзандони онхо. Тамоми он маблагхои карзи, риву грантхое, ки ба номи мардуми точик аз хорича гирифта мешавад, бо руйхатхои сохта баргашта ба хисобхои ана хамин мансабьдорон мперавад, ва сипас онхо яку якбора миллионери доллари мешаванд. Вагарна бо 2000-3000 сомони мешавад 1 млн долар кор куни?

Чукурзанов
Фархори,
Фархори,
Фархори,
Амин,
Ку бген хаму бела ай чо заказ кунем ки ба як задан 18млн шавад?

Nurali
Tojidddin Pirzodaram hamika sokhtak ki tenj shud hama

Шахбоз
Чукурзанов,
Яку якбора намешавад лекин дар 5 сол метавон млн кор кард чура. Масалан ягон инвестори млрд меёби, бизнесплан ташкил мекуни. Инвестор млн-ро чудо мекунад дар бизнес масраф мекуни. Фоидаашро бо инвестор якчоя таксим мекуни. Акбар Гуломовро, падарашон (рахмати) корманди хукумат буданд. МЛРДер-хои хоричи уро мешинохтанд, ва бовари доштанд ки агар пул чудо кунанд зарар намебинанд. Хамин тавр хам шуд, пул чудо карданд. Акбар Гуломов бо пули Инвесторхо завод сохт фоида дид ва аз фоидааш боз завод сохт. Худо дар касбу корш баракат бта.

И мардаки хуб яку якбора нею балки ай 17- 18 солагиаш соҳибкорай.Тан додан даркорай барои ин хел ҷавонмардҳо.Ош шава.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)