Бахшҳо

Ҳушдор: Аз таҳияи парванда алайҳи Воҳидова то талаби раҳоии 4 адвокати дигар

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ-Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинки Норвегия бо пахши як изҳороти муштарак аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки ҳар чи зудтар ва бидуни ягон шартгузорӣ 4 вакили боздоштшуда ва ду фарзанди ҳуқуқшинос Исҳоқ Табаровро озод кунанд.

Ин созмонҳо имрӯз, 4 май бо пахши як изҳорот парвандаҳо алайҳи Шуҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Дилбар Додоҷонова, Фирӯз ва Далер, фарзандони Исҳоқ Табаровро сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ арзёбӣ кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, таъқиби вакилони дифои мустақилро, ки аз соли 2014 инҷониб авҷ гирифтааст, хотима бахшад: “Аз соли 2014 мақомоти Тоҷикистон вакилони дифоъро барои иштирокашон дар парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ ва ҳимояи мухолифини ҳукумат ҳабс кардаанд. Гуруҳи дигари вакилон таҳдиди қатл ва ифтитоҳи парванда бо иттиҳомоти сохта гирифтаанд”-омадааст дар изҳорот.

Стив Свердлов, масъули Human Rights Watch таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон вакилони дифои барояш номақбулро ҳамроҳи мухолифини сиёсияш равонаи зиндон мекунад: “Ҳар рӯзе, ки ин ҳуқуқшиносон дар пушти панҷара мегузаронанд, доғу шармандагӣ барои низоми додгоҳии Тоҷикистон аст”.

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар таъкид кардаанд, ки алайҳи ягон вакили боздоштшудаи тоҷик далели қотеъ пешниҳод нашудааст: “Ҳукумати Тоҷикистон меъёри Созмони Миллали Муттаҳид, ки вакилони дифоъ барои иҷрои вазифаҳои касбияшон набояд мавриди таъқибу таҳрим қарор гиранд, нақз кардааст”.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия таъкид намудаанд, ки гуруҳи дигари адвокатҳо, аз ҷумла Файзиниссо Воҳидова мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтааст. Тибқи изҳороти ин созмонҳо Воҳидова, ки бо иштирокаш дар парвандаҳои ҳассос маъруф аст, моҳи июли соли гузашта паёмак гирифтааст, ки агар фаъолияташро қатъ накунад, метавонад ҳамроҳи оилааш қатл ё маҷруҳ шавад: “Фишор, назорат ва таъқиби Воҳидова баъди моҳи сентябри соли 2015-бастани ҲНИТ шидат гирифтаст. Сарфи назар аз муроҷиатҳои зиёди Воҳидова ба додситонии кулли Тоҷикистон таҳдидҳо идома меёфтанд”.

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар афзудаанд, аввали соли 2016 Воҳидова иттилои муътамад гирифтааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз карда, мақолаҳои нашркардаашро ҳамчун далели ифротгароӣ алайҳи ӯ истифода бурданиянд.

Дар изҳорот инчунин аз тағйири қонунгузорӣ, зери назорати ҳукумат гирифтани адвокатҳои мустақил, бастани Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳабси даҳҳо узви ин ҳизб ва қатли Умаралӣ Қувватов зикр шудааст.

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупо даъват кардаанд, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биорад, то вакилони боздоштшударо раҳо ва барои фаъолияти касбии адвокатҳо шароити мусоид фароҳам орад. Аз кишварҳои ҷаҳон даъват шудааст, ки 6 май дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон зимни баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нисбати шароити бади адвокатҳо ва мухолифини тоҷик изҳори нигаронӣ кунанд.
Мӯҳр
Хукукшиноси хондан лозим... Махсусан адвакати... Чи коре ки хохи кардан мегири.. Пора мегири одам мекуши чи чинояте куни Созмонхои хукуки инсон туро бегунох мегуянд... Криша хаст да..))) Агар ягон СМС-и хато хам бияд ба ин хукумат гунахгор мешавад ту боши кахрамон мешави... Чунки СМС хато омадааст... Э тавба дар вакташ нахондем да...

СМС-хато? Хам дар на'л мезанеду хам дар пошна...

садқаи обу хоки хатлонзамин шави ту чиҳо мегӯи айби нокасонро ба кас бор накун беинсоф дар назди милат гунаҳкор мешави ин адвакатҳо тамоман бегуноҳанд инҳо фақат дар назди баъзе худпарастҳо гунаҳкор ва илло не

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)