Бахшҳо

Фошкорӣ: Чиниҳои Душанбе ширкатҳои офшорӣ кушодаанд

Бар асоси асноди нашркардаи “Авроқи Панама” бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ зимни сабти ширкат дар минтақаҳои офшорӣ ҷои зисти худро Тоҷикистон гуфтаанд.

Тибқи ин аснод бештари хориҷиён, ки аз номи Тоҷикистон ширкатҳои офшорӣ кушодаанд, шаҳрвандони Чин мебошанд.

Лонг Феичӣ (Long Feichi), шаҳрванди Чин, ки суроғаашро Тоҷикистон нишон додааст, дар ҷазираҳои Вирҷиния ширкати “Assending Technology co ltd”-ро сабт намудааст, ки аз майи 2007 то ноябри 2011 фаъолият кардааст. Ин ширкат миёнарави ширкати бузурги “ORION HOUSE Survises limited”-и Ҳонг Гонг будааст, ки феълан дар тобеияташ садҳо ширкати офшорӣ дошта, дар соҳаи маъдан, энергетика, технология ва дигар соҳаҳо кор мекунад.

Chu Wei-Hui, шаҳрванди дигари Чин, ки суроғаашро шаҳри Душанбе нишон додааст, ҳамчун саҳмдори ширкати офшории “Famous city interprisese Limited” сабт шудааст. Ин ширкат аз марти соли 2011 то моҳи сентябри соли 2015 фаъолият доштааст. Бар асоси иттилои нашршуда “Famous city interprisese Limited” низ миёнарави ширкати “ORION HOUSE Survises limited” будааст.

Чиао Нан, (Jiao Nan), саҳмдори ширкати “Macforth Industries (N) Limited” суроғаашро шаҳри Душанбе кӯчаи Фарҳод 36 сабт кардааст. Ин ширкат 2 ноябри соли 2010 ба қайд гирифта шуда, то ҳол фаъолият дорад. Суроғаи ҳуқуқии ин ширкат низ Ҳонг Конг сабт шуда, ба содироту воридоти мол аз Чин машғул аст.

Бао Ҷиа Ронг, (Bao Jia Rong), шаҳрванди Чин, ки суроғаашро шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон-22 нишон додааст, дар ҷазираҳои Вирҷиния зери унвони “Ekea holdings limited” ширкати офшорӣ доштааст, ки аз 3 апрели 2001 то 3 майи соли 2011 фаъолият кардааст. Ин ширкат ба ҳайси миёнарави ширкати бузург-Cosmos secretaries limited фаъолият кардааст, ки дар Ҳонг Конг ҷойгир буда, дар тобеияташ даҳҳо ширкати офшорӣ дорад.

Дар баробари шаҳрвандони Чинӣ, шаҳрвандони Швейтсария низ суроғаашонро Тоҷикистон гуфта, дар ҷазираҳои Вирҷиния ширкатҳои офшорӣ кушодаанд. Аз ҷумла Катерин Меделейн Мерседал Гейс ва Бернард Мария Филип Гейс, шаҳрвандони Швейтсария бо ҳуқуқи баробари моликият ва меросгузорӣ моҳи августи соли 2014 дар ҷазираҳои Вирҷиния ширкати “Mercer invest company ltd”-ро ба қайд гирифтаанд, ки то ҳол фаъолият дорад. Ин шаҳрвандони Швейтсария суроғаашонро шаҳри Душанбе, кӯчаи Ломоносов 470-2 нишон додаанд. Ширкаташон “Mercer invest company ltd” миёнарави ширкати маъруфи “Helene Methieu Legel consultants” муаррифӣ шудааст, ки дафтараш дар Дубай ҷойгир мебошад. “Helene Methieu Legel consultants” аз маъруфтарин ширкатҳои ҳуқуқии Дубай мебошад, ки ахиран дар пайи фошкориҳои “Авроқи Панама” атрофаш баҳсҳои зиёд бархостанд. Расонаҳои Ғарб ахиран хабар доданд, ки ширкат ба сиёсатмадорҳо, варзишгарон, нашъаҷаллобон ва ширкатҳои нафтӣ барои гурез аз андоз кӯмак кардааст.
Мӯҳр
IRS
аз IRS ягон гап не ми, арвохи панамаба?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)