Бахшҳо

М. Кабирӣ: Гуногунандешӣ сохтори фарҳангиву иҷтимоии моро вайрон мекунад

Равоншиноси тоҷик муътақид аст, дар шароити феълӣ ворид кардани гуногунандешӣ дар ҷамъият сабаби “вайрон шудани сохтори фарҳангиву иҷтимоии мо” мешавад.

Маҳмуд Кабирӣ, мудири кафедраи равоншиносии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, кишвар ҳоло дар даҳаи санъату фарҳанг қарор дорад, ки зинаи баъдиаш вобаста ба сохтори инсон даҳаи илм хоҳад буд. Ӯ дар як суҳбат дар барномаи “Бовар”-и Радиои Тоҷикистон таъкид мекунад, даҳаи оянда даҳаи фарҳанги хоси миллии мост, ки ҳоло заминаҳои он сохта шудаанд: “Пайдо шудани Пешвои миллат нишонаҳои пайдо шудани шуури миллат аст. Идеяи ғояи миллӣ қадамҳои аввали худро зада истодааст. Барои ҳамин агар ҳозир гуногунандеширо дар ҷамъият ворид бисозем, сабаби вайрон шудани сохтори фарҳангиву сохтори иҷтимоии мо мешавад. Чунки ҳанӯз идеяи миллӣ ташаккули пура наёфтааст”.

Маҳмуд Кабирӣ дар идома мегӯяд, ҳар андешароние, ки шаҳрванди Тоҷикистон мекунад бояд қувваи созанда дар идеяи миллӣ дошта бошад. Ӯ дар ин суҳбат баъзе аз нозирони иҷтимоӣ ва мақомоти тоҷикро танқид кардааст, ки бештар ба зоҳири кӯдакону наврасон диққат медиҳанд ва ботини онҳоро назорат намекунанд: “Бояд мақомот ба омӯзиш ва андешаронии ҷавонон бештар таваҷҷуҳ кунанд, то онҳо ба эҷодкорӣ ва ихтироъкорӣ бирасанд”.
Мӯҳр
е
Шамол аз кучо вазад, хамон тараф гап мезани.

Бекор
Бе гуногунадеши ва озодии баен, чамьият хеч вакт пеш намеравад ва рушди иктисоди ва ичтимои имконпазир нахохад шуд.

Агар як устод, ба қавле равоншинос, ин хел андеша дошта бошад, дигар чӣ ҳам гӯем?
Андешароние ки дар як рамкаи сиёсӣ ҷо дода мешавад, ягон чизе бағайр аз "мусор" ва радикализм ба бор намеорад, муҳтарам олим . Зиёда аз ҳафтод сол СССР бе гуногунандешӣ андешаи миллӣ сохт, миллати шуравӣ сохт, оқибаташ чӣ шуд? Боз чӣ мисол барои шумо лозим аст?

Сад дареги илму олим!

Dev
“Пайдо шудани Пешвои миллат нишонаҳои пайдо шудани шуури миллат аст"
Kadom shuurro dar nazar dored?

Дилшод
Озодагон агар хуму аввалумшда М.Кабири наменавишти хеч кас и мавзура намекшод. Ачаб доноенннуууу.....

Агар гуногунандеши сабаби вайрон шудани чам'ияти мо шавад, аз ин бармеояд, ки мо миллати "99" хастем, я'не аз дигар миллатхои пешрафта шуурнокиамон паст аст?

Нагз, "олими" мухтарам. Ба шарофати "хулосахои илман асосноки" шумо акнун барои раъйпурсии чорум хам асос пайдо шуд. Ин навбати м.8 Конститусия тагйир дода шуда, гуногунандеши зарарнок эълон мешавад. Ва бо ин накши таърихии шумо барин "аломаи даврон" барои рушди миллат боки мемонад. Ура!!!!!!!!!!!!!

точикистони нав
ин бечораро аз боло фармудаанд ва ё олим нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)