Бахшҳо
26 май 2016 12:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сардори маориф ва ноиби Убайдуллоев осори ҷанг дар боғчаро наёфтаанд

Ҳамиддуллоҳ Фақеров, сардори маорифи Душанбе, мегӯяд ҳамроҳи Ҷамила Лангариева, ноиби раиси шаҳр хабари ҷанҷоли мудири боғчаи 129 бо яке аз мураббияҳоро санҷидаанд, вале тасдиқи онро наёфтаанд.

Фақеров имрӯз, 26 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳамроҳи Ҷамила Лангариева, муовини раиси шаҳри Душанбе барои муайян кардани ин ҳодиса ба боғча рафтаанд: “Маълум гардид, ки чизе рух надода будааст. Агар чунин ҷанҷол миёни мудир ва мураббии боғча воқеан рух медод, онро то охир мавриди санҷиш қарор медодем. Лекин чизе нашудааст. Ростӣ ман ҳайронам, мудири ин боғча як зани 58-солаи таҷрибадор ва хеле инсони хубу ором аст. Марҳамат рафта бинед. Дар ин бора агар ягон навор бошад, марҳамат пешниҳод кунанд ба мо”.

Радди ҷанҷоли мудири боғча ва яке аз мураббияҳо аз ҷониби Ҳамиддулоҳ Фақеров дар ҳолест, ки 24 май оҷонсии “TojNews” аз қавли манобеи худ хабар дод, ки ҷанҷоли мудири боғчаи 129-и пойтахт бо яке аз мураббияҳои ин муассиса дар ҳузури кӯдакон то мӯйканиву куртадаронӣ расидааст.


Акс аз интернет
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)