Бахшҳо

Пурсиш: Аз будану набудани “Занги камолот” чӣ суд?

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо судури як қарор таҷлили “Занги камолот” барои хатмкунандаҳои синфҳои 9 ва 11-ро дар тамоми макотиби миёнаи кишвар манъ кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин тасмим, “Озодагон” ин навбат аз соҳибназарони тоҷик пурсид: АЗ БУДАНУ НАБУДАНИ “ЗАНГИ КАМОЛОТ” ЧӢ СУД?


Толиб САНГИН, сокини шаҳри Душанбе
Номи ин маросим нодуруст буд, яъне бо зангӯла ба камол намерасанд. Аз ин маросим ҳеч суде ҳам нест, гуруҳ-гуруҳ бетартибона, бо дашному таҳқир (ки чунин дашному таҳқирро шӯхӣ мегуфтанд) дар кӯчаҳои марказиву хиёбонҳо ва гулгашту боғҳо мегаштанд. Аз набуданаш суд ҳаст, яъне мардуми шаҳр аз чунин “шӯхӣ”-ҳои “бакамолрасидагон” осуда мемонад.

Маҳди СОБИР, таҳлилгар
Бояд шаҳрвандон аз ин тасмими вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намоянд. Воқеан манъи таҷлили "Занги камолот" як пешниҳоди саривақтист, зеро он ягон хусусияти мусбати тарбиявӣ, илмӣ ва фарҳангӣ надорад. Баръакс чанд ҷанбаи манфӣ дорад. Аввалан ба буҷаи оилаҳо хисорот ворид мекард. Дуввум ҷавонон дар рӯзи ҷашн худро озод ҳис карда, ба беодобиҳо даст мезаданд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то дергоҳ доду вой ва хақорат карда мегаштанд. Дар баъзе маҳалҳо шабнишинӣ карда, май нушида, ба ҷангу ҷанчол ва таҷовуз даст мезаданд. Ҳатто солҳои пешин онҳо мастона ба мошин нишаста, ба садама ҳам дучор шуда буданд. Бояд ҳамаи волидон аз вазири маориф ва илм миннатдор бошем ва минбаъд ҳеч гоҳ дар мактабҳо ба чунин чорабинии ғайрифарҳангӣ иҷозат дода нашавад.

Шоистаи РАВШАН, адиби тоҷик
Мактаб макони муқаддас аст ва аз он ҷо дарахтони навниҳоли маърифат парвариш ёфта, дар ҷомеа меваҳои ширини маънӣ медиҳанд. Барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсияти ҳар як шогирд тарбияи ахлоқӣ хеле муҳим аст. Ҳамеша аз рӯзи нахустини ба мактаб қадам ранҷа намудани шогирдон мактаб онҳоро бо ҷашни “Занги аввал” пешвоз мегирад. Дар хотираи ҳар як шогирди мактаб ин рӯз оғози таҳсил, илм ва маърифат нақш мебандад. Ҳар падидае, ки оғоз дорад, бо анҷоми зебо хотирнишин асту ҷанбаи ахлоқӣ дорад. Мо хабар дорем, ки дар мактабҳои ҷумҳурии Тоҷикистон Занги охирин ва ҷашни хотимавии мактаб аз ҷониби вазорати маориф манъ карда шудааст. Агар ба ин қазия аз ҷониби мантиқӣ бингарем, чаро шогирдон дар соли охир, дар рӯзи ҷамъбастии таҳсилот хилофкорӣ мекунанд. Ҳодисаҳое ба чашм мерасанд, ки дар ин рӯзҳо шогирдон гирифтори эҳсос, ҳаяҷон мегарданд, яъне замони шодиву сурури онҳо мисле, ки ба охир расидааст. Табиист, ки натиҷаи чунин бардошти иштибоҳангез дар ниҳон, дар рафтори ин гуна шогирдон хатаре эҷод мекунад. Мо фикр мекунем, ки ҳар чизе, ки манъ карда мешавад, пас аз он мафҳуми пинҳонкорӣ пайдо мекунад. Бо манъ кардан, рафтори онҳоро наметавонем иваз бикунем. Аз оғоз дар мактабҳо ба ҷанбаи рафтори ахлоқӣ, дарсҳои адаб, кори илмии равоншиносӣ, муносибатҳои инсонӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард. Ҳар як шогирд бидонад, ки нисбати мактаби худ, номи мактаб, эҳтиром ба хидмату заҳмати омўзгорон бигузоранд. Яъне дар ин рузҳои анҷомгирии таҳсил, дар Занги охирин шогирдон паҳлуи омузгорони азизи худ ҷамъ биёянд ва беҳтарин ва самимитарин каломи ширину эҳсоси сипосгузории худро баён намоянд. Бигзор аз шиддати ҳаяҷону сипос, эҳтиром ва дӯстдори нисбати муаллимон ашки ҷудоӣ бирезанд.

Муҳаббат ҶӮРАЕВА, омӯзгори мактаби №1- шаҳри Ваҳдат
Ман ҷонибдори тасмими манъи “Занги камолот” дар макотиби миёнаи кишвар мебошам. Ин як ташвиш ва хароҷоти зиёдатӣ буда, фикр мекунам лозим нест. Вақти таҷлил аз “Занги камолот” бисёр нохушиҳо ва рафторҳои бемаъние миёни хонандагон сар мезанад, ки нороҳаткунанда ҳастанд. Барои ҳамин беҳтар аст, ки гузаронида нашвад.

Фирӯза ЭМОМОВА, модари се хонандаи мактаби миёна
Ба назари ман гузаронидани чорабинии “Занги камолот” дар мактабҳо бо он сабаб манъ шуд, ки пеши роҳи хароҷоти зиёд шавад. На ҳар волидайн имкони чунин харҷҳоро дорад. Аз дигар тараф, агар ин маросимро дар доираи мактаб хамчун хайрухуш давоми 2 ё 3 соат бе сарфакорӣ мегузаронданд, ин қобили қабул ва ҳамчун як хотира барои мактаббачагони хатмкунанда мемонд. Беҳтар мебуд, агар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба дарсгузаронии устодони макотиби миёна, оид ба таъмири синфхонаҳои мактаб низ фаъолона кор мебурд. То кай волидайн пули таъмири мактаб медиҳанд?

Асомиддин РАМАЗОНӢ, муаллими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз будану набудани ин маросими бо ном “Занги камолот” ҳеч дигаргуние дар соҳаи маориф нахоҳад шуд. Аз чанд ҷиҳат набуданаш беҳтар аст. 1. Аз сарфи зиёдатии маблағ, ки падарону модарон ба фарзандонашон медиҳанд, ҷилавгирӣ мешавад;
2. Аз ҳар гуна амалу ҳодисаҳои тасодуфию ғайриахлоқӣ, ки дар ин рӯз баъзе хонандагони макотиби миёна анҷом медиҳанд, пешгирӣ мешавад.

Шукрона ҲАЛИМОВА, хонандаи мактаби миёна
Ман ҷонибдори ҷашни “Занги камолот” ҳастам ва ин рӯзро чанд соли охир мунтазирам. Дар синфи 10 мехонам ва мехоҳам мисли солҳои тпеш мо ҳам онро ҷашн гирем. Дар мавриди бетартибиҳо бошад, гуфтаниям, ки боре дар мактаби мо ин гуна ҳодисаҳо рӯх надодааст.
Мӯҳр
Салимшо
Вазири маориф ва дигар вазирон низ хама фанатик шуданд. Давлати мо бо доираи фанатикхои исломи ракс дорад, дар курган дискатекахоро махкам карданд, имруз занги охиро манъ карданд, фардо бинед занхои берумолу мардхои бенамозу рузаро зери фишор карор медиханд... соли наву зодрузро хам ба хамин хотир манъ карданд...ду муллои ришдор ин кадар ба хукумат таъсиргузор аст...Метрасам кадом руз ба хотири пешгири аз фахш издивоч бо духтарони 9 -сола хатми мешавад ё

Маънои 11 соли хондан маҳз дар ана ҳамин "Занги камолот " ҳаст. Метарсам дар вақтҳои наздик дар Тоҷикистон нафас кашиданҳам манъ хоҳад шуд!!!

3
Можно провести культурно на территории школы с участием устодов без кушанье в виде концертов вспоминание и других мероприятие.

хукукшинос
Салимшо,
Илм надори каментария накун. Чохил наход, ки одитарин чизро нафахми дискатекахои чои мардуми точик нест бояд турохам баробари хамон дискатека аз озоди якумра махрумат мекарданд. Бесавод, ки хасти дискатека дар кучо ба давлат чомеа ва халк тарафи мусби дорад. Ту боши ховарта бар кати хамон бачо ракс кунад

Мирзо Максудов
Ба андешаи ман, "ба хотири кайк шуда пустинро нашояд сухт". Занги охирин маросимест, ки дар калби насли солхои пешин чойгир шудааст. Вокеан хам ин самараи мехнати маорфичиёни замони шурави аст, ки бузурги, шукуху шахомати он наслро хочат ба ашрху эзох нест. Ба андешаи ман ба хотири "беинтизоми накардани хонандагон" манъ кардани чорабини нодуруст аст. Ин амал аз як чихат далели тарбия карда натавонистани муаллимон шогирдонашонро аст. Мо насли замони шурави хастем. Икрор мешавам, ки шояд шухихое, ки мо он солхо мекардем, насли имруз камтарини онро накунанд. Бехуда нест, ки имруз чун устодони худро гохо вомехурам, мегуянд: шухихои шумо мазмуну мантик дошт. Шумо шухихоро хам ба чояш меовардеду хуб хам мехондед. Ин гуна манъкунихо ба фикрам окибати хуб хам надорад. Тавре мушохидахо нишон медихад, хама коре, ки манъ ва пайгири шавад, бо шакли дигар зухур мекунад.

Зарина
бояд аз хама чиз хотирот монад аз донишчуи аз талабаги барои хамин бояд чашн гирифта шавад ва хонандагони синфи 11 инро чашн гиранд, чунки солхои пеш мо хам талаба будем ва занги охирин мегуфтем чашн гирифтем ва то хол аз он хотирот хаст. бетартиб бе занги охирин хам бетартибияшро мекунад, чунки уро дар оила тарбият накардаанд

Шумо як чизеро намедонед. Дар ҳамин занги охире, ки шумо мегӯед чӣ қадар духтарон бе обрӯ шуданд, ҳатто дар мактабҳо ҳамин корҳои фаҳш дар ҳамин рӯз шудааст. Шумо мехоҳед, ки ҳамин идома ёбад. На идома намеёбад. Ман тарафдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонам. Як кори хубе ҳам мекардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)