Бахшҳо

Дастури раиси Душанбе барои фаъолияти тарабхонаҳо ва ҷилавгирӣ аз зиёдаравиҳои динӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе 6-уми июн дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон бо баргузории ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ ба раисони тарабхонаю меҳмонхонаҳо дастур додааст, ки реҷаи фаъолияташонро тағйир надиҳанд.

Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев роҳбарони меҳмонахонаю тарабхонаҳо, марказхои савдою тиҷоратӣ ва сохторҳои хизматрасонии тамоми соҳаҳои шаҳрро муваззаф намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон бе тағйири реҷаи кории амалкунанда дар сатҳи баланд фаъолият намоянд. Ӯ мақомоти марбутаро вазифадор кардааст, ки риояи реҷаи фаъолияти сохторҳои хизматрасониро дар моҳи Рамазон назорат баранд.

Раиси Душанбе инчунин барои назорати сифату ғановати маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба рекламаи носолиму бардурӯғ дар таблиғи молу маҳсулот, пурзӯр намудани назорати санитарию эпидемиологӣ, беҳбуди хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи мақсадноку таъинотии ҷойҳои ҷамъиятӣ, пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ ва пурзӯр намудани назорати риояи регламенти шаҳр оиди то соати 23 фаъолият кардани марказҳои маишиву хизматрасонӣ супориш додааст.
Мӯҳр
аз ресторанда фикри мактаббачахора кунем, чанговар тайёр мекунанд ё олим, бо пойтахт аст, дар дехахао чи гап бошад

Беном
уффффф. Бас будагист ин кадар худнамои. Мардум базур зиндагиашро мебараду, Раиси шахр дар бораи фаъолияти тарабхонахо гап мезанад. Кадом камбагал ифторро дар тарабхона гузаронида метавонад?????

точикистони нав
шумо муздурони рус исломситези кардангиред асос миллат мусалмон аст аз худо метарсад!

rahmat
Дар носолимии фаъолияти тарабхонахо нодурустии системаи андозбанди ва сисетемаи нодурусти хисоб куни андоз сахт вобаста мебошад

Пурдил
Убайдуллоевашхам гапе набудаст! Боз баъзехо таърифаш мекунанд, ки мусалмону намозхон асту тамоми ахлу байташ намозиянд! Холо мебинем, ки ин "мусалмон" талаб дорад ресторану тарабхонахои аракхури дар Рамазонхам фаъолият кунанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)