Бахшҳо

Меҳмоншоҳ Шарифзода: Руҳи Тоҷик, пӯёст, на шахшуда

Мусоҳибаи ихтисосии Ҳумайрои БАХТИЁР бо ҷомеашинос Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА


ҚИСМАТИ АВВАЛ

ҚИСМАТИ ДУВВУМ

ҚИСМАТИ САВВУМ

ҚИСМАТИ ЧОРУМ

Ҳумайрои Бахтиёр: Чаро ҳокимон мехоҳанд, ҳама хешу таборашонро дар курсии мансаб бубинанд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Аввал ин ки “чаро мехоҳанд?” Чаро ки дар мамлакате, ки имкони фазосоӣ нест, бунёди иқтисод ва иҷтимоиёт хароб аст, илм ба истеҳсол наздик нест, мардум ноумеданд аз ояндаи худ, ягона роҳи будан барои мансабдорон ва авлоди онҳо, албатта ба фикри онҳо, ин мансабҳои худро ба фарзандон ва хешу табори худ ба мерос гузоштан аст. Чаро инҳо мехоҳанд? Чаро ки мансабро нашинохтаанд барои чист ва ҷавобгариву масъулиятро ҳис намекунанд. Ҷавҳари ин маънӣ чӣ гунае ки дар боло чанд ҷой зикр кардаем, масъалаи субъективият ё худсозист, ки озодӣ, истиқлол ва қудрат дар ин падида ё раванд зуҳур мекунанд ва аз он об мехуранд. Яъне як нафар, ки ба сиёсат даст мезанад технологияи худӣ–ҳақиқат-қудрат ва фазо (ҷаҳон)- созиро бояд гузашта бошад, то тавонад худ ва дигаронро ба ҷое расонидан. Албатта, ин маънӣ дар ҷомеаи солим метавонад арзи вуҷуд кардан ва кор кардан ва дар муҳити Тоҷикистони имрӯза ин арзишҳо гӯиё, ки зарур нестанд. Зеро таркибҳои фарҳангӣ, ки муносибатҳоро дар ҷомеа ва дар фазои сиёсӣ нигаҳдоранд, хароб шудаанд. Воқеан ҷомеа на ба он сӯ равонааст, ки орзу ва умеди ҳама мардуми Тоҷикистон бояд бароварда шавад, на дар он самтест, ки истиқлол ва ваҳдат бояд шакл гиранд. Аз ин рӯ гуруҳе ки дар сари давлатанд ин мансабҳоро ба фарзандони худ ба мерос гузоштанианд. Акнун, шояд “пешво” ҳанӯз мансаб набошад, ҳарчанд, ки дар қадим дар бисёр қабилаҳо пешво ҳам меросӣ буд, вале аз мансаби Президент сар карда, то вазирон ва роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ҳама вазифаҳо меросӣ мешаванд, зеро ба гуфти худи ин мардум ҳанӯз “аз нон сер нашудаанд”. Дар ҷомеаи баста, ки “бузургон” аз бефарҳангӣ сиёсати рӯ ба раҳми Худоро хуб истифода карда қисмати зиёди мардумро ба бекорӣ ва муҳоҷирати иҷборӣ фиристоданд ё ба гуфти Агамбен (Agamben) ба “ҳомо саккер” (homo sacer) табдил додаанд, инчунин дар ҷомеа ҳамаро тавонистаанд “кафшер” кардан, аз ҷавобгарӣ ва масъулият ҳарф задан, бо элак об бехтан аст. Инсоне даркор, ки дар баробари дигарон, ақалан дар баробари наздикони худ масъулият ва ҷавобгариро, аз мансабе, ки ӯро бовар кардаанд, ҳис карда тавонад. Яъне, роҳе худсозиро гузашта ва шинохти дигарон ва ҷомеаро дошта бошад ба ғайр аз ин ки мутахассиси хубе ҳам бошад.

Ҳумайрои Бахтиёр: Лутфан, ҳарфи Агамбенро шарҳ диҳед?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Ба фикри Агамбен, “ҳомо саккер” ин касе берун аз қонун аст, ки “куштанаш мумкин аст, вале қурбон карданаш номумкин”. Масъалаест барои шинохти истиқлол ва берун мондани қисмате мардум аз ҳимояти қонун ва истиқлол. Аслан дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷавононеро, ки ба гуруҳҳои “ҷиҳодӣ” пайвастаанд ва дар мамлакат “хоинони ватан” эълон кардаанд, ба ин падидаи тавсиф кардаи Агамбен, ҳомо саккер метавон дoхил кардан. Аслан ҳолати ба вуҷудомадаи равонӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ чунин аст, ки эҳтимолияти ба ҳомо саккер табдил ёфтани шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд аст пеши ин рӯйдодро наметавон бо тарсонидан ва бо ҳарфҳои холӣ гирифтан. Воқеан ин масъалаест, ки махсусан дар қаринаи Тоҷикистон ба таҳқиқот ниёз дорад, ки метавонад барои шинохти падидаи “салафӣ”, “ҷиҳодӣ” дар ҷомеаи мо кӯмак кардан ва инчунин ба саволи “чаро ҷавонони мо ба Сурия мераванд?” ҷавобе дуруст додан.

Ҳумайрои Бахтиёр: Ҷавононе, ки дар солҳои охир Донишгоҳҳои бонуфузи Аврупову Амрико ва дигар кишварҳои пешрафтаро хатм кардаанд, шикоят мекунанд, дар мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба кор кабул намекунанд. Магар мақомдорони мо аз онҳо хавф доранд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Бале, чунин аст. Ин давоми сиёсати “чархро кафшер кардан”, яъне берун кардани дигар минтақа ва маҳаллҳои Тоҷикистон аз давлатдорӣ ва ба мерос гузоштани мансабҳо барои фарзандон ва хешу табори худ аст, ки оқибаташ тавре зикр кардем, мисли зардпечак паҳншудани фасод ва маризиҳои дигар аст. Аслан, ҷавонон дар мақомот дар коре гирифта шаванд, наметавонанд дар баробари фасод ва маризиҳои дигари ба система табдилёфта муқовимат кардан. З-инрӯ бояд ин системаи шаклгирифта шинохта ва шикаста шавад, то имкони вуруди маъниҳои нав ба фикрҳо ва ҷомеа бошад.

Ҳумайрои Бахтиёр: Ба назарам психологияи ҳокимони кишварҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳамин тафовутро дар ҳокимони мо дар чӣ мебинед?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Бале, чунин аст. Дунёи равонии инсон сатҳест, ки маънавиёти инсон шакл мегирад ва нуму мекунад ва фарҳанги ҳар кишваре вобаста ба сохтор ва таркибҳои маънавии намояндагони худ аст. Дар ин маврид ҳарфи амиқи равоншинос Ҳилманро овардем, ки дунёи равонӣ маъниҳоро ба воқеият ва воқеаҳоро ба таҷриба табдил медиҳад, бо муҳаббат муносибат мекунад ва бо марг муносибате махсус дорад. Ва он чи Устод Шакурии Бухороӣ мегуфт, ки “ҳаёт амрест маънавӣ” худ ишорат ба ҳамин маънӣ буд, ки ин маънавиёт аст ки метавонад ҳар як миллатро дар давраҳои гуногуни таърихӣ солим ва пурқудрат нигоҳ доштан. Ё Мавлоно ҳам ишорате дорад дар ин маънӣ, ки
Ҷон набошад ҷуз хабар дар озмун,
Ҳар киро афзун хабар ҷонаш фузун.


Руҳи инсон, ба хусус руҳи Тоҷик, пӯёст, на шахшуда ва ин ҳолатро бояд шинохт. Воқеан дар ин минтақа Тоҷикон ин маъниро бо будани худ ба исбот расонида буданд, ки мардуме фарҳангофар ва солоранд. Мутаассифона, турктозиҳои зиёд ва манқурташавии шӯравӣ то ҷое ин руҳи фарҳангсозро хаста кард ва ин буҳрони давомдор, ки ҳаст ҳосили он шикастҳо ва хастагиҳост. Имрӯз дар нуқтае, ҳастем ки ин нуктаро бояд дарк кард, ки хиёнат ба маънавиёти ин мардум ин воқеан хиёнат ба қудрат ва давлатдории ин мардум аст.

Ҳумайрои Бахтиёр: Олуда будани мақомоти тоҷик ба фасодро ҳоло ҳатто дар берун аз кишвар ҳам медонанд. Дигар наметавон ин равандро ба эҳтиёҷ рабт дод. Чун аксари онҳо солҳои дароз сари қудратанд. Пас чаро қонеъ намегарданд? Ва ниҳоят чашмгуруснагӣ ҳад дорад?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр! Воқеан ҳамин аст, инҷо агар танҳо шахсияте мухотаб бошад бо ҳарфи шайх Саъдӣ иктифо кардан мумкин буд, вале имрӯз аз амалҳои Алимардонов ва дигар амалдорони Тоҷик номи Тоҷикистон дар саҳифаи рӯзнома ва маҷаллаҳои дунё ҳамчун давлате фасодзада ёд мешавад. Ин маъниест, ки ҳатман реша дорад дар худогоҳӣ, боварӣ ва истиқлол. Ва ин кор солҳо боз давом дорад ва ишорат дорад ба ин, ки марказ ё “боло” ё қудрат дар Тоҷикистон дар сатҳе нест, ки дасти фасодро аз вуҷуди худ кутоҳ кардан тавонад. Ин падида бешармиест, ки воқеан нуфузи давлатро дар сатҳи байналхалқӣ ба ҳеч мебарад. Ва ин танҳо қисмати болои пиряхи обист, ки дар борааш мешунавем қисмати аслиаш, ки намебинем, вале бо тамоми ҳастӣ ҳис мекунем, яке аз пояҳои буҳрони давомдор ва воқеияти хашини равонӣ дар Тоҷикистон аст. Аз ин воқеияти беномусии шаклгирифта зиёд амалдорони Тоҷик ва наздикони онҳо ба гуфти худ “зиндагии худро ёфта истодаанд”. Акнун, чӣ ҷои лоф задан аз миллати солор ва фарҳангсоз аст, ки амалдоронаш наметавонанд кор ва созандагиро дар ин мамлакат, ки ҳама чиз ва ҳама каси заруриро дорад, ташкил кардан ва худ ба кӯмакпулии давлатҳои хориҷӣ зиёд ниёз доранд. Ва ин ниёз ҳеч ба охир намерасад чунон ки пули ҷудошудаи ниҳодҳо ва сафоратҳои мамлакатҳои хориҷ ҳам ба мардуми ниёзманд ба пуррагӣ намерасад. Яке аз маъниҳои хиёнат кардан ба маънавиёти Тоҷик, ки хиёнат ба қудрат ва давлатдории ин миллат аст, ҳамин аст.

Ҳумайрои Бахтиёр: Вақтҳои охир дар амалҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон рўи даст мегирад, ҳамеша саросемакорӣ дида мешавад. Сабабаш чист?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Аслан бо амалҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯи даст мегирад, коре надорем, зеро онҳо “бурҳони қотеъ” доранд ва шояд хонандагон қиссаи “бурҳони қотеъ”-ро шунида бошанд. Вале саросемагӣ ва парокандагуфториро дар суҳбатҳо ва таҳлилҳои “стратегҳо” ва “исломшиносҳои” ҳукуматӣ дидан мумкин аст. Сабабаш набудани фикри пӯёи ақлонӣ ва таҳлилӣ дар муҳаққиқон ва стратегҳои мост. Ва ё чунин фикр ҳаст, вале аз сабаби набудани фазои озоди гуфтан ва мардонагии ақлӣ надоштан, ки ҳарфи ҳақро ба қудрат бирасонанд боиси шикасти ин пуёи дар фикр ва ба вуҷуд омадани ҳолати шизоидӣ дар ҳарфҳои онҳо гаштааст. Яъне чун ҳарф мезананд эҳсосоти ин мардум бо ақли онҳо дар ихтилоф аст ё аниқтараш медонанд чӣ мегузарад, вале дурӯғ мегӯянд ва ё ҳарфе мегӯянд, ки аз воқеият фарсахҳо дур аст. Ин ҳам аз падидаҳои воқеияти равонии Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз дар буҳрон аст.
Мӯҳр
Баъди мутолиаи он чанд нукта маро водор кард, ки андешаҳоямро бинависам. .... Бехтарин маколае, ки дар ибтидои соли равон дар ин сомонаи бонуфуз .... ОЗОДАГОН руи чоп омад. Ва як чизро қайд менамоям ин хукумати фасод ба навиштани ингуна маколахо ниёз надорад, чунки парвои миллати худро ба пурраги надоранб. Инчо хамаи навиштаҳои Акаи Мехмоншо, комилан дурустан ва хочат ба байен нест. Устод - Лутфан чони худро дар хатар надозед чунки хаккикат хамма вахт талх аст. Ман хамаи маколахои шумо ки дар интернет нашр шудаанд, хондаам ва аз онҳо баҳравар шудам.. Кош ингуна олимон чун Шумо зиетар шаван аммо мутасифона хама лаганбардоран. Дастатон дард набинад. Чахони сипос ба Шумо!

Адиб
Меҳмоншо Шарифзода фарди сарбаланд, ростгу, миллатдуст, ватанпарвар буда диди фарох дорад, чанд сол боз аз тоҷик будан мешармидам, чунин дошишмандони асилро дида дубора умеде дар гушаи дилам пайдо шуд, ҳама намурдаанд, ҳама лаганбардори бешараф не. Ба тамоми маъни устод донишманду миллатпарвар аст, сад сола шавед!

мехмон
Хамааш дуруст ! Аммо Исломшиносхоро ба хукумати ва халки чудо кардан нодуруст. Ислом ва китоби он якто хаст .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)