Бахшҳо
07 июл 2016 16:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дастур барои ҷилавгирии марг аз консерваҳои худсохт ва интиқод аз кашолкории масъулини тиб

Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ аз ҳодисаҳои ботулизм дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.

Тибқи иттилоияи расмӣ Азим Иброҳим таъкид кардааст, ки ҳодисаҳои ботулизм мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо сабабгори фавти мардум гаштааст: “Ин ҳодисаҳо бо сабаби истеъмоли консерваҳои дар шароити хона тайёркардашуда ба вуқуъ пайвастаанд”.

Бо зикри ҳолатҳои марги шаҳрвандон аз консерваҳои дастсохт муовини сарвазир ба Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш додааст, ки дастурамал барои бехатар тайёр намудани консерваҳоро дар шароити хона таҳия кунанду, ба аҳолӣ пешниҳод намоянд.

Азим Иброҳим инчунин аз кашолкориҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон интиқод намудааст. Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи қарори ҳукумат «Дар бораи Низомномаи мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрока ва сиҳатии аҳолӣ» бояд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод мегардид, ки то ҳол амалӣ нашудааст.

Ноиби сарвазир масъулинро муваззаф намудааст, ки назорат дар самти таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ тақвият дода шавад.
Мӯҳр
Хами ма чи каромате дорамки чизера аз дилам гузаронам хамон кор мешавад!!!
Хами хозир дили ман гуфтестай,ки вакилони хушомадгуи дарбори дар паи конуни нав дар бораи дар хонахо омода кардани консервахора манъ карданад. Магиранд як нишондоди калбаки омода намуда дар он нишон медиханд,ки соли гузашта чандхазор нафар аз консерваи худсохти хонаги ба бемориву ба халокат расид!!!тамом мекунанд манъ консерваро дар шароити хона омода карданашро. Баъд як гурух комисиячахои чашмгурусна ташкил намуда хона ба хона гашта аз огилхона то чердаку падвалу хочатхонахо хабар мегиранд ва протоколи маъмури тартиб медиханд агар ёфтанд ягон банка варени ё компоту салат!!!
Худо нигахбон шав ин мардуми дар холи факр карордоштаро.
Ин дарборихо харчики хоханд фармон мебароранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)