Вазири фарҳанг: Ман театр наравам, шумо наравед, кӣ меравад?

Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз зиёиёни кишвар даъват кард дар рафтан ба театрҳо пешсаф бошанд.
Шамсиддин Орумбекзода имрӯз, 22 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, “шаҳрванди Тоҷикистон ману шумо ҳастем. Ман наравам, шумо наравед кӣ ба театр меравад? Барои ҳамин бояд зиёиён ба қавле байрақбардори ин кор бошанд”.
Оқои Орумбекзода дар идома ин андешаро, ки ҳоло одамон ба театрҳо намераванд, нодуруст хонд. Ӯ гуфт, воқеан дар баъзе чорабиниҳо мардум кам иштирок мекунанд, вале дар маҷмӯъ вазъи театрҳо хуб аст: “Баъзе чорабиниҳои алоҳида мешаванд, ки мо донишҷӯёнро ба хотири тақвияти зебопарастӣ ва тарбияи маърифатпарастӣ ҷалб мекунем. Сарбозонро ҳам ба театр ҷалб кардан ягон ҷойи айб надорад. Он сарбозоне, ки хизмати шоиста мекунанд, ба тариқи ҳавасмандӣ баъзан ба театри “Опера ва балет” ройгон даъват мекунем”.
Шамсиддин Орумбекзода мегӯяд, Вазорати фарҳанг роҳҳои ҷалби тамошобинонро ба театр ҷустуҷӯ мекунад. Ӯ тағйир додани репертуари тетарҳо ва ҷавобгӯ кардани намоишҳо ба талабот ва завқи тамошобини имрӯзаро яке аз роҳҳои ҷалб кардани мардум ба театр гуфт: “Шӯрои бадеӣ таъсис додем, ки намоишҳоеро, ки ҷавобгӯи талаботи даврон ва мардум нестанд, иҷозаи намоиш намедиҳад”.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба ин ки худи ҳунармандони театр наомадани мардумро тасдиқ мекунад, гуфт: “Аз чунин коргардон ё ҳунарманде, ки ба ҷойи кушиш кардан як намоиши зеборо мавриди тамошо қарор диҳад, худаш аз кори худаш шикоят мекунад, мутаасифам. Ин беҳунарии чунин ҳунармандон аст”.
Орумбекзода инчунин сензура шудани китобҳо аз сӯи Вазорати фарҳангро рад кард. Ӯ гуфт, “дар Конститутсияи мо аслан сензура вуҷуд надорад. Сензура мероси даврони Шӯравӣ буд. Дар айни замон ягон сензура дар вақти интишори китоб ҷой надорад. Умуман, сензура надорем”.
Ӯ гуфт танҳо китобҳое, ки ба таҳқир ва беэҳтиромӣ нисбат ба як миллат ва шахс роҳ медиҳанд, аз чоп боз дошта мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |