Бахшҳо

Ҳалокати шоираи ҷавон, навзод ва 5 ҷавони дигар дар пайи сангрезӣ дар Айнӣ

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ 7 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, садама баъди зуҳри 27 июл дар пайи сангрезӣ рух додааст: “Санг аз болои куҳ афтида, ба мошини Опел, ки аз Душанбе ба самти ноҳияи Айнӣ ҳаракат доштааст, бармехӯрад”.

Дар натиҷа 7 мусофири мошини мазкур, аз ҷумла як кӯдак, соли таваллудаш 2016, ноболиғи 12-сола ва ҷавонҳои аз 22 то 32-сола ба ҳалокат расидаанд.

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, ҳалокшудаҳо ба ҳам пайванди хешутаборӣ дошта, миёнашон шоираи ҷавон Эътибор Юсуфӣ ва шавҳари ӯ Дӯстиёр низ будааст. Навзоде, ки ҷон додааст, фарзанди ин шоираи ҷавон будааст.
Мӯҳр
дина ин садами рух дода буд. дустам дина хело гирён ба Айни рафт барои чанозаи пайвандонаш Худо рахмату махфираташон кунад омин...

Сарору
Чояшон чаннат шавад. Ин рохи Айнй вокеан хам сарху будааст. Ронандахо бояд хамеша аз эхтиёт кор бигиранд.

Саид, Кухистон
Алалхусус аз дехаи Зоосуни нохияи Айни то ба саргахи Кухистони Мастчох хамон рох хело валангор аст, Хукумати ЧТ хар сол маблаг мегузаронад ва аз чи сабаб бошад ин маблагхо кати рох чун пештара вайрон мемонад ва ё ин маблагхо ба дарёи Зарафшон меафтанд чи? Алалхусус рохи дехаи Рарз мумкин ба рузхои наздик тамоман таги дарё мемонад. Гами мардуми Кухистонро Худованди бузург худаш нахурад ба умеди бандааш шудан хам гайриимкон аст. Ин ходисаи рухдода дар охири дехаи дурдасти нохияи Айни, яъне дар дехаи Дарг рух дод, ки чанд хафта пеш ин дехаро сел харобзор карда буд. Ба ахли ин хонавода сидкан сабри чамил мехохам ва ба пайвандонашон хамдардии худро изхор мекунам. Чояшон чаннат бошад илохо Омин!!!

яке аз хамдиёрон
худованд ба наздикони онхо сабри чамил ва чояшонро чанатул фирдавс гардонад омин

Фарахнуш
Худованд магфираташон кунад. Рости хеле андухгин шудам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)