Бахшҳо

“Тасмимгирии яктарафа аз сӯи Тоҷикистон ба марги тадриҷии забони Рӯдакӣ дар сарзамини Рӯдакӣ хоҳад анҷомид”

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, хабарнигорони тоҷикро барои истифодаи вожаҳои ноошно ҷарима хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, барои мушаххас кардани ин гуна маворид комиссияи махсус таъсис шудаву даст ба кор аст. Дар зимн, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: АМАЛИ КУМИТАИ ЗАБОН МАНТИҚӢ ВА ҶОИЗ АСТ?


Исфандиёри ОДИНА, пажуҳишгари масоили забон
Албатта дар мавриди мантиқӣ будан ё набуданаш наметавонам чизе бигӯям, шояд мантиқӣ бошад. Ҷоиз буданаш ё набуданашро ҳам намедонам, чун ҷавоз (иҷоза)-ашро аз ман намегиранд. Шояд қонун иҷоза бидиҳад. Аммо ба назари шахсии ман, агар чунин кумисиюне воқеъан таъсис бидиҳанд, беҳтар аст аъзои ин кумисиюн матолиби нашрияҳо ё расонаҳоро аз назари корбурди дурусти вожагони забон, фасоҳату балоғат, маъно ва мафҳум, сохтори дурусти ҷумалот ва ғайра баррасӣ кунанд ва иштибоҳоти луғавию маъноиро бо такя ба мароҷеъи муътабар (яъне луғатномаҳои куҳан) ошкор кунад ва бо нивиштани мақолоте ба нақду баррасии матолиби расонаҳо аз назари забоншиносӣ бипардозанд. На ин ки калимот ва истилоҳотеро, ки худашон намедонанд, бидуни такя ба манобеъ ё мароҷеъи забон гулчин кунанду ба онҳо муҳри "бегона" бизананд ва дастур бидиҳанд, ки фалон вожа ё истилоҳ ё мафҳум "ғалат аст" ва дигар ба кор набаред. Фикр намекунам ҷарима роҳи ҳалле барои ислоҳи забони расонаҳо ва матбуъот бошад. Аз сӯи дигар, аъзои ин кумисиюн бояд воқеъан аз забоншиносону мутахассисони расона иборат бошад онҳо барои ҳама гуна вокуниш ё нақду баррасии корашон аз сӯи дигарон омода бошанд. Нашавад, ки чанд иштибоҳро бигиранду худашон иштибоҳоти фаровони дигареро муртакиб шаванд.

Абдулқодири РУСТАМ, нависанда ва забоншинос
Ин ки Кумитаи забон дар назар дорад барои баррасии забони расонаҳо гуруҳи вежа ташкил бидиҳад, амре мантиқист ва дар чорчӯби фаъъолиятҳои ин кумита. Воқеан забони расонаҳои тоҷикӣ ба баррасии интиқодӣ ниёз доранд. Аммо, бояд бидонем, ки манзури Кумитаи забон аз калимаҳои бегона чист? Барои ман ва низ баъзе дигар касоне ки чун ман бо забони модарӣ сару кор доранд, вожаҳои "суд", "прокуратура", "конститутсия" , ки ба танҳоӣ ва ё дар таркиби номвожаҳо дар Тоҷикистон мақоми расмӣ ёфтаанд, бегона ҳастанд, вале Кумитаи забон онҳоро бегона намешуморад. Ва баръакс масъулини ин кумита вожаҳоеро бегона мешуморанд, ки мо бегона намедонем. Дар ин замина ҳамназарӣ вуҷуд надорад. Ба ин далел, ин кори Кумитаи забон метавонад боиси муҷозот шудани касон ва расонаҳое шавад, ки барои ғанитар шудани забон, барои баён ва изҳори матлаб дар ҷустуҷӯйи таркибу вожаҳои нав ҳастанд, дар ин роҳ гоҳе муваффақ мешаванд ва гоҳе ноком. Ва амали Кумитаи забон, сарфи назар аз он ки мақсадашон чист, боиси маҳдуд ва масдуд шудани рушди забон мешавад. Иқдоми аввалине, ки ба назари ман бояд Кумитаи забон анҷом диҳад, ислоҳи номи вазорат, кумита ва ниҳодҳои давлатӣ аст, ки гоҳе чарбабардорӣ аз забони русӣ аст. Аз ҷумла номи худи Кумитаи забон, ки расман Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон аст. Ин "назди" ҳамон тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи "при"-ии русӣ аст. Дар тоҷикӣ "вобаста" бояд гуфт ва ё аслан бидуни "вобаста". Яъне, агар бигӯем "Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон" кофӣ аст. Масъалаи дигар, ки бояд авлавияти фаъъолияти Кумитаи забон бошад, назорат бар овезаҳо ва лавҳаҳои хиёбонҳои шаҳрҳои мост ва ислоҳи таркибҳои аблаҳонае чун "мо кушода шудем", маркази ош", "маркази палов", "маркази ҳусн" ва ғайра...

Дориюш РАҶАБИЁН, муассиси гуруҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон шояд фаромӯш кардааст, ки забони миллии Тоҷикистон маҳдуд ба марзҳои сиёсии кишвари мо намешавад. Забони мо дар ҷаҳон фақат ҳамин 8 милюн гӯишварро надорад, балки шумори гӯишварони он то ба 150 милюн тан мерасад. Пас Кумитаи забон ва истилоҳот бояд бидонад, ки салоҳияти маънавии таъйини забони меъёр ба таври яктарафаро надорад. Барои як чунин тасмимгирӣ ногузир аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳот бо Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Теҳрон ройзанӣ кунад. Беҳуда нест, ки Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар таркиби худ аъзое аз Тоҷикистон ҳам дорад. Тасмимгирии яктарафа аз сӯи Тоҷикистон ҷомеъаи фарҳангии моро, ки пушти садди хатти пириллик қарор дорад, бештар аз ин мунзавӣ ва гӯшагир хоҳад кард ва ба марги тадриҷии забони Рӯдакӣ дар сарзамини Рӯдакӣ хоҳад анҷомид. Дигар ин ки забон як падидаи мунҷамид ё яхбаста нест, балки сайёлу пӯёст. Дар забонҳои бузурги ҷаҳон вожасозӣ як амри рӯзмарра аст. Ҳамарӯза даҳҳо вожаи нав вориди забон мешавад, то забон зинда ва имрӯзӣ бимонад. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон наметавонад бо таъйини шумори мушаххасе аз вожаҳо монеъ аз корбурди вожаҳои тоза ё сохтани истилоҳоти нав шавад. Чунин коре амалан мантиқӣ нест, магар ин ки қасдамон куштани забони миллии Тоҷикистон бошад. Бо вуҷуди эҳтироме, ки ба бону Гавҳар Шарофзода дорам, бояд бигӯям, ки суханони дирӯзи эшон бароям бисёр ногаҳонӣ ва навмедкунанда буд. Дастикам аз раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон интизор меравад, ки маъно ва талаффузи вожаи “мутамаркиз”-ро бидонад, ки ӯ баиштибоҳ онро “мутамарказ” мегӯяд. Бону Шарофзода "ҳаводис”-ро барои забони мо бегона медонад, ки ин ҳама дар осори бузургонамон ба кор рафтааст. Ё вожаи “инфиҷор” барояш ноошно ҷилва кардааст. Дар ҳоле ки ҳамаи ин вожаҳоро мешавад дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ва даҳҳо фарҳанги муътабари порсӣ пайдо кард, чун ҳамаи онҳо аз аҷзои забони мо ҳастанд. Имрӯза дар забони порсии меъёр “инфиҷор” танҳо баробари порсӣ барои “взрыв”-и русӣ ба шумор меояд ва “таркиш” ба маънои хурдаҳо ё тиккаҳое филизист, ки бар асари инфиҷор пароканда мешавад ва ба русӣ ба он “осколок” (осколки) гӯянд. Бо ин рӯйкард мешавад муддаъӣ шуд, ки мо барои фасл кардан омадаем, на барои васл кардан. Мо барои хурду ҳақир кардани забонамон омадаем, на барои бузургу ҷаҳонгир кардани он. Бо омӯзишу густариши забони порсии меъёр аст, ки тоҷикон метавонанд ба забони модарии худ ба ганҷинаи азими дониши ҷаҳонӣ дастрасӣ дошта бошанд. Барои чи бояд монеъ аз дастрасии мардум ба ин неъмат шуд? Барои чи бояд ба ҷои ташвиқи мардум ба варақ задани фарҳангҳои луғот танбалии онҳоро тавҷеҳ кунем ва бигӯем, ки "кампир луғат намехонад"? Ин чи бархурди тавҳиномез ба мардуми кишвар аст, ки онҳоро ҳатто қодир ба ҷустуҷӯи вожаҳо дар фарҳангҳо надонем? Бо ин рӯйкард шигифтиовар нест, агар фардо Рӯдакиро ҳам ғиёбан ҷарима кунанд, ки гуфта буд: Бирав, зи таҷрубаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҲАВОДИС туро ба кор ояд. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро мебояд, ки аз таҷрубаи рӯзгор баҳра бигирад, то забони Рӯдакиро дар сарзамини Рӯдакӣ камтавонтар аз ине, ки ҳаст, накунад.

Обид ШАКУРЗОДА, рӯзноманигор ва забоншинос
Ин гуна дастбакор шудану ибтикор намоиш додани сарвари Кумитаи забон бидуни шакк шойиста аст. Аммо, ба гумони ғолиб, ин сарвар аз даррҳамбарҳамӣ дар алифбову имлову нигоришоти подарҳавои имрӯза дар фазои илму адабу фарҳанги тоҷикон, ки ҳанӯз ҳам гирифтор дар манҷалоби сириллики аз рус таҳмилшудаанд, гич мондааст ва намедонад сарриштайи ин калофаро аз куҷо пайдо кунаду сомон бахшад. Кош ба ислоҳ кардани шеваи нигориши рӯзноманигорон кор тамом мешуд? Аммо, сипос ба ин рӯзноманигорон, ки ҳадди ақалл бо ошноӣ аз таҳаввулоти рӯз, бо дилсӯзи аз забони модарӣ, то ҳадде баройи шевоию балоғату салосати он кӯшишҳо мекунанд. Дар ин лобало боре ҳам тамошо кунем пойтахти як кишвари форсигӯйро дар Варорӯд бо номи Душанбе; магар нигоштаҳои овезаву огаҳиҳо дар қолиби забони меъёранд? Як бор чашм андозем ба номаҳои расмии ҳар идораву муассисаи баландноми пойтахт, ки то чӣ ҳадд бесаводона, пур аз ғалат нигошта мешаванд. Магар мо он қадар навфитратему нав воридшуда ба ҷомеъаи маданӣ, ки муродифҳое дар баробари вожаҳои кариҳи бегона – суд, прократура, прокурор, милтсия... вожаҳои худиро надошта бошем? Ва, кошкӣ ин Кумитаи истилоҳот салоҳияту шаҳомат нишон дода як бор аз маснаднишинони давлати тоҷикон эрод мегирифт, ки ку ғуруру ғайрату ишқу садоқат ба забони модариатон, ки ин қадар оҷизона, қолибӣ, хушку беоҳору бемантиқ суханронӣ мекунед? Дар зимн, ҳамла ба забони гуфтор, контрол ба нигоришот меросмонда аз мутаҷовизини Кремлинболшвикон аст, ки унвони забони мо, унвони кишвари моро бо алифбою сарфу наҳвамон аз мо зудуданд, то тоҷикон дар паҳнои Эронзамин ҷудо аз бародарони хунии хеш, афғонистониёну эрониёни имрӯз бимонанду ҳамчун миллати эронӣ аз байн бираванд. Сиёсати маҳрум кардани Тоҷикистон аз Бухорову Самарқанд ҳам идомаи ин тадбири аҳримании рус буд. Ва, ҳамин сиёсат бо шиори “содда”(??) нависед адабиёту илми моро чун мурғи парканда бараҳнаву маҷруҳу осебпазир кард. Ҳич гоҳ дар кишварҳои дигар чунин таҳдид нест, ки оммафаҳм(??) нависед. Балки шиъор аст: пос доштани забон аз муқаддастоти инсонӣ! Ва Агар Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Аҳмади Дониш... ба фарз дар нигориш мухтор намебуданду зери чорчӯбаи сиёсати ҷаббору сиёсатмадорони беҳувйят мемонданд, ҳич гоҳ наметавонистанд осоре ҷаҳоншумлу шоҳкор бинависанд. Меъёри нигориш набояд фаҳми кампиракҳои 80-сола (умуман авомм), чунонки кумитаи истилоҳот амр кардааст, балки бояд дар чорчӯби сарфу наҳву услубу мантиқ бошад, ки дар ин масир, алҳамдулиллоҳ, аз ҳазорсолаҳо санги бинои муҳкаме гузошта омадаем.

Рустами ВАҲҲОБ, муҳаққиқ
Ин таҷриба дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳаст.
Мӯҳр
мехмон
Ин икдоми нек хаст. Баъзехо забони адабии точикиро олудаи забонхои гуфтугуии махалхои Эрону Афгонистон кардаанд.
Шеъру газалиёти ниёгон бо забони адабии имрузаи точик кариб бетагир навишта шудаанд.

iljas
Харфи "Ц" дар забонхои помири баркарор Шавад! Калимоту иборахои зиёд бо истифодаи "тс"- Бемаъни ва хатто ба хакоратхои кабех табдил шудаанд!

Агар ин андешарониро Кумита хонад хатман Исфандиёри ОДИНА ва Дориюш РАҶАБИЁН-ро чаримабанди мекунад. Зеро ин коршинос он кадар вожахоеро истифода бурдаанд,на танхо "забони меъёр"-и Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, балки дар базаи лугавии рохбарияти он низ махфуз нест.

прагматизм - ҷараёни фалсафа, ки ҳақиқиятро инкор мекунад

вой, забондонону забоншиносон
роҳи ҷаҳонишавиро нагиред, дер ё зуд шумоёнро пачақ мекунад


Коршиносоне, ки "Озодагон" дар ин чо ном бурдааст, багайр аз Рустами Ваххоб ва Абдулкодири Рустам дигарон хама ба ном коршиносанд ва ё дар хакикат "коршиноси кучаги" хастанд. Мисли Исфандиёри Одинах

ин дорюши рачабиён бе шак тахсилдидаи эрон аст ки инкадар калимахои точикиро ба шеваи лахчаи эрони истифода бурдааст ва ин худ як навъи худнамои аст. ман аз икдоми кумитаи забон пуштибони мекунам ва агар конуне дар бораи пешбини шудани чазо барои шахсони поймолкунандаи забони точики вучуд надорад бояд мачлиси олии кишвар ин конунро кабул кунад. имруз дорюши рачабиён калимаи "милион"-ро милюн яъне ба лахчаи эрони гуфтааст ва хамчунин калимаи "мутамаркиз"- дар холе ки мо точикон ба чои ин калима вожаи "диккат"-ро истифода мебаранд. хулоса дорюши рачабиён мехохад лахчаи эрониро вориди забони точики кунад ва ин корро дар точики худнамои мегуянд!

мехмон
Вакте устод Лохути эчод мекарданд лугатро истифода мебурданд ва лахчаи махали худро ба точикон шарх медонанд.
Имруз магар Дориюш макола навишта калимахои ба омма нофахморо дар зери макола бо лугат мефахмонад. Не!
Магар рубоёти Умари Хайём ба мо нофахмо хаст ? Дориюш ,, тачриба" аз ,, тачруба" чи фарк дорад?
Дигараш Шакурзода: ,, Сириллик" - чи маъно дорад? ,, Кирилли"- ро дар назар надошта бошед ? Олими забоншинос!!
Дориюш Шумо зур мезанед,ки аз дигарон фарк кунед. Аммо дар охир худатон намедонед чи навиштаед!
Магар аллома Бобочон Гафуров захмати бефоида кашидаанд ,ки ,, Точикон"- ро навиштаанд?

Деваштич
Мутмаинам, ки агар як нафаре аз махалли дигар ин корро мекард, мухтарам Рустами Ваххоб ба ин сурат аз он фард дифоъ намекард. Садхо чунин холатхоро тахлил кардаем, ачиб аст, ки дар пешкадамтарин гуё зиёии мо кадом як меъёрхои тарафкашиву интикод вучуд дорад. Худойгоно маро биёмурз.

Хоча аз масти шабе бар пои чокар буса дод,
Ту напиндори ки чокар киммати дигар гирифт,
З-ин ачоибтар ки чун дузд аз хазинат накд бурд,
Дидбони кур гуши посбони кар гирифт.

Бахром Тагоев
Дориюш ,Исфандиёри Одина ва Шакурзода! Фикри Шумоён хом аст! Забони адабии точики аз диалекти лахчавии кучагии эрони ва дари ба ашъори ниёгон ба мисли Рудаки, Фирдавси , Хайём , Хофиз, Саъди монанд ва наздик хаст. Албатта ба гайр аз калимахое , ки ба илми муосир тааллук доранд. Дар замони Рудаки ,, картошка" ё , помидор " набуд, ,, монитор" ва ,, компютер " низ набуд.
Баъд русхо буданд, ки мо чи кадар пеш рафтем. Мана Афгонистони хамсоя дар асри 10-ум мондааст. Русхо тамоми ашъори ниёгонро ба чоп бароварданд ва ба оламиён тарчума карданд. Шумо чи хизмате кардед ? Факат чахор калимаи кучагии эронро ба адабиёти мо дохил карданиед ки шакли вайроншудаи калимахои арабист !!

сарвар
[hide][/hide]ин давоми хамон тарзи либоспушихое кумитаи кор бо занон давоми хамон аст . Хукумат дигар кор надорад факат аз паи чаримаву хабс кардан.

Дуруст гуфтед Шоира ба рости ман сархати якуми хамин маколаро хондаму дувумашро не. Мазмуни макола ба тарзи пешниход пурра номувофик аст. Мухтарам рузноманигорон ягон тахлили иктисоди намоед.
мехмон,

.
Як афгони бесавод аз академикхои номдори мо хубтар бо забони форси гап мезанад. 95% точикон умуман бо забони адаби харф зада наметавонанд.

рахмони
мехмон,
бале рост гуфтед!
забон форси аст вале бо фаркияти лахча - ва камтар олуда бо арабиву турки!
тачриба аз тачруба фарке надорад - факат ин ки тачруба ин лахчаи ба ном элитаи техрони аст ки муаллиф сахт харакат дорад пайрави кунад...

мехмон
рахмони,
Ин чанобон зур зада забони точикии моро ба калимахои кучагии эрони олуда карданиянд.

Комил Аюбӣ
"Дар забонҳои бузурги ҷаҳон вожасозӣ як амри рӯзмарра аст. Ҳамарӯза даҳҳо вожаи нав вориди забон мешавад, то забон зинда ва имрӯзӣ бимонад. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон наметавонад бо таъйини шумори мушаххасе аз вожаҳо монеъ аз корбурди вожаҳои тоза ё сохтани истилоҳоти нав шавад".
Вокуниши Шавкат сад дар сад дурусту мантиқист. Масъулин, алалхусус бону Гавҳар Шарофзода ин тасмими худро бояд бозбинӣ кунад ва минбаъд низ бояд ба назар гирад , ки ингуна иштибоҳот метавонад ба шевову ихчам ва зебо намудани намудани забони модарӣ монеаи ҷиддӣ эҷод кунад. Кумита бояд баръакс тамоили мардумро ба луғатомӯзӣ ва тамоили донишмандонро ба луғатсозӣ пуштибон гардад ва ҳатто дар ин умур онҳоро ҳавасӣанд созад. зеро сиришти мо тоҷикон ҳаминро тақозо дорад

"Меъёри нигориш набояд фаҳми кампиракҳои 80-сола (умуман авомм), чунонки кумитаи истилоҳот амр кардааст, балки бояд дар чорчӯби сарфу наҳву услубу мантиқ бошад, ки дар ин масир, алҳамдулиллоҳ, аз ҳазорсолаҳо санги бинои муҳкаме гузошта омадаем".
Ин посухи Обид ШАКУРЗОДА ҳам воқеан зӯр, гап нест. Кумита онро ҳатман ҳазм кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)