Бахшҳо

Ёрдамчии Президент: Барои калимаҳои бегона ҷазое пешбинӣ нашудааст

Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, дар шарҳи азми Кумитаи забон ва истилоҳот барои ҷаримаи рӯзноманигороне, ки аз калимаҳои бегона истифода мекунанд, гуфт, дар қонунгузории кишвар чунин муқаррарот нест.

Шоҳназаров имрӯз, 3-юми август дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, дар қонунгузории кишвар ҷазо ё ҷарима барои истифодаи калимаҳои бегона пешбинӣ нашудааст: “Ҳамаи мо аз калимаҳои русӣ, арабӣ ва дигар забонҳо истифода мебарем. Лекин барои ин ҷарима пешбинӣ нагардидааст”.

Ёрдамчии раисиҷумҳур таъкид намуд, ки дар қонунгузорӣ барои нақзи меъёрҳои забони давлатӣ ҷазо пешбинӣ шудааст на истифодаи калимаҳои бегона. Ӯ гуфт, шояд рӯзноманигорон изҳороти раҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳотро нодуруст фаҳмидаанд.

Ин дар ҳолест, ки изҳороти ахири Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди ҷарима шудани рӯзноманигорони тоҷик барои истифодаи калимаҳои ба гуфтаи ӯ бегона дар расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ бозтоб шудааст.

Расонаҳо маъруфи "Deutsche Welle", “Time”, “The Guardian”, “France-Presse”, “Daily Sabah”, “Today” ва даҳҳои дигар иқдоми ҷарима кардани рӯзноманигорони тоҷикро аз сӯи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гузориш кардаанд.

Маҷаллаи “Time” навиштааст, чунин муқаррарот дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо ҳадафи коҳиш додани нуфузи Русия ва тоза кардани забон аз истилоҳоти русӣ вуҷуд дорад.

Аммо Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар изҳороташ на аз истифодаи калимаҳои русӣ, балки аз калимаҳое нигаронӣ кард, ки ҳанӯз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик кор бурдааст.

Шарофзода 1-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, бархе аз шаҳрвандон, ки забони тозаи тоҷикиро хуб медонанд, барои фаҳмидани маънои калимаҳои ба монанди “ҳаводис”, “инфиҷор” ва “мутамаркиз”ба ин ниҳод муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи хонум Шарофзода: “Кампири 80-сола дигар луғат намехонад. Вай муроҷиат мекунад, ки ин чӣ гап аст? Ин чӣ гуфта истодаанд, ки дар яке аз вулусволиҳои Афғонистон боз инфиҷор шуд. Ҳамон “таркиш” аст, охир”.

“Ҳаводис” яке дигар аз калимаҳоест, ки истифодаи он нигаронии Гавҳар Шарофзодаро ба вуҷуд овардааст: “Ҳамон “ҳодиса” ё “ҳодисаҳо” гӯему равем. Ин фикри ман аст”.

Тибқи иттилои Кумитаи забон ва истилоҳот барои риоя накардани меъёри забони давлатӣ аз 15 то 20 нишондиҳанда ва шахсони ҳуқуқӣ аз 30 то 40 нишондиҳанда ҷарима хоҳанд шуд.
Мӯҳр
Кампири 80-сола бекор мондааст, ки барои фахмидани ин ё он мафхум ба Шарофзода мурочиат мекунад? Ин гуфта афсонаи бобои шуд.))))

5
Пас синониму антоним кучо меравад а.

Чамолиддин
Вожахои хаводису инфичору инкилобро, ки аз баёну навишташ дар матбуоти точик худдори мекарданд "ТВ- Чахонамо" расонаи кард

Муслим
Ассалому алайкум
Бонуи мухтарам Шарофзода
Шумо фаромуш накунед,ки як бор мо замони шурави барои соддаву оммафахм кардани забонамон хати кирилиро кабул намудему лахчаи дехотиро хамчун забони адаби кабул намудем, ки дар натича забони ноби точики ки забони илм буд ба як забони куча мубаддал гашт. Масалан агар аз як кучаруби афгон журналист оиди ягон масъала суол кунад ончунон ширину бомантик чавоб медихад,ки кас ба хайрат меояд, аммо агар аз профессори точик суол кунад , канда кандаву фикр карда чавоб медихад, ки максадаш норушан мемонад. Барои хамин мо бояд ба асли худ баргардем забони хофизу Рудакиву Фирдавсиро зинда намоем. Ин фикри ман аст.

Беакл
Прокуратура кучоро нигох мекунад? Кани тезакак гирифта бар зиди ин зан делом чинои кушоед барои тафрикаандози ва душмани ба миллати точик. Озодагон ташаккур

Забони покро ҳайф аст бисёр, Ки бо лафзи дуруғ олуда созӣ.... Меъёри забон кадом аст. Магар фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ меъёр нест? Аз истифодаи забони ноби тоҷикӣ маъмулан шахсоне мтарсанд, ки ЗАБОНГУМКАРДАГОН ё ЗАБОНГУРКАРДАГОНАНД ва корашон ба ҷои эҳёи забон ҳама руза куштану ба нобудӣ кашидани тору пуди боуимондаи забон аст. Дар муқоиса бо забони дариву форсӣ забони тоҷикӣ имрӯз ниҳоят заъифу оҷиз аст. ТО андозае оҷиз аст, ки мо дигар онҳоро намефаҳмем. Хоб олимони мӯҳтарам ба сухани ман, ки як нафари аз авом ҳастам чӣ МУГӮИД?? ОЁ ШАРОФЗОДА забони тоҷикиро медонанд?? Оё эшон сазовори вазифаашон ҳастанд??
Агар ҳастанд, пас шурӯъ аз боғчаву МАКОТИБИ (дар ҳошияи калимаи ҲАВОДИС) таҳсилоти ибтидоӣ ба эҳёи забон бояд шурӯъ кард. Муаллимонро бояд имтиҳон кард. Бигзор муаллимон фарҳанги забонро омӯзанд, хусусияти калимаҳои арабиро дар забони тоҷикӣ ва калимаҳои дигареро, ки забон ҳамчун як организми зинда онҳоро қабул кардааст донанд (45 дарсади фонди луғавии забони мо аз забони арабӣ аст) , мешавад олам гулистон. Ман боварии комил дорам, ки ШАРОФЗОДА аз ашъори Ҳофизу Бедил буй набурдааанд.

Рафик Шохназаров истифодаи калимаю иборахои нодуруст магар вайрон кардани талаботи моддаи 89 Кодекси хукуквайрокунии маъмури нест ми яъне риоя накардани талаботи Конуни ЧТ "Дар бораи забони давлатии ЧТ" хукукшиноси асил хукукро мебояд дуруст шарх дихад мисли шаркшинос не...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)