Бахшҳо

ВВС: Ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳайитро бо зӯр аз манзилашон бурдаанд

Ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро бо зӯр ба самти номуайян бурдаанд, хабар медиҳад торнамои бахши русии Бӣ-Бӣ-Cӣ.

Манбаъ бо такя ба наздикони Ҳайит гуфтааст, субҳи рӯзи душанбе ба манзили ӯ, ки ҳамсараш Савриниссо Ҷӯравева ва се писараш зиндагӣ мекунанд, чанд нафар ворид шудааст: “Чанд нафар бо либоси мулкӣ ба манзили Маҳмадалӣ Ҳайит ворид шуда, ҳамсару писари 17-солааш Фирӯзи Ҳайитро бо худ бурданд. Онҳо аз пешниҳоди ҳуҷҷат худдорӣ намуданд”.

Бӣ-Бӣ-Cӣ мегӯяд, ба наздикони Ҳайит дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рафтаанд, дар боздошти ҳамсару писари ӯ даст надоранд ва намедонанд, ки онҳо куҷоянд.

Ин дар ҳолест, ки пас аз хабари шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳайит дар СИЗО-и Вазорати адлия дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Савринисо Ҷӯраева иҷозаи дидор бо ӯро дарёфт кард. Хонум Ҷӯраева 20 август ба "Озодагон" гуфт, бо шавҳараш ним соат суҳбат дошт ва Маҳмадалӣ Ҳайит аз вазъи саломатиаш шикоят накардааст: “Гуфт, ки шиканҷа нашудааст ва муносибати маъмурини зиндон бо ӯ хуб аст. Хурокро сари вақт меоранд”.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамроҳ бо 12 аъзои раёсати олии ин ҳизб моҳи сентябри соли 2015 баъди ошӯби муовини вазири мудофиа боздошт шуданд. Моҳи июни соли 2016 Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳайитро ба ҳукми абад маҳкум кард.
Мӯҳр
амният тарсиданд ки хамсари махмадали хакикати холро нагуяд барои хамин уро бачойи номуян рабуданд

мухочир
шарм намедоред як занро дастгир карда ба чои номаълум мебаред чихел беномусед шумо

Ман гумон мекунам, ки хеч касро бе содир кардани ягон гунох макомотхои кудрати дастгир намекунанд. Албата ин хабархо боз як рохи игвоангезонаи намояндагони ХНИТ мебошад. Сардори оила (манзурам М.Хайит), ки чинояткор шуд, шояд бокимонда аъзоёни оила низ рохи уро пеш гирифта бошанд.

Алифчон
Барои чи назари маро намегузори озодагон!!!!

к
Ин маънои онро дорад, ки дар хакикат Хаитро шиканча додаанд ва занащ хангоми мулокот Бо Хаит аз ин хабардор шудааст.

суфии фархори ту ба ин вичдону инсофат зеби рохбарии макомоти хозираро дори дар хакикат дар тч бегунох чизе намегуянд пора намегиран фасод нест офарин ояндаи хуб дори

Суфии фархори аз Аллох битарс. Нодида тухмат накун.

синои кулобӣ
Суфии фархори,
Гумонҳои пучатро бо худат мон.Ҷаҳон медонад дар Тоҷикистон чи гап аст.Шумо сарҳадро нигоҳ кунед то ба Фархор касе надарояд.

Хайр хеч гап ,эй мардум хамон бечораи Суфии фархори аз дунё хабар надорад камтар сарзанишаш кунед...
Ба фикрам Суфи дар кадом пушту теппахо бо чорводори машгул аст ...

Шумо аз ки пуштибони мекунед? Ин хизби ба ном "ХИЗБИ НАХЗАТИ ИСЛОМИ" ба Точикистон ба халки точик чи хубие кард ва кистан онхо? Яке аз аъзоени фаъоли ин хизб Назарзода Абдухалим бо лакаби (Хочи Халим) аз аз озоди ва ободи аз вазифаю хонаву дари обод шукрона накарда кариб буд ки Точикистони ободу озод ва ояндаи хуби фарзандонамонро ба нести барад.
Боз хамон гуруснаги.
Боз хамон дар ба дар гарди.
Боз хамон гариби.
Боз хамон бародаркуши.(
Мо набояд чунин шахсонро дастгири кунем. Ояндаи Точикистон дар дасти хар яки мост!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)