Бахшҳо

Э.Раҳмон барои сабти тамоми бесарнишинҳои Тоҷикистон 3 моҳ муҳлат дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҷадиди ҳукумат ба Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти кишвар 3 моҳ муҳлат дод, ки дар мувофиқа бо мақомоти амният тамоми ҳавопаймоҳои бесарнишини кишварро ба қайд гиранд.

Тибқи қарори имзонамудаи раисиҷумҳур, ки нусхаи он дар ихтиёри "Озодагон" қарор дорад, воридоту содирот, харидуфурӯш ва истифодаи тамоми ҳавопаймоҳои бесарнишин минбаъд дар кишвар танҳо тариқи иҷозатномаи махсус роҳандозӣ хоҳад шуд, ки дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дода мешавад.

Қаблан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки содироту воридот ва харидуфурӯши беназорати дронҳои наворбардорию ҳавопаймоҳои бесарнишин ба амнияти кишвар хатар дорад. Парлумон барои таъмини бехатарӣ ва назорати беҳтари парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Кодекси фазои ҳавоии кишвар тағйирот ворид намуд.

Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон изҳор дошта буд, ки гуруҳҳои нашъаҷаллоб ва террористӣ метавонанд бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин барои Тоҷикистон хатар эҷод кунанд. Ба суоли “Озодагон”, ки оё тағйироти мазкур ба “дрон”-ҳои наворбардорӣ низ рабт доранд, Умаров посух дода буд, ки “дронҳо” низ зери назорат гирифта мешаванд. Ӯ гуфт, ки бархе дронҳо ё квадракоптерҳое ҳастанд, ки метавонанд то 15 кило борро бардоранд ва метавонанд барои интиқоли маводи мухаддиру тарканда истифода шаванд: "Воридоти ҳавопаймоҳое, ки характери гражданӣ доранд, бо мақомоти авиатсияи гражданӣ мувофиқа карда мешавад. Дигарҳояш бо Вазорати мудофиа ҳамоҳанг карда мешавад".
Мӯҳр
Саида
Амали хеле оли! Ин барои таъмини амнияти Точикистон хело зарур аст. Офарин, Пешвои миллат, муваффаку сарбаланд бошед. Мо бо Шумоем!

ТИБКИ КАРОРИ ИМЗОНАМУДАИ РАИСИ ЧУМХУР, АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛЙ РАХМОН , КИ САНАИ 31-АВГУСТИ 2016 ДАР БОРАИ ВОРИДОТУ СОДИРОТ, ХАРИДУ ФУРУШ, ВА ИСТИФОДАИ ТАМОМИ ХАВОПАЙМОХОИ БЕСАРНИШИН МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАНХО ТАРИКИ ИЧОЗАТНОМАИ МАХСУС РОХАНДОЗИ ХОХАД ШУД! МАН ЧОНИБДОРИ КАРОРАМ. ИН БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ТОЧИКИСТОН ХЕЛО ЗАРУР АСТ. СУБХИ ИМРУЗ МАН ХАМ ДРОНИ ХУД -ФАНТОН -3 ПРОФЕССИОНАЛРО БА КАЙДИ КОРМАНДОНИ АМНИЯТ ГУЗОШТАМ . БА ДИГАР БАРОДАРО ХАМ ТАФСИЯ МЕДИХАМ , КИ ИН КАРОРИ РАИСИ ЧУМХУР АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛЙ РАХМОНРО ДАСТГИРИ НАМОЯНД!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)