Бахшҳо

Президент Гурез Азимовро аз мақомаш барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Гурез Азимовро аз мақоми директори генералии осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” барканор кардааст.

Дар ин бора манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд. Осоишгоҳи як замон маъруфи “Шоҳамбарӣ”, ки соли 2008 моликияти давлат эълон шуда буд, ахиран ба ширкати “Руҳафзо 2015” фурӯхта шуд. Бар асоси эълони музоядае, ки Кумитаи сармоягузорӣ аввали баҳори соли равон дар мавриди фурӯши “Шоҳамбарӣ” нашр кард, маблағи муқаддамотӣ барои хариди ин табобатгоҳ 3,1 миллион сомонӣ муқаррар гардида буд.

Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ, соҳиби нави табобатгоҳ муваззаф аст, ки давоми се сол онро бозсозӣ карда, фоидаовар бигардонад.

Ҳамчуннин соҳиби нав вазифадор шудааст, 530 ҳазор қарзи ин табобатгоҳро пардохт кунад ва дар давоми 10 сол барои рушди он на камтар аз 10 миллион сомонӣ масраф намояд.

Ҳамчунин ин ниҳод дар пеши соҳиби нави “Шоҳамбарӣ” шарт гузоштааст, ки дар муддати 3 сол мутаносибан фоидаи онро то 7 млн сомонӣ бирасонад, зеро дар соли 2014 даромади ин табобатгоҳ ҳамагӣ 1,5 млн сомониро ташкил додааст, ки аз ин миқдор фоидаи соф ҳамагӣ 76 ҳазор сомонӣ будааст. Инчунин коргарони доимиро бояд то 200 нафар бирасонанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 60 нафар будаанд.

“Шоҳамбарӣ” дар солҳои соҳибистиқлолӣ, то соли 2008 хусусӣ буд, вале давлат онро дубора моликияти худ эълон кард.

Мӯҳр
Табобатгир
Доктор Гурез Сафар бехтарин мутахасиси соха буданд ва Шохамбариро ободтар карданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)