Бахшҳо
24 сен 2016 11:57Тоҷикистон / Сиёсат

Идомаи эътирозҳо: Аз журналистшавандаҳо то директори Институти фалсафа

Абдураҳмон Муҳаммад, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ мегӯяд, иддаои гуруҳи мухолифин дар ҷаласаи Варашаваи САҲА, ки гӯё дар Тоҷикистон адолати судӣ нест ва ҳуқуқи маҳбусоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, поймол мегардад, беасос мебошанд.

Дар иттилоияи расмӣ, ки аз қавли Маҳмадов нашр шудааст, таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон беҳокимиятӣ нест: “Онҳо хоҳиши бозгаштан ба Ватанро намуданд ва дарвозаи Тоҷикистон барои ҳамаи тоҷикони ҷаҳон, ки хоҳиши дар Тоҷикистон зиндагӣ карданро доранд, ҳамеша боз аст. Ҳуқуқи онҳо ягон вақт поймол нашудааст ва ягон кас ҳам нияти поймол кардан надорад, агар дасти онҳо оғуштаи хун набошад”.

Директори институти фалсафа гуфтааст, ки даъвои мухолифин асос надорад ва “аз нуқтаи назари ман, имрӯз дар Тоҷикистон беҳокимиятӣ нест ва ҳама дар чорчӯбаи қонун барои гуноҳи кардагиаш ҷавобгар аст”.

Ҳамчунин Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, мудири Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АУ ҷалб кардани аъзои ҳизби мамнӯи Тоҷикистон ба ин ҳамоишро муқарароти зидди худи ҳуқуқи башар номида, онро кори дасти САҲА донистааст. Ниёзӣ он гуруҳро мухолиф надонистааст ва гуфтааст, ки “мухолиф нафаре ҳаст, ки як барномаи мушаххас дорад ва барои пешбурди ҷомеа мусоидат мекунад. Даъвои қонунӣ дорад ва дар ҷомеа як мушкилоти он марҳила ба марҳила метавонад бардорад ва ҳал кунад. Инҳо як гурӯҳе буданд, ки дар Тоҷикистон ҷиноят карданд, гурехтанд ва боз рафта, дар СММ арз карданд. Бо далелҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҶТ инҳо ҷинояткор ҳастанд”.

Ҳамчунин Ниёзи шиканҷаву фишори мухолифин ва аз ҷумла аъзои боздоштшудаи раёсати ҲНИТ-ро дуруғ хонда, гуфтааст “дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ягон хел шиканҷа вуҷуд надорад” ва бар асоси мусоҳибаҳои Зарафо Раҳмонӣ дар сомонаҳои интернетӣ гуфтааст, ки аз онҳо дар маҳбас муроқибат ва ғамхорӣ шудааст.

Ин нуқтаназарҳои олимони тоҷик дар мавриди ҳузури мухолифн дар ҷаласаи Варшаваи САҲА дар ҳолест, ки чанд рӯзи ахир донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳои кишвар ҳамоишҳои эътирозиро барпо карда, борҳо дар назди дафтари САҲА дар Душанбе даст ба ҳамоишҳои эътирозӣ заданд.
Аз ҷумла 3 ҳазор донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва коллеҷҳои шаҳри Қӯрғонтеппа зимни як ҳамоиши эътирозӣ мавзеъгирии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо - роҳ додани намояндаҳои мухолифин ба ҷаласаи солонаи ин ниҳодро дар Варшава “ноодилона” хондаанд. Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” тазоҳуроти ин донишҷӯёнро дар назди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа Меҳроҷ Ғуломов раҳбарӣ кардааст.

Ин донишҷӯён САҲА-ро дар дастгирии ҷинояткорон муттаҳам намуда, гуфтаанд “агар ин ташкилот тарафдори тинҷиву оромӣ бошад, дастгирии гурӯҳҳои чиноятпеша чӣ маънӣ дорад?”. Ин донишҷӯён дар баробари САҲА ҳамчунин давлати Лаҳистонро низ муттаҳам донистаанд, ки узви Интерпол асту муҷриминро дастгир ва дар ихтиёри Тоҷикистон намегузорад.

Ин донишҷӯёни муътариз суол гузоштаанд, ки “барои САҲА манфиатҳои гурӯҳи ҷиноятпеша аз тинҷиву оромӣ дар як кишвари мустақил болотар меистад?”

Ҳамчунин ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар торнамои худ изҳороти Созмони ҷавонони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро нашр намудааст, ки онҳо мавзеъгирии САҲА ва рафтори мухолифиниро маҳкум кардаанд.

Ин ҷавонон ҳузури мухолифинро дар ҷаласаи САҲА ба маънои нахостани пешравии миллат ва давлати Тоҷикистон донистаанд.

Журналистшавандаҳо гуфтаанд, ки “баҳси ҳуқуқи инсон ва зиндониёни ҲНИТ дар Варшава аз сӯи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ташкилоте бо номи ҲНИТ дар Тоҷикистон нест. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон чаро аз ташкилоте, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти онро манъ кардааст, ҳимоя карданӣ мешаванд?”

Ин ҷавонон гуфтаанд, ки “имрӯз мо сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонем ва мо ҳеҷ гоҳ тасмими бо дасти хоҷагони хориҷӣ оташ ангехтани як гурӯҳ хоинонро ҷонибдор нестем ва онро маҳкум менамоем”.
Мӯҳр
Беномусҳо давлати қирғиз заминҳои тоҷикистонро ғабс карда гирифта истодааст яктои шумо ватандустҳо сухан намегуед

тт
Мархамат баргардед дари зиндонхои Точикистон ба руи шумо боз аст.

Дар хакикат чавонони точик имруз сиёхро аз сафед фарк карда метавонанд. Мисол: Шир-сиёх,...

Самар
Охир ин нафар на аз касби худаш бахраманд аст ва на аз конун, ин аз кучо медонад ки дар кучо чи гап. як вактхо забоншинос хам шудан хост, тавба, китобе навиштааст, бо номи риторика, аммо агар дар тамоми китоб ба худо касам ки як чумлаи дуруст бошад, як чумлаи дуруст ёфта наметавонед, намедонам он шояд тарчумаи подархавои ё ягон аспирант ё якчанд донишчу барои бахо бошад. акнун аз масоили хукуку сиёсат харф задан чи маъни дорад. Инсонхо гохо дар талаби шухрат обруи камтарини худро хам аз даст медиханд.

Аспирант
Муаллим Маҳмадов, биёед чоплусӣ накунед. Ба шумо зебанда нест.
Барои ду тангаи пуч шуда, виҷдонатонро паси панҷараи озор набаред.
Аз хондани ин навиштаатон шармам омад.
Аспррант.

Озод
Бовар кунед ин кадар мавзуи бе мантик ва сабук, муаллиф худаш шояд эхсос накарда бошад чи навиштааст ва чи хел фикрашро бесаводона баён кардааст.

Махмадов А. марди донишманд аст ва сохиби чандин китобхо. Танкид кардан осон аст, аммо умре ба Ватан хизмат карданро хар кас наметавонад.
Самар! Ту навиштаи худатро хон, чи мантик дорад. "Бахраманд" шудан аз каб" ин ибораат танкиди хаст ё таърифи?!
Агар ба кадом акидае рози набошед, нависед, ки барои салохияти кор ин тавр кардан лозим нест, на ин ки "нол" карда одамро партоед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)