Бахшҳо

Муҳофизони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ: Мо пул талаб накардем

Милисаҳои муҳофизи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки аз ҷониби рӯзноманигорони қазоқ дар тамаъкорӣ муттаҳам шуданд, зимни бозпурсӣ изҳор доштаанд, ки аз касе пул талаб накардаанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 28-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, кормандони мазкур бо далели вайрон намудани интизоми хидматӣ аз кор ронда шуданд: “Аммо зимни бозпурсӣ онҳо тамаъкорӣ ва талаб кардани пул аз шаҳрвандони Қазоқистонро рад карданд. Айни ҳол шаҳрвандони Қазоқистон, ки ин иддаоро дар миён гузоштаанд, кишвари моро тарк кардаанд ва имкони бозпурсияшон нест. Таҳқиқи ин қазия идома дорад”.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, феълан ду милиса, ки корманди шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ буданд, аз кор озод шуданд: “Инчунин сардорашон танбеҳ гирифт. Корҳои фаҳмондаҳӣ миёни кормандони милиса дар мавриди муносибат бо шаҳрвандон ҷараён дорад”.

Таҳқиқи рафтори милисаҳо тоҷик дар маркази Душанбе баъди навиштаи Бақитҷон Буқарбой, рӯзноманигори қазоқ сурат гирифт, ки аз пулталабии милисаҳои назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ шикоят кард. Ӯ амали кормандони милисаро, ки бо баҳонаи “имрӯз мавлуд дорам”, пул талаб кардаанд, ба “гадоӣ”-и ҷугиҳо монанд кардааст. Буқарбой навиштааст талабандагии кормандони милиса дар майдони марказии шаҳри Душанбе ӯ ва ҳамроҳонашро дар ҳолати “шок” гузоштааст.

Зери навиштаи Буқарбой дар саҳифааш тули се рӯз бештар аз 400 нафар лайк гузошта, 241 шарҳ навиштаанд. Бархе аз шарҳнависон навиштаи муаллифро тасдиқ карда, рафтори милисаро шармовар хондаанд. Иддаи дигари корбарон гуфтаанд, журналисти қазоқ муболиға карда, бо ғарази шахсӣ матлабро навиштааст.


Муҳофизони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ: Мо пул талаб накардем

Муҳофизони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ: Мо пул талаб накардем

Муҳофизони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ: Мо пул талаб накардем
Мӯҳр
Хеч Муболига накардааст журналисти Казок хакикатро навиштааст.

Буқарчаон
аз мо ку металабанд аз онҳо даст бар чайби меҳмон зада гирифта рафтан мегирад ҳичӣ гуфта наметавонем

Мирзо
Як бори дигар дар бораи милисахои назди Хайкали Сомони дар сомонахои Аврупо низ барои пулталабишон макола чоп шуда буд, аммо касе ахамият надод. Тахминан солхои 2011-2013 буд. Бо сардори хамун милисахо шашмаком хонда будааст барои Аврупоихо... Зиндаги оинаро мухточи хокистар кунад...

мехмон
Бакарбой дар ,, шок'' намон! ГАИ ва милисахои шумо мачбур кисахоро холи мекунанд.

Барои порагири факат аз кор бартараф мекунанд тамом ,е як-ду сол паси панчара мешинонанд?

Ин рузноманигор рост мегуяд
Ман худ бо ду мехмони хоричи рафтам ба пеши сомони яке аз он посбонон ба мехмон гуфт аз пулхои мииатон бошад барои хотира медодед аммо мехмон ханда карда гуфт ки на надорам...

Илхом
Об аз боло лой аст.

Sughdi
Man purra bo in jurnalist rozi hastam
Mo yak guruh az viloyati Sughd ba tamoshoi ba nom poytakht omadem namedonam chand chizro bahonavu sabab kardandu az 200 somoni savdokunon ba 95 somoni farovardem..... Astagfurilloh nakhod milisai poytakht boz joi asosii mehmononi poytakht hast chunin besharmu besavod boshad.
Dili moro az Dushanbe khunuk kard !

мо
Агар муболигахам карда бошад дуруст кардааст. Дарвокеъ рафтору кирдори окрмандони милисаи мо ба бозбинии ниёз пайдо кардааст. Корашон шантажу пулталби. Ин иллат, ки дар назди Мучвссамаи Шох Исмоили Сомони сурат гирифтааст цатрае аз бахр аст.

Ман ҳам шоҳиди як воқеъае дар истоҳи (пости) даромадгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шурообод) шудаам. Дар дохили мошини мусофиркаш дар қатори дигар мусофирон, як хориҷие низ азми сафари Бадахшон дошт. Дар истгоҳ кормандони милиса аз хориҷӣ боисрор пул талаб мекарданд, ӯ бошад мегуфт агар ҳуҷҷатҳои ман дуруст бошанд барои чӣ ман пул медодаам. Пас аз нимсоати кашмакаш хориҷӣ миқдори пуле доду милисаҳо иҷозати сафар доданд. Хориҷӣ шигифтзада буду мо шаҳрвандони кишвар бошад, хиҷолатзада. Ман бошам то ин истгоҳ ба хориҷӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон боифтихор нақл мекардам. Пас аз он ғайр аз узр пурсидан дигар маҷоли сухане надоштам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)