Кӯлоб: Президент кору зиндагии қонуниро омили оромӣ гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 3-юми октябр сафари кориашро ба минтақаи Кӯлоб аз ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, дар деҳаи Чашмасор мактаби арзишаш 20 миллион сомониро барои 624 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Қасри фарҳанг, майдони варзишӣ барои 7000 ҷойи нишаст ва иншооти дигарро ба истифода дод, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 40 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи мактаби нав гуфт, ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд. Ӯ сулҳу оромии феълии Тоҷикистонро натиҷаи талошҳои халқ хонд: “Хушбахтона, бо майлу ирода ва саъйу кӯшиши халқи азизамон мо ба ин неъмати бебаҳо насиб гардидаем ва имрӯз шукр мекунем, ки мардуми шарафмандамон ваҳдату ягонагиро омили муҳимтарини суботу пешрафти кишвар шуморида, барои ҳимояву бақои давлатдории миллии худ ва тақвияти иқтидори он содиқона заҳмат мекашанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба ҳозирин афзудааст, “ҳар як фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус устодону омӯзгоронро зарур аст, ки қадру қимат ва аҳаммияти истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин муқаддасоти Ватанро ба шогирдони худ дуруст шарҳ диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ тарбия намоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки “риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва умуман, дар доираи қонун кору зиндагӣ кардан омили муҳимми таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа буда, аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ҳар як шаҳрванд, хусусан, наврасону ҷавонон ба шумор меравад”.
Ӯ инчунин дастур додааст, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ робитаи худро бо оила боз ҳам мустаҳкам созанд ва бо ҳамин роҳ ҷиҳати коҳиш додани ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон кӯшиш намоянд: "Бовар дорам, ки наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод, аз ҷумла шогирдони мактаби зебои имрӯза бо шукргузорӣ аз фазои орому ободи Ватан ва шароити муҳайёсохтаи давлату Ҳукумат дар самти омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунари ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ азму талоши дучанд меварзанд ва дар оянда барои пешрафти кишварамон ҳамчун ватандӯстони воқеӣ ва созандагони асил саҳми муносиб мегузоранд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |