Бахшҳо
11 окт 2016 14:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Қарори Убайдуллоев алайҳи сабукӣ ба тоҷирону ширкатҳои “эрка”

Дар пасманзари иддао, ки мақомоти давлатӣ бештар имтиёзу сабукиҳоро ба соҳибкору ширкатҳои ба истиллоҳ “эрка” медиҳанду фазои рақобати солимро халалдор мекунанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе қарор кардааст, ки минбаъд имтиёзу бартарӣ бидуни хулосаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ироа нагардад.

Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев қарор кардааст, бо мақсади тақвияти рақобати солим ва таъмини шароити баробар барои ҳама ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии пешниҳодкунандаи молу маҳсулот дар асоси хулосаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дода шавад.

Убайдуллоев раисони ноҳияҳои пойтахт, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳриро муваззаф намудааст, ки зимни қабули қарор бобати ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидорӣ ҷудо ва тақсим намудани маблағ аз буҷети маҳаллӣ, захираҳо, фароҳам овардани имтиёзҳои инфиродӣ ва бартарият хулосаи мусбати Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ба инобат гиранд: “Сохторҳои марбутаи давлатии соҳаҳои гумрук, андоз, молияи шаҳри Душанбе бобати аз ҷониби сохтори хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян намудани нуфузи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бозори мол ва ҳиссаи субъектҳои хоҷагидор, ки ба онҳо расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ мегардад, барои пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ ба сохтори хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд”.

Раиси Душанбе назорати иҷрои қарори мазкурро ба уҳдаи муовинаш Мақсудзода Ш. Гузоштааст.
Мӯҳр
Корафтода
Ба чои осон кардани кор якбора хамаро мушкил кардестаен, раиси муҳтарам.
Хамаи ин чашмгуруснахо "доля" меган. Магар намедонен?

Шахрдори бо ин карор эътироф кард, ки мо ширкатхои "эрка" хам дорем)))))

Сохибкоо
Значит бо барои ягон чиз пулчамькуни мебиеян...

сафар
аввал ку хамон тендерхоро назорати сахт кунед ки хаммааш дар хамончо мафиябози аст!

Раиси шахр ба чои осон кардани фаъолияти ширкатхою сохибкорони махали ва бовичдон, кори онхоро боз вазнин карду ва боз барои зиндагии баъзе шахсони масъул шароити хубе фарохам овард. Акнун антимонопольный служба дар тендеру корхои комиссия низ доляба куш мешавад. Боз ретенги ширкату сохибкорони эрка боло меравад. Бародарон хар коре накунед дар Точикистон барои мутахасису ширкатхои махали, нон нест. Боз кам буд ин кадар "доля"- гирон инхоро хамрох карданд......

Салом ба хама Салом ба Райси шахри Душанбе интизоми хат сайри раками № 28 ба тартиб дароред бовар кунед рузхои бе истирохати конун вайронкуни бисёр мешавад рахмати калон иллтимос чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)