Бахшҳо

Сипоси Мирзиёев ба дипломати тоҷик: Ҳамкорӣ мекунем...

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон, ба Рашид Олимов, дипломати тоҷик, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои назорату баҳогузории интихоботи президентӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

Тибқи иттилои котиботи СҲШ мулоқоти Мирзиёев бо Рашид Олимов баъди эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ 5-уми декабр сурат гирифт. Олимов интихоботи президентии ахири Узбакистонро қадами ҷиддӣ барои рушди демократия хонда, барои Мирзиёев муваффақият таманно кардааст.

Мирзиёев ва Олимов созиш кардаанд, ки дар доираи СҲШ ҳамкориҳоро густариш хоҳанд дод.

Рашид Олимов ахиран интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистонро шаффоф, озод ва демократӣ унвон кард.

Ин дипломати тоҷик, ки дар садри ҳайати СҲШ интихоботро назорат кардааст, дар суҳбат ба хабаргузории “ТАСС” гуфт, интихобот дар асоси қонунгузории Узбакистон ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардида, ҳолатҳои нақзи қонунгузорӣ, ки натиҷаҳоро зери суол барад ба қайд гирифта нашудаанд. Раиси СҲШ гуфтааст, баъзе камбудиҳое ҷузъӣ ошкор гардиданд, ки ба натиҷаи интихобот наметавонанд таъсире дошта бошанд.

Рашид Олимов дар посух ба суол дар мавриди шароити мусоид барои нерӯҳои гуногуни сиёсӣ гуфтааст: “Барои иштирокчёни ҷараёни раъйдиҳӣ новобаста аз назарҳои сиёсиашон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Барои номзадони мақоми раёсатҷумҳурӣ вақти баробар дар телевизион ҷудо гардид. Вобаста ба ҷойи зисти ақалиятҳои миллӣ маводи тарғиботӣ бо забонҳои узбакӣ, русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ва қароқалпоқӣ паҳн шуданд”.

Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи 4-уми декабр Шавкат Мирзиёевро президенти тозаинтихоби ин кишвар эълон кард.

Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси кумисюни марказии интихоботи Узбакистон эълон кард, ки Мирзиёев 88,61%-и овозҳоро ба даст овардааст: “Ба ҷонибдории Мирзиёев 15 миллиону 906 ҳазору 724 нафар овоз доданд”.
Мӯҳр
Мактабхову забони точики озоду конуни мешавад?

Исмоил
О лофу газоф заден ки Мирзиев чурамонай ва дар Точикистон аз эхтироми калон бархурдор аст вале аз чи сабаб бошад ки президенти ошноятон аллакай дар фармони раками аввалаш бо 27 кишвари дуне визаро бархам доду дар катори ин мамлакатхо Точикистони мо нест
Ин амалро чи тур фахмем. Ман бесаброна нияти зиерати Исмоли Сомониро дар шахри Бухорои шариф дорам. Мо тарафдори дустиву бродари рапикони азиз.

зурай акаи Шавкат бо мо

Табрик акаи Бузург. Бобо Мир-зиё, падар Мир-амон, худаш акнун Мир-шавкат шуд. Бовари хаст, ки авлоди Мирхо ба хамсояхо Шафоат мекунанд...насиб....

Исломшо
акай Исмоил, ҳолӣ ами мардака иқа сахтуш нагирен уҳам дусту душман дора. Мусулмони оста-оста мешава...

Ика мардуми содаю хушомадгуй хастен. О мирзиёева баъзетон ака, баъзетон тагои, баъзетон хато падар ном гирифтестаед. О вай президенти Узбак боша, шумода чи фарк дорад? Точик таи ин чанд сол фели гадоира ба худ касб кардааст. Мирзиёев барои хамсояхо чи икдом мекунад, чи кумак мекунад ва гайра. Бояд шумода хамма кумак кунад? Шумо ва давлататон ба ягон кас кумак кардед? 25-сол дастотон дароз карда гадои карден, кай хамин фели тамаъчуиро мепартоед? Президенти шумо Рахмонов аз у кумак пурсед чи аз Мирзиёев интизоред? Безор карден ба хами гадоитон.

Ӯрунбой
ако Кӯҳистонӣ, қоил када патофтед!..

Ба КУХИСТОНИ!
КАЛ ХАМ ЗАДУ КУР ХАМ ЗАД,ПАСМОНДА КУЛУХ ХАМ ЗАД! КУХИСТОНИЯ ХУДАШ ЧИЮ ГАПАШ ЧИ?

Сироч,
Авалаш, ки ман аз кухистон нестам. Ман кореной душанбеги хастам ва дар инчо псевдонин кухистони мондам. Оё нодуруст куфтам, ки бо умеди худатон шавед чи икдоми хайре аз бегонагон мечуед. Алома Икболи Лохури гуфтааст.
Дар чахон болу пари хеш кушудан омуз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
Аз президенти давлати бегона чи мехохед вакто ки шумо худ далати сохибихтиёру президент ва кониституцияи худро доред. Ин гапхои шумо ба гуши он мардум мерасад ва онхо албата мегуянд, ки мо аз онхо вобаста будему метарсем. Хай як Мирзиёев будааст. Мо чаро бо умеди у бошему умед аз кумакхохии у кунем. У аз мо вобаста аст, чунки об ки манбаи хаёт аст мо ба у медихем.Мо сусиродаем. Украина баъди Крим ба Россия дохил шуд дарёе ки крим об мегирифт баст ва Россия мачбур шуд барои Крим об биёрад. Ана у вобастаи мо хаст, ки бе об 3- руз зиндаги карда наметавонанд....

Кухистони!!
Фаромуш накун: Душанбе мардуми тахчои надорад, ха а мардуми омаданд яке аз Самарканд дигаре аз Бухоро, сеюмин аз Ягнобу Гарму Хатлон. Аз ту барин "КОРЕННОЙ"-и игвогар Худованд бандагонашро дар панохаш нигох дорад!

Бо акидаи Кухистони мувофик хастам. Бале аз фармонравои як мулки хамсоя чизеро интизор шудан ин монанди гапхои бехудаи кади куча аст, монанди оне,ки Русхо аз огои Трамп ичрои ваъдаи пеш аз интихоботиашро интизоранд. Холо асри 21ва мардум чахонбинии дигарро дороянд.мисоли оне,ки хечкас дар баробари президент шуданаш бо нафъи мамлакати хамсоя кор намекунад! Мо бояд бо хамдигарфахми ва якчояги давлатамонро худамон ободу пешрафта гардонем. Ва бояд факат аз худо чизе талаб кунем, на аз дигар огоён!

Муаррих
Ако Кухистони сад дар сад дуруст гуфти Точикистон кишвари кухистони вст ва хамааи халкаш кухистони ба чуз лакайхо ки дар гузашта аз даштхои кипчок ба чарогоххои чвнубии ватанамон куч бастаанд. Аз кухистони будан ифтихор бояд кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)