Бахшҳо

Э.Раҳмон: Ба сармоягузорон кафолат ва 240 сабукӣ медиҳем

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15-уми декабр бо соҳибкорону сармоягузорони Шри-Ланка мулоқот карда, онҳоро барои кор дар кишвари мо даъват намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки қонунҳои кишвар барои сармоягузорон кафолатҳо ва имтиёзҳои зиёдеро муқаррар намудааст: “Аз ҷумла дар доираи Кодекси андоз барои пешрафти соҳибкорӣ беш аз 240 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид доштааст, ки “мо шароити озоди рақобатро, ки ба тиҷорат ва воридоту содироти озоди сармоя, мубодилаи пурраи дохилии асъор мусоидат менамоянд, фароҳам овардаем. Узвияти кишвари мо дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аз мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад”.

Дар мулоқот инчунин аз стратегияи дарозмуҳлати рушди миллӣ зикр шудааст, ки ҳадафи он таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад ва татбиқаш ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад: “Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Шри-Ланка даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаҳои асалпарварӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва алюминийи аввалия, ҳамчунин рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳӣ, ки ба шарикони байналмилалӣ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоваранд, иштирок намоянд”.
Мӯҳр
сохибкор
хами сабукихоро мо сохибкорхои ватани низ интизор

Двр кучо бошанд ин сабукихо, ки бо микроскоп коби дар кодекси андоз намеёби...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)