Бахшҳо

Муҳит: Агар дурусташ бисозем, Тоҷикистон ҳам Амрико мешавад

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Аз сафаре, ки тӯли як моҳи ахир ба Амрико ва Аврупо доштам, ин хулосаро бардоштам: агар мо муваффақ шавем, ки муҳити солим бисозем, метавонем босаъодат зиндагӣ кунем. Вале инҷо суол пеш меояд, ки муҳити солим чист? Оё он чиро, ки то кунун мо офаридаем мешавад муҳити солим гуфт?

Инро то замоне мешавад муҳити солим гуфт, ки агар мо саъодатмандии мардуми дигари дунёро шоҳид нашавем. Муҳити солим муҳите нест, ки мо офаридаем ва мардумро маҷбур мекунем, ки ба қадри он бирасанд, балки муҳити солим фазоест, ки мардум худ ба худ ба эҳтироми он мепардозанд. Вале агар мо барои худу мардуми худ биқабулонем, ки бале, муҳити солим ҳамине ҳаст, ки мо офаридаем, пас дар ин гуна муҳит рушд кардан ва ба саъодат расидан хеле мушкил мебошад. Ё ба гуфти Низомӣ “дар шӯразамин суман нарӯяд”...

Пешопеш мегӯям, ки тавсифҳоерое, ки дар ин матлаб аз Амрико ва Аврупо мекунам, дӯстон ба маънои моту маҳбут шудан аз дидаҳо дар ин ду қора напиндоранд, ҳарчанд, ки намешавад моту маҳбут нашавӣ. Он чи ин ҳукуматҳо ва ин мардум барои худ сохтаанд ва эҷод кардаанд боис шудааст, ки онҳо дар саъодат ва қаноатмандӣ ба сар бибаранд. Шояд баъзе руфақо ин айбро аз мо ҳам бигиранд, ки “каме шроити хубтареро дид, ба накӯҳиши Ватан пардохт”. Ҳоло замони ватандӯстист, вале замони ватандӯстии дуруғин нест. То замоне Ватанро обод накунем ватандӯстии мо собит намешавад. Ақли салим наметавонад ба ин бовар кунад, ки чӣ гуна қисме аз мардуми сайёра ҳуқуқ ва имкон доранд, ки хушбахт ва босаъодат зиндагӣ кунанд, вале қисми дигар ин ҳақ ва ин имконро надошта бошанд.

Сафардидаву сафаргуфтаҳоро аз ин ду қора дар фурсатҳои муносиб хоҳам навишт, вале инҷо сари он меандешам, ки чӣ гуна ин мардум тавонистанд, ки аз мо зиндагии хубтаре дошта бошанд?!

Аз назари ман саъодати мардуми ин ду қора бар пояи каромати инсонӣ бунёд шудааст ва дар ин сарзаминҳо инсон мадюни инсон аст ва ба ҳеч раису ҳукумату президенту доҳие вобаста нест. Дар ин ду қора шаҳрванд меҳвари давлат, ҷомеа ва ҳукуматро ташкил медиҳад. Баҳси шахсият ва шахсиятсозӣ ва ё марбут донистани ҳаёту мамоти як ҷомеа аз шахсиятҳои алоҳида дар ин гуна ҷомеаҳо аслан муҳим нест ва заминае барои муҳим шудан надорад. Институти шаҳрвандӣ дар ин гуна ҷомеаҳо нақшеро иҷро мекунад, ки дар мо мехоҳанд ҳамин нақшро шахсиятҳо иҷро кунанд ва барои ҳамин шахсиятсозӣ мекунем. Ҳоло он ки таҷрибаи солҳои ахир нишон медиҳад, ки шахсиятҳои сохташуда қодир нестанд ҳамин нақшро ба иҷро бирасонанд.

Ҳар вақте дар бораи ИМА меандишадам суханони назарияпардози маъруфи амрикоӣ Збигнев Бжезинский ба зеҳнам меомад: “Амрико дар муносибат бо хориҷ бадатрин кишвар аст, вале дар муносибат бо шаҳрвандони худ демократитарин кишвари дунёст”. Ин гуфтаро замоне, ки худ ба ин кишвар омадам эҳсос кардам ва дидам. Аз назари ман он чи ки Амрикоро муҳташаму муҳтарам карда ин аст, ки дар ин кишвар аз сағир то кабири ҳама ғуломи қонунанд. Ҳокимияти қонун муҳити ин кишварро солим кардааст. Ба хотири ҳеч аҳаде дар ин кишвар қонун ба масхара ва мазҳака кашонда намешавад. Қонун ба унвони муқаддасоти иҷтимоӣ бунмояи саъодати амрикоиро ташкил кардааст. Ман фикр мекунам, агар мо ба дардҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеаии худ дармон кардан хоҳем, бояд, ки ҳокимияти қонунро эътироф кунем. Дар ҳар кишваре, ки қонун ба хотири манофеи ҳукумати иҷроия ва ё сиёсатгарону нафарони муттанафиз дар ҷомеа ба бозича табдил мешавад, умеди шукуфоиву саъодат кардан, тақрибан ғайримантиқист.

Муҳити солим, ки такя бар каромати инсонӣ, шаҳрвандмеҳаварӣ, ҳокимияти қонун, баробарии тамоми қишрҳо ва озодиҳои сиёсии инсон дорад, ҷомеаи амрикоиро ба гунае сохта, ки имрӯз, тақрибан ҳар сокини сайёра орзу дорад, то дар ИМА зиндагӣ кунад. Муҳити солим ва дигар арзишҳои ахлоқӣ, ки дар ИМА қадр доранд ва эҳтиром мешаванд, имкон додааст, то меъёрҳои ахлоқ дар танзими иҷтимоъ ва ҳатто сиёсат саҳим бошанд.

Як дӯсти тоҷики мо дар иёлати Флорида ҳарфи аҷибе зад. Гуфт, ки муҳити инҷо инсонро маҷбур мекунад, ки дурӯғ нагӯяд ва давом дод: “Соли гузашта фарзандор шудем. Дар зойишгоҳ аз мо пурсиданд, ки агар даромади моҳонаи шумо дар моҳ аз 3 ҳазор дуллор камтар бошад, шумо ба қисми мардуме ворид мешавед, ки аз синфи миёна поинтар ҳастед ва давлат баъзе ниёзмандиҳои тифли шуморо ба уҳда мегирад ва барои ин ҳар моҳ то 600 дуллор медиҳад. Вале чун ман медидам, ки дар ин кишвар мардум камтар дурӯғ мегӯянд, моро ҳам ҳамин муҳит маҷбур карда, ки бигӯям, ки не мо аз 3 ҳазор дуллор бештар даромад дорем”.

Дӯсти мо гуфт, ки агар ман мегуфтам, ки даромадам аз се ҳазор камтар ҳаст, онҳо бидуни ҳеч тафтише ба ман ёрдампулӣ медоданд, вале муҳит нагузошт, ки мо дурӯғ бигӯйем. Ва алабатта муҳити солим ҳамонест, ки онҷо мардум (шаҳрвандон) аз дурӯғ гуфтан бишарманд. Вале мо хуб дар хотир дорем, ки баъзе мансабдорони раддаи аввали мо бо вуҷуди дар инҳисори худ қарор додани дороиҳои ниҳодҳояшон, боз барои худ ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақапулӣ)-и ҳангуфтеро бардурӯғ дуруст карда буданд.

Эътимод асоси шукуфоии ин ду қора шудааст ва ҳамин эътимод имкон додааст, ки ин ду қора дар ҷаҳон ҳарфи аввалро бизананд. Албата носолимиҳо ва буҳронҳои фарогири иҷтимоиву равоние ҳам ин гуна ҷомеаҳоро дорад бесубот мекунад, вале асли масъала ин ҷост, ки инсон дар ин гуна ҷомеаҳо босаъодат аст ва агар ҷавҳаре дар ниҳодаш дорад, имкон доранд онро амалӣ кунад ва шахсият шавад. Дар мо мифҳои гуногуни иҷтимоиву равонӣ ва сиёсие сохтаанд, ки ҷомеаҳои мо аз ҷомеаҳои ғарбӣ фарқ мекунанд ва роҳҳоеро, ки онҳо барои ба саъодат ва шукуфоӣ расидан паймудаанд, мо наметавонем бипаймоем. Ин ки ҷомеаҳои мо фарқ доранд, гапи бебаҳст аст, вале ин ки мо роҳҳои паймудаи онҳоро наметавонем бипаймоем, миф аст. Устураест, ки барои идора кардани равони мо сохта шудааст. Чаро дар ИМА ҳамагӣ бо 400-500 соли торих мешудааст қонунро риоя карду дар мо бо андҳазорсола торих не?! Кадом тафовути иҷтимоӣ, миллӣ ва ё динии мо намегузорад, ки мо ҳокимияти қонунро эътироф кунем? Ҷавобаш чист?...
Барои ҳамин решаи шукуфоӣ ва саъодати мо дар муҳитсозии солим аст. Ва барои ҳамин бояд талош кард.

Албатта ҷомеаҳои амрикоиву аврупоӣ ҷомеаҳои идеоливу ормонӣ нестанд, вале дар ҳоли ҳозир беҳтарин фазо ва макон барои зиндагӣ мебошанд. Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳам ҳақ дорем дар ҳамин гуна ҷомеа ба сар бибарем.
Мӯҳр
к
Гап хам сари хамин аст, ки баъзехо мухити солимро намехоханд. Онхо намехоханд, ки волоияти конун бошад, порахури набошад. Онхо мехоханд як умр бе ягон масъуляит ва чавобгари чарида гарданд.

Ба Иршод
Нав чашмотон боз мешавад рафтан гиред аз нимчазираи Арабистон андешаатонро дуртар баред камтар аклатон медарояд. бас акнун чорта араба идеали худ карор додан!!!

Акаи Иршод офарин. Нагз. мешавад. Ба соволхои мондаатон аз Паёми 2017 чавоб меёбед...........танхо вакт лозимай Ака......Парвардигори ду олам хам, охиста-охиста гуфтааст. Аз осмон намерезад мехнат бояд кард..... Токат лозим....

бе ном
намешавад мохам мисли онхо зиндаги кунем мешавад насиб баьди 2030 сол агар намрем боз ягон гап мешудагист

Бисер дуруст кайд кардед. Чи кадар идеяхо хасту, лекин шахсони " Хасаки " ба вазифахо таъин мешаванд, ки интернетро хатто " бомба" мефахманд.

Дидор
Акнун шарти Госдеп баъди сафар хамин - навиштани маколаи таърифи рочеъ ба ИМА.

Мусо пахлавон. ...
Бародари азиз иршод, мухити солим сохтан хело мушкил аст. Аз кремль намемонанд.
Як тоифа чавонмардони баору номуси миллат солхои навад хестанд ки мухити солим созанд аммо кремль -Россия бо дасти ду авбош чунон саркубашон кард ки, баъзехоша захр дода баъзехоша ошкоро кушт, зиндонии абади кард, баъзехош базур халос карда то Европа гурехтанд.....
Так что шугронаи тенчи вас шукри истиклоли ватан карда гаштан гир. ....
Чи хеле ки хукумат бар зидди салафихо мубориза бурд, агар зидди коррупция хам хамин хел мубориза барад мухит солим мешаду олам гулистон

Беном
Намешавад, чунки мухити мардуми мо дигар аст. Мо конунро вайрон намуда бо пора ё ин ки бо шиносбозиву тагобози аз чазо халос мешевем. Менталитети мардкми мо вайрон шудааст. Орзу хам накунед дар ин бора. Мо мардуми зулмпараст хастем ап мемонем. к,

Точик
эхтироми конун дар чомиъа хамон вакт ба вучуд меояд ки конунхоро афроди дар натичаи интихоботи озоду шаффоф интихобшуда кабул намоянд. Дар гайри ин, хеч вакт мардум конунхоро эхтиром намекунанд. Аз тарс шояд эхтиром мекунем мегуянд, вале аз боло то поен хама чени имкониятхояшон конунро вайрон мекунанд. Чиновник хамон вакт хидмати мардумро мекунад ки аз интихоби мардум вобаста бошад!!!

Точик
саъодат не, саодат, алабатта не, албатта,

Боймуродиха
Шумо менависед,ки "чӣ гуна ин мардум тавонистанд, ки аз мо зиндагии хубтаре дошта бошанд?!" Чунки ин давлатхо чанги шахрвандиро надидаанд.Чунки давлатхои дигарро чанг андохта манфиати худашонро пеш мебаранд.Шумо майнаи мардумро гич накунед .Урфу одату фархангу менталитети амрикоихо дигар аст,аз мо дигар.Дар Амрико мардуми тагчойи намондааст.Хама 200-300 сол пеш аз хар давлатхои дигар омада ,мардуми тагчоиро нобуд карда Амрикоро ватан гирифтаанд.Мо тамаддуни хазорсолахо дорем.Дар ончо мухити солим не,балкиФанатизми демократи мебошад,ки ба дигар корхо оварда мерасонанд(ба монанди никохи хамчинси),ки мо кабул надорем.

Боймуродиха,
Чанги шахрвандиро шумо дигар сар намедихед.Як бародар макола нависад дар як лахза чоплусиро сар мекунед. Дуруст мегуяд гапои ин бародар .Дар Амрико на пешво доранд на асосгузор ,зиндаги ором доранд.

акаи иршод шумо намедонед ки бехтарин давлат точикистон аст. дар хорича шуморо мебаранду факат чизхои нагзро нишон медиханд то шумо мафтуни давлати онхо шавед

Иршоди гиромӣ, мавзӯъро дуруст баррасӣ кардед. Вале устод Лоиқ мегӯяд:
...Агар мо метавонистем “агар”-ро
аз забон хориҷ кунему бе “агар”
Ин орзуҳоро ба ҷо орем,
Ҷаҳони мо ҷаҳони созгоре буд,
Ҳамеша пурбаҳоре буду зебо рӯзгоре буд...

чамолидин
Иршод рахмат! анализи дуруст - лекин магзи точикон ба риояи конун дуруст намеояд... хама дар фикри фиребу найранг астанд - хама бини мехалонанд ба кори якдигар... хама бадбину бахил астанду хеч вакт равнаки дигаронро намехоханд...
дар амрикову авропу мардум ахлоти сагро мебардоранд чунки конун талаб мекунад инро - дар душанбе дохили подезду подвалхо аз туалет бадтар аст...
факат ин мисол бас аст ки фахманд хама фарк аз кучост то ба кучо...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)