Бахшҳо

Озодиҳои динӣ: Мушовири Трамп хост, ИМА ба Тоҷикистон фишор биёрад

Комиссиюни байналмилалии озодии динии Амрико “USCIRF” дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро ба рӯйхати сиёҳи “кишварҳои махсус нигаронкунанда” ворид кардааст.

USCIRF дар гузориши ҷадиди худ, ки рӯзи 26 апрел нашр гардидааст, гуфтааст, дар Тоҷикистон фишорҳо болои фаъолиятҳои динӣ пурзур гашта, рейдҳои оммавӣ баргузор мешавад ва баъзе афрод ба хотири эътиқоду боварии динияшон зиндонӣ мешавад.

Гузоришгарон басташавии масҷидҳоро дар Тоҷикистон зикр карда, манъи масҷидравии шаҳрвандони зери 18-соларо ёдрас кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо назир надорад.

Бар асоси омори ин ниҳод 7.9 миллион аҳолии Тоҷикистон мусулмон буда, бештарашон пайрави мазҳаби Ҳанафия мебошанд. Комиссияи мазкур 4 дарсади мардуми Тоҷикистонро пайрави мазҳаби Исмоилия гуфтааст. Ба иттилои манбаъ 150 ҳазор насронии Тоҷикистон пайрави ортодокси русӣ буда, протестант ва католикҳои романӣ ҳам дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд: “Илова бар ин дар Тоҷикистон теъдоди ками баҳоиҳо, Ҳаре Кришна, Шоҳидони Яҳво ва камтар аз 300 яҳудӣ зиндагӣ мекунанд”.

Муаллифони гузориш бо ишора ба муҳити қонунии Тоҷикистон гуфтаанд, ки он аз соли 2009 озодиҳои диниро маҳдуд кардааст: “Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон аз соли 2009 барои гуруҳҳои динӣ маҳдудиятҳои бузург пеш омадааст. Фаъолиятҳои сабтиномнашуда, таълими динии шахсони алоҳида ва таблиғи диниро ҷурм меҳисобад. Теъдоди масҷидҳоро маҳдуд кардааст. Дахолати давлатро дар таъини имомхатибон иҷозат медиҳад. Барои ташкилотҳои динӣ иҷозатномаи махсус лозим аст. Мазмуни маводҳои динӣ, нашр ва ворид кардани онҳо зери назорати давлат аст".

Комиссиюни байналмилалии озодии динӣ, ки расман мақоми машваратии раисиҷумҳури Амрикоро дорад, тавсия додааст, ки ҳукумати ИМА бояд, “ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биёрад то қонуни соли 2009 ва дигар қонунҳои марбутро ба тааҳуддоти байналмилалӣ мутобиқ кунад. Бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус дар мавриди мубориза бо терроризм, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, кор кунад. Аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунад, ки ворид шудани гузоришгарони СММ дар мавриди озодии диниро иҷозат диҳад. Барои сафорати Амрико шароит фароҳам кунад то парвандаҳои додгоҳии нафаронеро, ки бо фаъолиятҳои динӣ айбдор шудаанд, пайгирӣ кунад”.

Ин комиссия дар қатори Тоҷикистон Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Узбакистон, Туркманистон пешниҳод кардааст, ки имсол Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Нигерия, Покистон, Русия, Сурия ва Ветнам низ ба рӯйхати кишварҳои махсус нигаронкунанда ворид карда шаванд.

Гузоришгарон аз 12 кишвари дигар-Туркия, Озарбойҷон, Куба, Ҳиндустон, Миср, Ироқ, Қазоқистон, Афғонистон, Лаос ва Малайзия зикр кардаанд, ки дар онҳо низ озодиҳои динӣ нақз мешаванд. Ин комиссия, ки соли 1998 бо қарори Конгрес ташкил шуд, ҳамасола барои раисиҷумҳури Амрико, Вазорати умури хориҷӣ ва парлумони ин кишвар тавсияҳо таҳия мекунад ва расман мақоми мушовириро дорад.
Мӯҳр
СРМАД
Кори Комиссиюни байналмилалии озодии динии Амрико “USCIRF” чи бошад ба Точикистон. Рафта хамон кору бори бесарунуги Амрикоро санчида ба Президент хисобот дихад. Хама дар Точикистон тинчу озоданд ва пай кору бори худ карор доранд. Трамп номаъкул кардааст, хеч фишор пишор наметавонад дода.... Раисиҷумҳури Амрикоро машварат дода гардад, то гуфтору рафторашро хуб кунад, чи кор длрад ба дину озодии мо, Ё ТАВБА.....

еее срмад ин аз руи бесаводии хдтай .кчо озодай дин? махдудиято зиёдан хай шкр тинчиай неки масалаи дин да безебай вазъият ...агар хаму Америка ёрдам натия толибон кайхо зада медаромадан ...ношкри накн а сиёсат хабар надори хап кн ...вахте ки фоидат ма миллат намерасад раха кшо мон дигаро обод кнанш ...

мушохидакор
бовар дорам баъзе нимчамуллохои ифротии мо барои расидан ба манфиатхои гаразонаи худ аз ин ташкилоти гайриисломии хоричи, ки хукукхои мусулмонхои Сурия, Ирок, Либия, Миср ... бисёр "мухофизат" кард ва мехохад навбати мо шавад, пуштибони мекунанд.

лтттдтмс
Бародари азиз рост гуфти кори Амрико ба як давлати мустакил чи аст агар озодии дини дар амрико бошад чаро зан ба зан нею мард ба мард хамхоба мешаванд ва дигар мушкилоти дигар танхо мехохан чахонро ба фиску фучур кашанд..........................................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)