Баъди суқути Шӯравӣ: Теъдоди русзабонҳо дар дунё 50 миллион камтар шудааст
Давоми 25 соли ахир дар дунё теъдоди одамоне ки забони русиро медонанд, 50 миллион нафар коҳиш ёфтааст. Ин нуктаро Вячеслав Никонов, раиси кумитаи маориф ва илми Думаи давлатии Русия изҳор доштааст.
Ӯ дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ин тамоюл идома дорад: "Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама русзабон буданд. Насли калонсол ҳамагӣ бо русӣ ҳарф мезаданд. Дар ин 25 сол насли ҷавон рӯи кор омад, ки на ҳамааш бо русӣ суҳбат мекунанд".
Ба таъкиди Никонов, дар бештари мактабҳои кишварҳои пасошӯравӣ, ба вижа дар Аврупои Шарқӣ омӯзиши забони русӣ ҳатмӣ буд, ҳоло тақрибан дар ҳеч куҷо чунин нест.
Ба гуфтаи вакили Думаи Русия, то суқути Шӯравӣ теъдоди одамоне ки бо русӣ ҳарф мезаданд, ба 350 миллион мерасид, Ҳоло ин рақам камтар аз 300 миллион аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |