Бахшҳо
02 окт 2017 11:11Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

(ВИДЕО) Вазир: Ҷазои саркашҳо аз пардохти алимент ҷиноӣ мешавад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми октябр тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул кард, ки бар асоси он алайҳи саркашҳо аз пардохти алимент парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, аслан ҳадаф аз тағйирот мутобиқсозии Кодекси ҷиноӣ ба Конститутсия мебошад.

Ӯ афзуд, инчунин ба моддаҳои 177 ва 178-и Кодекси ҷиноӣ иловаҳо ворид шудаанд, ки бар асоси он алайҳи ашхосе, ки барқасдона ба муҳлати беш аз се моҳ аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад: “Барои нафароне, ки қасдан аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, ҷавобгарӣ дар қисми якум бетағйир мондагӣ, дар он ҷо ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва то 2 сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст, қисми дуюме, ки пешниҳод кардем, агар такроран содир гардад, то се сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст”.

Вазири адлия шарҳ дод, ки тағйиру иловаҳо ба хотири ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи Рустами Шоҳмурод айни ҳол 65 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки алимент пардохт накардаанд ва миёнашон афроде низ ҳастанд, ки барқасдона саркашӣ мекунанд.

Вазири адлия таъкид намуд, ки солҳои охир қарздорӣ аз ҳисоби алимент зиёд шудааст ва тағйироти мазкур барои ҳалли ин мушкил мусоидат хоҳанд кард.

Мӯҳр
Баъд ин хазорхо мардхо, ки аз сабаби надоштани даромади пули алимент дода наметавонанд, доги суди гиранд, чи мешавад¿

Салом ба озодагон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки нисбати занҳое, ки нисбати шавхаронашон хиёнат мекунанд ягон қонун бароранд ки вақте ки падар хоҳад кудакҳора аз модар гирад.

беном
Икдоми хеле хуб,шояд баъд аз ин тагийру иловахо хонавайронй камтар гардад,ки тифли бегунох дар ин мобайн азоб накашад. Баъд аз оила барпо кардан андешаи зиндагии солимро бояд кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)