Гуфта мешавад, бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, соли 2007 лоиҳаи «Низоми маблағгузории молиявии ҷумҳурии Тоҷикистон» (ТАФФ) ба маблағи 22,5 млн. доллари амрикоӣ амалӣ гардида, барои рушди соҳаи пахтакорӣ дар ноҳияи Ёвон лоиҳаи «Беҳтарин ташаббусҳои хоҷагиҳои пахтакор» дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ гардид.
Сафири ИА Эдуард Ауэр, ҳамкориҳои дуҷонибаро бо вазорати кишоварзии Тоҷикистон мусбӣ арзёбӣ карда гуфт, дар оянда тибқи лоиҳаҳо , аз ҷумла «Барномаи расонидани кӯмакҳои молиявӣ ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ТАFF-II) бо татбиқи лоиҳаи дуюм тавассути Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ маблағгузории Байналмиллалӣ (МФК)-«Лоиҳаи рушди маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани соҳибкории миёна дар Тоҷикистон» (TAFBEP), баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ маблағгузорӣ карда мешавад.Айни замон дар ҷумҳурӣ лоиҳаи ТАFF-II бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна ва таъмини ҷойи кор бо додани қарзҳои хурду миёна тавассути «Агроинвестбонк», «Бонки Эсхата», «Амонатбонк», ташкилотҳои қарзии хурди «Ҳумо», «Арванд» ва амсоли инҳо фаъолият дорад.
{jathumbnail off}
Мӯҳр« Март 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |